logo

ҳуқуқ

ОМОДАГИИ ДИФОӢ. ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ ДОИР ШУДАНД

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2019 дар гарнизони Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва машқҳои муштараки амалиёти стратегӣ  - зиддитеррористӣ бо тирпарронии ҷангӣ баргузор гардид.
Дар ин бора Ориф Нозимиён, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа, ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, тибқи талаботи ишораи ҷангӣ масъулони мақомоти давлатӣ, сохторҳои давлативу қудратӣ дар ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудӣ дар комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гирд омаданд. Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар, вобаста ба моҳияти баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати дифоии кишвар, омодагӣ баҳри пешгирӣ аз таҳдиди хатарҳо ва роҷеъ ба боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ мегарданд.
Дар доираи талаботи ишораи ҷангӣ ва нақшаи баргузории ҷамъомади мудофиаи ҳудудиву машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, қувваҳои эҳтиётӣ ё худ шаҳрвандоне, ки  дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ қарор доранд ва  техникаҳои хоҷагии халқ, инчунин, дигар лавозимоту захираҳои эҳтиётие, ки барои дар сатҳи лозима ташкил намудани ин ҷамъомад заруранд, дар нуқтаҳои муайяншудаи ҷамъшавӣ гирд оварда шуданд.
Марҳилаи ниҳоии ин чорабинӣ бо баргузории машқҳои муштараки амалиёти стратегӣ - зиддитеррористӣ дар машқгоҳи ҳарбии ноҳияи Лахш бо ташкили машқҳои баталиёни тактики ҷамъбаст ва натиҷагирӣ шуд.
Ҷиҳати назорат аз рафти амалиёти муштараки ҷузъу томҳо вазири мудофиаи мамлакат генерал - полковник Шералӣ Мирзо, масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии минтақаи Рашт, намояндагони сохторҳои низомӣ ва дигар шахсони дахлдор ба машқгоҳ омаданд.
Аз рӯи мавзӯъ ва матлаби баргузории даври ҷамъбастии машқҳои муштарак вобаста ба пешгирии убури ғайриқонунии марз, дастгиру безарар гардондани афроди сарҳадшикан, торумор намудани душманони шартӣ дар шароити дашту саҳро, мавзеъҳои стратегӣ ва роҳҳои душворгузари ҷумҳурӣ амалиёт доир намуданд.
Зимни натиҷагирӣ аз даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштарак  фаъолон бо медалу ифтихорома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд. Расми гузашти низомӣ бошад анҷомбахши машқҳои васеи низомӣ гардид.

Лашкар ШАРИФЗОДА,
 “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2019    №: 190    Мутолиа карданд: 2966

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед