Хабарҳо
Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд
Regnum.ru. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таҳияи лоиҳаи қарори ҳукумат оид ба тағйиру иловаҳо ба талаботи асосӣ ба веб-сомонаи расмии мақомоти ташкилоти давлатиро супориш дод.
Ҳадафи ин тасмим минбаъда афзунсозии шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатист. Ба ин васила, барои ташкил ва такмили веб-сомонаҳои нав ва феълии мақомоти давлатӣ ва ташкилот, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо назардошти талаботи замони муосир дар сатҳи Ҳукумат тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3137