Хабарҳо
Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд
Дар Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ибтикори Маркази миллӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони “Забон оинаи миллат” суҳбати гирди миз баргузор шуд.
Дар он олимону муҳаққиқони соҳаи забоншиносӣ, намояндагони мақомоти давлатии Ӯзбекистон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Тошканд ва намояндагони корпуси дипломатӣ иштирок намуданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ аз мулоқоти ахири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму адаб ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва доираҳои илмӣ дар мавриди мутобиқгардонии забон ба шароити муосир ва таҳкими пояи илмии он ёдоварӣ карда, таваҷҷуҳи ҳозиронро ба нақши бузурги забон дар низоми давлатдорию пешрафти илму маърифат ва фарҳангу ҳунар ҷалб намуд. Дар иртибот ба ин, саҳми арзандаи шоирони классик ва файласуфону донишмандони тоҷик, ки ба шарофати онҳо рушду пойдории забони форсӣ - тоҷикӣ барои наслҳои баъдӣ таъмин гардид, таъкид шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3118