logo

иқтисод

ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. ЧАРО АЗ ХУНУКНАЗАРӢ ҶИЛАВГИРӢ НАМЕКУНЕМ?!

Қариб даҳ сол инҷониб дар кишвар Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ амалӣ мегардад. То марҳилаи охирини татбиқи он ҳамагӣ як сол боқӣ монда бошад ҳам, мутаассифона, то ҳанӯз ҳукумати электронӣ ба дараҷаи зарурӣ ҷойгузини ҳукумати анъанавӣ (ҳуҷҷатгузории коғазӣ) нашудааст. Афзалияти яқини ҳукумати электрониро таҷрибаи ҷаҳонӣ кайҳо собит сохтааст, аммо сабаб чист, ки хизматчиёни давлатии мо аз кор бо коғаз дил канда наметавонанд?

Афзалияти зинаи аввали фазои рақамӣ
Мувофиқи пешгӯии олимон, дар 15 соли оянда технологияҳои рақамӣ ба омилҳои асосии рушди иқтисодӣ табдил меёбанд. Дар ин росто, зинаи нахустини фазои рақамӣ ҳукумати электронӣ - шакли нави идорасозии давлат мебошад. Ин мафҳум охирҳои асри XX бо густариш ёфтани интернет пайдо гашт. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки татбиқи ҳукумати электронӣ дастрасии шаҳрвандонро ба ниҳодҳои давлатӣ, бизнес – сохторҳо ва дигар хизматрасониҳо бидуни алоқаи бевосита таъмин менамояд. Он хароҷотро каму ҳамкории мутақобилаи давлатро бо шаҳрвандон ва бахши хусусӣ содаю осон мегардонад. Дигар бартарии муҳими он фароҳам омадани шароити бесобиқаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд мебошад. Хуллас, хизматрасониҳо, хосса аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ба субъектҳо ва шаҳрвандон, дар фурсати кӯтоҳ бо нархи арзону сифати воло манзур мегарданд. Яке аз сутунҳои асосии ҳукумати электронӣ шаффофият хоҳад шуд, ки ҳуҷҷатгузории бидуни коғазро рӯйи кор оварда, теша ба решаи фасодкорӣ мезанад. 

48 вазорату идора ба ҳам пайваст гардид, аммо...
Дар ҷумҳурӣ барои гузаштан ба ҳукумати электронӣ тадбирҳои зарурӣ рӯйи кор омадаанд. Як қатор барномаю ҳуҷҷатҳои муҳим низ қабул гардиданд. Ҳоло Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ барои солҳои 2012 – 2020 ва Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020 амалӣ шуда истодаанд. Ба гуфтаи  Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа, то ин замон шабакаи корпоративии вазорату идораҳо ташкил ёфта, 48 вазорату идора бо ҳам пайваст гардид ва ин кор идома дорад. Инчунин, байни ин сохторҳо барои истифода аз интернети босуръат дар чанд марҳила 53 километр хатҳои нахӣ – нурӣ кашида шуд. ҶСК “Тоҷиктелеком” низ дар қаламрави ҷумҳурӣ шабакаи нурию нахӣ кашида, Тоҷикистонро бо Афғонистону Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин пайваст. Гузашта аз ин, баҳри маълумоти бештар доштан ва истифода намудани ҳукумати электронӣ дар қаламрави кишвар барои аҳолӣ ташкили курсҳои ройгони омӯзиши корбарӣ бо компютер ва хизматрасонии интернет дар назар аст. Аммо чуноне таҳлилгарон иброз медоранд, механизми ташаккули ҳукумати электронӣ дар мамлакат ҳоло ҳам номукаммал мебошад.

Мақомоти маҳаллӣ сервер надоранд...
- Гарчанде ҳукумати электронӣ дар низоми иҷозатномадиҳӣ, андозбандӣ эъломияи андозӣ, ҳуҷҷатгузории электронӣ, ташкилу гузарондани имтиҳонҳои марказондашудаи дохилшавӣ, тиҷорати электронии баъзе молу хизматрасонӣ роҳандозӣ гардидааст ва як қатор вазифаву ҳадафҳое, ки дар Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ  пешбинӣ шуда буданд, то кунун ҳалли худро наёфтаанд, - мегӯянд коршиносон. Байни вазорату идораҳо хатҳои нурию нахӣ кашида шудаанд, аммо то ҳол додугирифти маълумоту иттилоот, асосан, аз тариқи почтаи электронӣ сурат мегирад. Зеро махзани ягонаи иттилоотӣ ташкил нашудааст, то аз он дар зарурат истифода бурда шавад. Гузашта аз ин, мақомоти маҳаллӣ то ҳол серверашонро ташкилу ба портали миллӣ пайваст накардаанд.
Ба андешаи ходими пешбари Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Муаззам Холматов, сарфи назар аз корҳои анҷомёфта, дар кори ташаккули ҳукумати электронӣ мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Барои мисол, барномаҳои миллии иттилоотӣ дар сатҳи маҳал ба таври зарурӣ амалӣ намешаванд. Сабаби асосӣ нарасидани мутахассисону маблағ ва номукаммалии инфрасохтор аст.

Сомонаҳо танҳо ба ном?
Дигар паҳлуи масъала. Ҳанӯз моҳи июли соли 2017 бо қарори Ҳукумати мамлакат ҷиҳати татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар шабакаи интернет ба тавсиб расида буд. Тибқи он, вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ бояд сомонаҳои расмии худро таъсис дода, ба портали давлатӣ (hukumat.tj) пайваст мешуданд. 
- Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, то ҳол корхонаҳо ва аҳолӣ имконияти хариди электронии аксар хизматрасониҳои давлатиро пайдо накардаанд. Дар бисёр маврид сомонаҳои давлатӣ фақат маълумотро оид ба хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ пешниҳод мекунанд, аммо фурӯши онро ба роҳ намондаанд, - гуфт Фатҳулло Ҷабборов, муовини ректор  оид ба робитаҳои хориҷӣ ва инноватсияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат.
Кулли мақомоти маҳаллӣ сомонаҳои худро таъсис дода бошанд ҳам, аксари онҳо танҳо ба номанду муҳтавои техникию иттилоотиашон нигаронкунанда. Зимни омӯзиши мавзӯъ сомонаҳои расмии калонтарин шаҳрҳои кишвар - Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ ва Турсунзодаро аз назар гузарондем. Мавриди зикр аст, ки дар муқоиса ба дигар шаҳрҳо сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти чашмрас дорад. Дар он оид ба фаъолияти шаҳрдорӣ ахбор сари вақт манзури шаҳрвандон гардонда мешавад. Сомонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ ба муштариён маълумоти гуногуни саривақтӣ манзур месозад.
Боиси таассуфу нигаронист, ки хабари охирини сомонаи расмии шаҳри Кӯлоб ним сол пеш - моҳи март нашр шудааст. Дар сомонаи расмии шаҳри Хоруғ дар бораи фаъолияти худи шаҳрдорӣ, корҳои анҷомдода, ҳамчунин, соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ маълумоте нест. Дар сомонаи шаҳри Турсунзода ҳам. Аз ин метавон ба хулосае омад, ки модоме сомонаҳои шаҳрҳои пешрафтаи кишвар чунин вомондаанд,  дар мавриди сомонаҳои ноҳияҳо ҳоҷати сухан гуфтан ҳам нест.

Маърифати техникиро боло бояд бардошт
Фатҳулло Ҷабборов фаъолияти воқеии сомонаҳои мақомоти давлатиро, ки ҳамкории шаҳрвандонро бо ниҳодҳои расмӣ таъмин менамоянд, барои рушди ҳукумати электронӣ омили муҳим арзёбӣ намуда, ташаккули низоми электронии байниидории гардиши ҳуҷҷатҳо, ҷорисозии низоми иттилооти банақшагирӣ ва мониторинги фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро аз шартҳои ҳатмӣ медонад.
- Дар баробари ин, ҷалби мутахассисони баландихтисос, омода намудани кадрҳои миллӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ташаккули шабакаи ягонаи интиқоли маълумот барои мақомоти маҳаллӣ ва онлайн – ҳисоббарорӣ, бойгонии ягонаи ҳуҷҷатҳои рақамию электронӣ ва ғайра аз омилҳои ташаккулдиҳандаи ҳукумати электронӣ мебошанд, - гуфт ӯ.
Аз ҷониби дигар, маърифати техникии ҷомеаро боло бардоштан лозим. Зеро бисёре аз хизматрасониҳо дар системаи андозу омор тариқи электронӣ пешниҳод мегарданду то ҳол аҳолӣ бинобар надоштани донишу малакаи кофӣ наметавонад аз онҳо истифода барад. Барои мисол, на ҳамаи субъектҳои хоҷагидор маълумоти омориро тариқи электронӣ ирсол карда метавонанд.

Мушкиле нест, ки...
Хуллас, корҳои анҷомнаёфта на танҳо барои як соли боқӣ, балки барои чанд соли дигар басандаанд. Яъне, хавфи ба шакли комил рӯи кор наомадани ҳукумати электронӣ воқеист. Мо бояд пиндори “ҳукумати электронӣ – ин ирсоли маълумот бо почтаи электронӣ” - ро як сӯ гузошта, сохтори воқеии фарогири электрониеро роҳандозӣ намоем, ки хизматгори боэътимоди мардум бошад. Тавре бармеояд, дар Душанбе ин масъала ҳалли худро қариб пурра ёфтааст, аммо маҳалҳо ҳанӯз ҳам дар ҳолати ибтидоӣ (сомонаҳои қариб холӣ, пайваст набудан ба портали миллӣ ва ғ.) қарор доранд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2019    №: 187    Мутолиа карданд: 399

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед