logo

фарҳанг

ПРЕЗИДЕНТ ВА АСОЛАТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба  сари қудрат омадан, пайваста дар бораи забони давлатӣ, ҳифзи асолати он, канораҷӯӣ намудан аз корбурди аносири ғалат таваҷҷуҳу ғамхории доимӣ зоҳир менамоянд. Маҳз ҳамин ғамхориҳои пайваста ва муҳаббати Пешвои миллат буд, ки забони тоҷикӣ аз муҳити хонавода ва муҳовараю муоширати урфии замони Иттиҳоди Шӯравӣ берун омада, аз ҷаласаву маҳфилҳои ватанӣ сар карда, то анҷуману ҳамоишҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳанӯз 22 июли соли 1995 Сарвари кишвар дар бораи покиза нигоҳ доштани забони модарӣ аз ҳар гуна иштибоҳҳо иброз дошта буданд, ки бояд вуруди ҳар як унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем.
Ёд дорам, Президенти маҳбуби кишвар дар яке аз суханрониҳояшон дар баробари ҳурмати модару Ватан эҳтироми забонро ифтихори давлатдории миллӣ арзёбӣ намуда, азизу гиромӣ доштани онро як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус донистанд: “Фикр кунед, инсоне, ки қадри модарашро, муаллимашро, забону адабашро, бузургони халқашро намедонад, оё ифтихори миллӣ, ифтихори ватандорӣ дошта  метавонад, оё дилсӯзи халқу Ватанаш буда метавонад? Оё барои пешрафту тараққии он хизмат карда метавонад? Ҳаргиз не!”.
Мутаассифона, бархе қаламбадастон, бо вуҷуди фаровон будани шеваю вожаҳои аслии худӣ, ки матлабро нишонрас ва гӯшнавоз ифода мекунанд, унсурҳои луғавии забони бегонаро ба кор мебурданд ва ҳоло низ истифода мебаранд.
Аз мушоҳидаҳову таҳлилҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар забони модариямон то ҳол иштибоҳоти зиёд ба мушоҳида мерасанд. Аз қабили: 1)  ба талаботи забони меъёр ва завқи солим ҷавобгӯ набудани имлои дастае аз унсурҳои луғавӣ, монанди оксижан (ба ҷои оксиген), академисиюн (бар ивази академик), димукросӣ (ба ҷои демократӣ) дар бархе аз рӯзномаҳо; 2) парҳез аз корбурди унсурҳои маҳаллӣ ё ба истилоҳ лаҳҷа, ки ба олуда шудани забони адабӣ мусоидат намуда, сабаби косташавии асолати забони модариямон мегардад. Сарвари давлат чунин муносибатро “тамоюли хатарнок” ҳисобида, ҳангоми яке аз мулоқотҳояшон бо фаъолони вилояти Суғд гуфта буданд, ки  “нормаҳои гуфтугӯии забони адабӣ аз байн рафта, ҳар вилоят бо лаҳҷаи худаш барнома месозад, ки ҳамаи ин оқибати хуб надорад”; 3) истифода аз қолабҳои бегонаи баён дар ҷараёни суханронӣ (монанди ифодаҳои интиқоли пулӣ, ки баргардони қолаби русии денежный перевод, дар ҳоли ҳозир < в данный момент, нуқтаи дорухонагӣ < аптечная точка, нуздаҳ наваду панҷ < найнтин найнти файв аст). Ин гуна зуҳуроти номатлуб дар натиҷаи огоҳу ноогоҳ истифода кардани калимаву истилоҳоти душвору ба омма номафҳум рух дода, забонро аз асолати худ дур мекунад. Пешвои миллат дар паёми табрикӣ ба муносибати  Рӯзи забони давлатӣ 21-уми июли соли 2009 дурӣ ҷустан аз корбурди чунин қолабҳои сунъиро маслиҳат дода гуфта буданд: “Акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем”. Ҳамчунин, аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод гардид, ки “Забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои забони адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона озод кардан лозим аст”; 4) беэҳтиромӣ нисбат ба забони модарӣ ҳангоми навишти матни норавону пурғалати овеза ва шиору рекламаҳо.
Ба андешаи Сарвари давлат ошносозии мардуми тоҷик бо сарвати маънавии забони тоҷикӣ бояд ибтидо дар миёни кӯдакону наврасон оғоз  шуда, нозукиҳои забони куҳанмеъёри мо дар байни онҳо тарғиб шавад. Ин омил метавонад роҳи халосӣ аз вартаи коҳишёбии ҳусни сухани тоҷикӣ гардад, ки, воқеан, тадбири дурусту саривақтист . 
    
Абдуҷамол ҲАСАНЗОДА, мудири кафедраи забони тоҷикии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,
доктори илмҳои филология, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2019    №: 189    Мутолиа карданд: 716

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед