logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Олими намоёни соҳаи иқтисод, чеҳраи маъруфу шинохта дар доираҳои илмии ватанию хориҷӣ, устоди соҳибмактаб, муаллифи назарияи иқтисодиёти хурди кушод ва дастовардҳои фаровони илмӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон, академики Академияи байналхалқии муҳандисӣ Лутфулло Саидмуродов маҳбуби хосу ом мебошад.
Ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ҳуҷҷат супурда, аз имтиҳоноти қабул гузашта, ба сафи донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат пайваст ва соли 1981, баъд аз хатми бомуваффақона, ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз кард.
Соле баъд ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ҷиҳати пешбурди тадқиқоти илмӣ сафарбар гардид. Бо ҳамин мақсад соли 1983 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи донишгоҳи мазкур дохил шуд. Дар зарфи се сол таҳқиқоти илмии худро  дар мавзӯи «Шаклҳои тобеияти меҳнат ба сармоя дар раванди  саноатикунонии капиталистии кишварҳои рӯ ба тараққӣ: дар мисоли Ҳиндустон» таҳти роҳбарии Нуреев Рустам Маҳмудович ба итмом расонда, бомуваффақият ҳимоя карда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардид.
Баъди бозгашт ба кишвар ҷиҳати илмро ба амал пайвастан фаъолияти худро ба ҳайси муаллими калон, дотсенти кафедраи назарияи иқтисоди факултаи иқтисодӣ ва солҳои 1994 – 1996 дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии иқтисодии факултаи молияву иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома бахшид.
Ҳамагӣ 32 сол дошт, ки ба узвияти Шӯрои иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Соли 1997 аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти бехатарии Аврупо (ОБСЕ) ба сифати нозири байналхалқии интихоботи парламенти Ҷумҳурии Сербия фаъолият намуд.
Аз соли 1996 сар карда то соли 2006, муддати даҳ сол, умри азизи худро барои аз сифр поягузорӣ кардани факултети иқтисодии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ сарф кард. Солҳои 2002 – 2004 ба ҳайси директор ва профессори байналмилалии ҳамкор дар барномаи байналмилалии – «Такмили ихтисоси муаллимони факултаҳои иқтисодии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият дошт.
Ҳамзамон, Лутфулло Ҳабибуллоевич соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, то моҳи апрели соли 2015 дар Парламенти касбии кишвар ҳамчун узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ  оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон (аз соли 2013 раиси ин кумита), инчунин, ҳамчун узви комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба одоби вакилон, узви комиссияи муваққатии экологӣ, узви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи апрели соли 2015 инҷониб, вазифаи директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Ҳамин тавр, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич, ҳама донишу таҷриба ва неруи худро барои ободӣ ва пешрафти кишвари азизу мардуми сарбаланди он сарф менамояд ва рисолати худро дар сатҳи баланд ба ҷо меорад.
Фаридулло УБАЙДУЛЛОЕВ,  устоди ДДМИТ  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2019    №: 188    Мутолиа карданд: 69

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед