logo

иқтисод

ПАХТА. ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ ПЕШСАФАНД

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, зимни натиҷагирӣ аз даври навбатии (понздаҳрӯзаи дуюм) мусобиқаи пахтағундории шаҳру ноҳияҳои вилоят аз кору бори пахтакорони шаҳри Левакант ситоиш кард.

Дар понздаҳрӯзаи дуюми мусобиқа, ки аз 1 сентябр сар карда байни шаҳру ноҳияҳои вилояти калонтарини пахтакори мамлакат – Хатлон эълон шудааст, заркорони шаҳри Левакант барандаи ҷои аввал ва 15 ҳазор сомонӣ шуданд. Онҳо аз майдони 1010 гектар 2310 тонна ҳосил ба даст оварда, дар моҳи сентябр аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта мужда расонданд. Тавре Заррина Давлатзода, раиси шаҳри Левакант, зимни гирифтани ҷоизаи ҷои аввал изҳор дошт, ҳоло ҳосил дар пахтазори шаҳр фаровон аст ва пахтакорон саъю талош меварзанд, ки ҳосили бо ранҷу заҳмат парваришнамудаашонро беталаф ва то охир ҷамъоварӣ намоянд.
Пахтакорони шаҳри Бохтар барандаи ҷои дуюм ва ноҳияи Данғара сазовори ҷои сеюм шуда, мутаносибан 10 ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.
Тавре «Ҷумҳурият» қаблан хабар дода буд, дар ҷамъбасти понздаҳрӯзаи аввали мусобиқаи меҳнатӣ пахтакорони ноҳияи Шаҳритуз ва  шаҳрҳои Бохтару Левакант сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба эҳё ва рушди пахтакорӣ, хусусан коркарди пахта то ҳадди ниҳоӣ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат  иброз доштанд: «Ҳоло ҳиссаи ночизи пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард шуда, имкониятҳои мавҷуда, алалхусус дар самти таъсиси ҷойҳои корӣ дар соҳаи нассоҷӣ, ба таври кофӣ истифода нашудаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, солҳои охир ҳамагӣ 10 -12 фоизи нахи пахта дар дохили кишвар коркард мешавад». Сарвари давлат ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки майдони кишти пахта зиёд ва ҳаҷми коркарди ҳосил дар дохили ҷумҳурӣ то ҳадди ниҳоӣ расонда шавад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол дар 186 811 гектар пахта кишт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1691 гектар зиёд мебошад.
Мутаассифона, соли гузашта бо сабаби номусоидии боду ҳаво ва сари вақт дастрас нашудани доруҳои минералӣ ҳосилнокии пахта нисбат ба соли пешӣ кам гардид. Ба гуфтаи мутахассисони Вазорати кишоварзӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, имсол вазъи пахтазори ҷумҳурӣ хеле беҳтар аст ва айни ҳол барои ҷамъоварии ҳосил беш аз 28 ҳазор  пахтачин саъю талош дорад.
Дар вилояти Хатлон иқдоми «60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор» эълон шудааст. Кишоварзони вилоят соли равон дар майдони зиёда аз 122 ҳазор гектар (70 дарсади дурнамои кишти имсолаи пахта дар ҷумҳурӣ) тухмии «Хатлон - 2011», «Хатлон - 2012», «Хатлон - 2014», «Флеш», «Чинӣ», «Тоҷикистон», «Ориёӣ» ва навъҳои дигари серҳосил кошта, барои истеҳсоли 275 ҳазору 200 тонна пахта камар бастаанд. То 2 октябр 165 ҳазору 541 тонна пахта истеҳсол шудааст, ки ба 60,2 дарсади дурнамои солонаи вилоят баробар аст. Тибқи маълумоти фаврии шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна ба андозаи 2 дарсади дурнамо пахта ҷамъоварӣ мешавад.
Ҳамчунин, ҷиҳати ҳавасмандсозии пахтакорон ба ҷамъоварии саривақтии пахта то 16 ноябр дар ҳар 15-рӯза мусобиқаи меҳнатӣ оид ба ҷамъоварии ҳосил ҷамъбаст гардида, ғолибони се ҷои аввал дар ҳаҷми 15, 10 ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо мошини сабукрав ва дигар  туҳфаҳои гаронбаҳо сарфароз мешаванд.

С. РАҶАБЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2019    №: 188    Мутолиа карданд: 1831

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед