logo

иҷтимоиёт

ХАЛТАҲО ВА ҚУТТИҲОИ ПОЛИЭТИЛЕНӢ. ЧӢ ГУНА ЗИЁНИ ОНҲОРО КОҲИШ ДИҲЕМ?

Дар  замони  муосир  илму  тараққиёт  бо  суръати  кайҳонӣ пеш  рафта  истодаанд. Сатҳи  зиндагии  мардуми  кишварамон  низ сол ба сол хубтар мешавад. Дар ҳамин ҳол  саволе  ба  миён  меояд: оё  мо барои  ҳаёти  оянда, барои фарзандонамон табиатро,  яъне  хонаи  умумии  ҳамаи  мавҷудоти  зиндаро  ҳифз карда, мерос гузошта метавонем?  Ба  фикри  шахсии  ман,  мо барои ояндагон, хусусан дар бахши ҳифзи табиат, ба андозаи кофӣ талош намекунем.
Ҳоло яке аз масъалаҳои ташвишовар муносибати нодуруст ба маҳсулоти  кимиёвӣ  ва  консентратҳо -  қуттиҳо  ва  халтаҳои  полиэтилениест, ки дар дохили онҳо маҳсулоти  истеъмолӣ мехарем. Афсӯс, ки  мардум  зарари  ин  гуна   маҳсулотро  то  ҳол  дуруст дарк накардаанд. Партовҳои маҳсулоти  пластикӣ на  танҳо  ба  инсон,  балки  ба табиат зарар мерасонанд. Ин гуна маҳсулотро нест кардан мушкил аст. Онҳо намепӯсанд. Дар  рӯзҳои ҷашн  мардум  маҳсулоти зиёди истеъмолӣ  мехаранд,  лекин  баъд  аз  истеъмоли  маҳсулоти  дохили  қуттиҳо  ва  халтаҳои полиэтиленӣ онҳоро ба  ҷӯйбор, замин,    кӯча  ва назди  хонаҳои истиқоматӣ  мепартоянд.
Мутаассифона,  алҳол дар  мамлакат  корхонаҳои  махсуси  безараргардонӣ  ва  дубора  истифода бурдани ин  маҳсулоти  полиэтиленӣ вуҷуд  надоранд. Барои  ҳамин, тарзи истифодаи онҳоро  ба  як  тартиби муайян даровардан лозим аст, то ба  табиати  нотакрори  кишвари  азизамон  зарар  нарасонем.  Фурӯши маҳсулоти истеъмолӣ бояд дар  халтаҳои  махсуси  қоғазиву  картонӣ,  чӯбиву  риштагӣ ба роҳ монда шавад. Барои ин бояд фарҳанги экологии мардумро баланд бардорем. Ба мардум  зарар  ва  фоидаи  истеъмоли озуқаворӣ,  тарзи  нигоҳдории онҳо, ҳифзи  муҳити  табиии  зист,   зарари  қуттиҳо  ва  халтаҳои полиэтилениро  фаҳмонем.   Мо  бояд  ҷомеаро ба  ҳифзи муҳити зист даъват намоем, то ин ки пиру барно зарари ба табиат расонда ва оқибати онро донанд ва дуруст амал намоянд.  
Сайёд ФАЙЗОВ,  омӯзгори МТМУ  №2,  ноҳияи  Восеъ    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2019    №: 190    Мутолиа карданд: 1155

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед