logo

иҷтимоиёт

ЁДГОР ФАЙЗОВ: "ҶАНОБИ ОЛӢ БАРОИ МО НАМУНАИ БАРҶАСТААНД"

Чун рӯз рӯшан аст, ки дар замони истиқлол мавқеи хоси ҷуғрофӣ – дурӣ, баландкӯҳӣ, ҷойгирӣ дар минтақаи сарҳадӣ ва вижагиҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Тадбирҳои Ҳукумати кишвар аз раҳо додани минтақа аз бунбасти коммуникатсионӣ оғоз гардида, бунёди пояҳои устувори рушди иқтисодӣ зина ба зина амалӣ мешавад. Расо як сол пеш  бо мақсади суръатбахшии  бештари рушди иқтисодӣ бо Фармони Президент дар вилоят роҳбарияти нав таъйин шуд. Аз ҷараёни корҳои созандагӣ, рушди иқтисодии вилоят ва мушкилоти ҷойдошта суҳбате оростем бо раиси вилоят Ёдгор Файзов, ки манзури хонандагон мегардад.
- Таъйиноти Шумо ба мансаби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ғайричашмдошт буд. Баъди ин, мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ  аз ин рӯйдод изҳори қаноатмандӣ карданд, яъне аз Шумо ҳамчун менеҷери соҳибтаҷриба  умеди зиёд доранд. Инак, муддатест, ки Шумо ҳамчун раиси вилоят ба мардум хизмат мекунед. Бардоштҳоятон аз ин замон.
- Бисёр муташаккирам аз мардуми сарбаланди ВМКБ, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи таъйин намуданам ба  мансаби иҷрокунандаи раиси ВМКБ хуш пазируфтанд. Ин эътимодро ман на танҳо дар сухан, балки дар амал эҳсос мекунам. Алҳол ВМКБ мисли дигар манотиқи кишварамон осудаву ором аст, мардум аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат ҷонибдорӣ мекунанд ва ҳаёти осоишта доранд. Вале аз ин муваффақиятҳое, ки ба даст овардаем, набояд фориғбол шавем, чунки вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза хоҳ - нохоҳ ба суботи давлатҳо таҳдид мекунад. Бинобар ин, барои ҳар яки мо муҳим аст, ки фирефтаи сиёсати таҳмилии бегонагон нашавему дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёнаву таҳаммулгаронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем, чунки ҳар як сухану амалашон таҷассумгари ақида, арзишу манфиатҳои миллиамон аст. Бо истифода аз ин фурсат бояд бигӯям, ки Ҷаноби Олӣ барои мо намунаи барҷастаанд. Ман аз кору пайкори Сарвари давлатамон илҳом мегирам ва кӯшиш дорам, ки ба Ватану миллат содиқона хизмат кунам.
- Бо таъйин шуданатон ба мансаби раиси вилоят дар самти таъминоти волоияти қонун низ дигаргуниҳои мусбат ба назар мерасанд. Кадом омилҳои асосие барои ин мусоидат мекунанд?
- Дарвоқеъ, вазъи таъмини волоияти қонун хеле хуб шуд ва дар ин кор талошҳои зиёди ситоди байниидоравӣ, саҳми мардум, идораҳои қудратӣ ва бахасус, роҳнамоии Ҷаноби Олӣ, нақши бузург бозиданд. Умедворам, ин дастоварди муҳим пойдор хоҳад монд, зеро мардум хуб дарк мекунанд, ки рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа  бе таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст.
Барои муколама миёни ҷомеаву ҳокимият майдони озодро ташкил намудем. Пеш аз ҳама, ваколати муовинони раис, роҳбарони  сохтору  идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо дар қабули қарор тавсеа ёфт ва албатта, масъулияти онҳо низ бештар гардид. Изофанависӣ ва ҳисоботи бардурӯғро аз байн бурдем. Дар баробари ин, аз кормандони мақомот талаб кардам, ки дар маҳалҳо муколамаи дурустро ба роҳ монанд, то мардум барои мулоқот бо онҳо дастрасии бештар дошта бошанд.
Сомонаи мақомот фаъолтар гашт, ки тавассути он низ шаҳрвандон метавонанд бо мо дар иртибот бошанд. Ҳамаи интиқоду пешниҳодҳои шаҳрвандон, ки дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ мегарданд, пайгирӣ шуда, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Шумораи вохӯриҳои оммавиро низ зиёд кардем, вале то сатҳе, ки регламенти  Ҳукумати ҷумҳурӣ тақозо дорад, ҳанӯз ҳам талош намудан лозим аст. Бо вуҷуди дастовардҳо, мушкилоти ҳалталаб ҳоло мавҷуданд.
- Бо дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ВМКБ тӯли 28 соли истиқлолият симояшро ба куллӣ дигар кард ва сатҳи зиндагии мардум бамаротиб беҳтар гардид. Аммо рушди иқтисодӣ боз ҳам такони ҷиддиро мехоҳад, бахусус дар соҳаҳои саноат, соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоя ва амсоли инҳо. Аз 18 банде, ки дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2016 - 2020» баҳри равнақу ривоҷи саноат равона гардидааст, бо сабаби набудани сармоя 11 банди он иҷро нашудааст. Чӣ бояд кард, ки вазъи сармоягузорӣ дар вилоят беҳтар шавад?
- Бале, сифати ҳаёти имрӯзаро на фақат бо солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон, балки 10 соли гузашта ҳам муқоиса кардан нашояд. Рушду пешравиҳо назаррасанд, вале масоили ҳалталаби иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд. Бо мусоидати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти сохтмони мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пешрафти бузург насибамон гашт, вале дар ҷодаи рушди иқтисодӣ дар радифи сохтмони шоҳроҳи Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Кулма ва таъсиси ширкати «Помир энерҷи», ки ба пешрафти иқтисодиёти ВМКБ такони ҷиддӣ бахшиданд, татбиқи иқдомҳои дигари созанда ниҳоят зарур аст.
Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бе ба инобат гирифтани имкониятҳои воқеии маблағгузорӣ таҳия шудаанд, бинобар ин, солҳо дар коғаз хоҳанд монд. Дар робита ба ин масъала, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шарикони рушд муроҷиат намудем ва умед аст, ки дастгирӣ хоҳад ёфт.  Агар мо саноати кӯҳиро ба таври ҷиддӣ рушд набахшем  ва барои инвеститсияи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам наорем, вилоят солҳо дар субвенсияи давлат боқӣ мемонад. Дар ин ҷода баъзе меъёрҳои ҳуқуқие ҳастанд, ки садди роҳ низ мешаванд. Масалан, умед доштем, ки бо ба истифода додани кони Алҷива дар ноҳияи Мурғоб шароити иқтисодии ноҳия беҳтар гардида, мардум бо ҷои кору маоши хуб таъмин хоҳанд шуд,  вале аз сабаби аз ҳудуди ҷумҳурӣ иҷозат надодани содироти консентрат ширкати чиноии «Минерал» ба муфлисшавӣ рӯ ба рӯ гаштааст ва ҳатто қудрати пардохти маоши коргаронро надорад. 
Барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, пеш аз ҳама, қонунгузориро дар ин  самт бояд такмил дод. То он ки сармоягузор бояд бовар дошта бошад, ки ҳифзи сармояи ӯ кафолат дода мешавад. Ҳолатҳои яктарафа бекор кардани шартнома пешгирӣ гардад ва уҳдадориҳои шартнома сари вақт иҷро шаванд.
Бе муболиға гуфта метавонам, ки дар вилоят нисбат ба дигар манотиқи кишвар барои рушди соҳибкорӣ аз нуқтаи назари дастрасӣ ба маблағ ва кам  будани санҷишҳо шароит хеле хубтар мебошад, вале бозори мо маҳдуд аст, даромади пулии мардум камтар ва, аз ҳама муҳим, қобилияту фарҳанги соҳибкории худи мо дар сатҳи паст қарор дорад. Бархе аз мардуми Бадахшон ҳанӯз ҳам мафкураи замони шӯравиро дорад, ки ин низ  яке аз омилҳои садди роҳи рушд аст. 
- Мувофиқи омори раёсати маорифи вилоят, ҳамасола дар ҳудуди ВМКБ шумораи хонандагон ба ҳисоби миёна 900 нафар кам мегардад. Бо ин сабаб аз соли 2014 то инҷониб ҳафт мактаб баста ва 400 синф ихтисор шудааст. Бо баста шудани мактабҳо шумораи бекорон дар вилоят, бахусус дар деҳаҳо, меафзояд. Доир ба паёмадҳои иҷтимоии ин раванд  чӣ назар доред?
- Тақсимоти маблағҳои буҷетӣ бо усули сарикасӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мо, ки теъдоди ками хонанда доранд, ғайри қобили қабул аст. Мактабҳое  ҳастанд, ки дар онҳо аз ду то ҳафт талаба таҳсил менамояд. Аз ин рӯ, моро мебояд дар як синф толибилмони синну соли гуногунро якҷо кунем ё хонандагони ин муассисаҳои таълимиро ба мактаб - интернатҳо гузаронем ва ё мактабҳои деҳаҳои наздикро якҷо кунем. Вале ба  хотири бекор намондани муаллимон ҳоло ба чунин қарор даст назадаем.
Сабаби кам шудани шумораи хонандаҳо дар мактаб, пеш аз ҳама, муҳоҷират ва коҳиш ёфтани сатҳи таваллуд мебошад.  Дар шароити муосир оилаҳо кӯшиш мекунанд, ки аз анъанаи пешини бисёрфарзандӣ даст кашанд. Бешубҳа, аз як тараф, банақшагирӣ ва танзим дар оила хуб аст, аммо аз тарафи дигар, ин  раванд дар минтақаи мо ба камшавии таваллуд оварда расондааст, ки ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мо, яъне мақомоти иҷроия, дар ин самт бояд дурнамое дошта бошем. Фикр мекунам, барои ҳалли ин масъалаҳо каме фурсат лозим аст.
- Ҳоло дар вилоят проблемаҳои бекорӣ миёни ҷавонон, баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва мушкилиҳои дигари умда вуҷуд доранд. Онҳоро чӣ гуна метавон ҳал кард?
- Бекорӣ мушкилоти ҷиддист. Барои ба эътидол овардани  ин вазъ мо аз Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ хоҳиш кардем, ки  минбаъд дар Бадахшон ба корҳои сохтмонӣ ширкатҳо ва коргарони маҳаллӣ бештар ҷалб гарданд. Пешниҳоди моро дастгирӣ намуданд. Мутаассифона,  ҷавонони мо дар сохтмон кор кардан намехоҳанд. Аз ин рӯ, тайи ҳашт моҳи соли равон фақат 30 дарсади маблағ аз  худ карда шуд. Ширкатҳои маҳаллӣ ноилоҷ сохтмончиёнро аз дигар минтақаҳои кишвар ба кор гирифтанд ва суръати кор пеш рафт. Дар баробари ин, зиёда аз 130 нафарро ба сохтмони НБО «Роғун» сафарбар намудем, вале нисфашон корро партофта, баргаштанд. Инчунин, дар Бадахшон барои рушди кишоварзӣ ва чорводорӣ шароити хуб мавҷуд аст, вале мардум ба ин шуғлҳо чандон таваҷҷуҳ надорад. Парадокс: аз як тараф шикоят аз набудани ҷои кор,  ҳамзамон, майли кор кардан надоштан…
Фоизи қарзҳои бонкӣ, бо вуҷуди солҳои охир каме коҳиш ёфтан, ҳанӯз ҳам баланд аст. Бо чунин фоизи баланд таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолот мушкил мебошад. Барои дастгирии соҳибкорон аз ҷониби Фонди дастгирии соҳибкорони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарз бо 10 фоизи солона ба андозаи то як миллион сомонӣ пешниҳод мегардад ва дар вилоят аллакай 16 соҳибкор аз ин қарз бархӯрдор шуд. Мутаассифона, 10 нафарашон аз уҳдаи пардохти саривақтии он набаромада, қарздор шуданд. Аз ҷониби грантҳои президентӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар вилоят беш аз 1000 барнома маблағгузорӣ шудааст.
 Дуруст аст, ки дурии роҳ ба сифату нархи хӯрокворӣ таъсир мерасонад. Аммо ман фикр намекунам, ки дар ин минтақа мардум аз нарасидани хӯроквории хушсифат танқисии ҷиддӣ кашанд. Бо дастгирии  Ҳукумат, хоса ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, тавассути Агентии захираҳои моддии давлатӣ деҳаҳои дурдасттарин бо орд, равған, шакар, биринҷ ва ғайра бо нархи арзон таъмин мешаванд. Ҳамчунин, саҳми соҳибкорон низ дар ин кор арзанда аст. Дар баробари ин, барои таъминоти аҳолӣ бо ғизои хушсифат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд як қатор барномаҳо, аз ҷумла коркарди мева, сохтмони гармхонаҳо, рушди чорводорӣ, хусусан мурғпарварӣ, амалӣ мешаванд.
- Сенарияҳои макроиқтисодии рушди ояндаи вилоят кадоманд?
- Рушди саноати куҳӣ, туризм, энергетика, соҳибкории миёна ва хурд, коркарди гиёҳҳои табиии шифобахш, мева, рушди чорводорӣ, бахусус қутоспарварӣ  дар қисмати  Помири Шарқӣ  ва ҳамкориҳои байнисарҳадӣ аз ҷумлаи фаъолиятҳое мебошанд, ки метавонанд сифати зиндагии мардумро хеле беҳтар намоянд. Албатта, бе инфрасохтор, бахусус роҳ, ин корҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд.
Феълан мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳру ноҳияҳоро  барои солҳои 2021 – 2025 таҳия намуда истодааст. Талош дорем, ки зимни таҳияи он дархосту талаботи мардум ва шароиту имконоти маҳалҳо ба инобат гирифта шавад, то барнома воқеӣ ва татбиқшаванда бошад.

Моҳира САНГМАМАДОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2019    №: 190    Мутолиа карданд: 2900

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед