logo

фарҳанг

"БАРОИ БЕҲТАРИН ШЕЪРИ БАЧАГОНА" - ОЗМУНИ СУДМАНД

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва ба хотири рушду инкишофи минбаъдаи адабиёти атфоли тоҷик рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин шеъри бачагона” -ро эълон карда буд, ки он 1-уми июли соли 2018 оғоз гардида, беш аз як сол муваффақона идома ёфт.
Аз ҷониби ин нашрияи расмии воломақому муътабар созмон додани озмун сатҳу сифат ва мақоми онро хеле баланд бардошт. Маблағи мукофот ба ғолибони озмун низ басо назаррас буда, дар он барои ҷои якум– 5000, дуюм - 3000 ва сеюм – 1500 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Озмун аз ҷониби аҳли сухан ва хонандагони сершумор гарм истиқбол гардид. Дар он то ба имрӯз бештар аз 150 нафар эҷодкор, аз суханварони соҳибтаҷрибаву номӣ то ҳаваскорони ҷодаи шеър ширкат варзиданд. Ин иштирокдорон намояндагони аксари шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон буда, ба касбу кори гуногун машғуланд ва, ҳамзамон, ба кори эҷодӣ шавқу рағбат доранд. Ба озмун ҳар кадом муаллиф се шеър пешниҳод кардааст, ки дар мавзӯъҳои мухталиф эҷод шудаанд. Аз ин рӯ, доираи шеърҳои озмунӣ хеле васеъву доманадор буда, кулли соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву маънавӣ ва тафсили рӯзгору пайкори кӯдаконро фаро гирифтааст. Васфи Ватан, Пешвои миллат, муқаддасоту арзишҳои  миллӣ, ситоиши бобою бибӣ, волидайн ва додару хоҳар, тарғиби ахлоқи ҳамида ва сифатҳои неки инсон, тараннуми манзараҳои  табиати диёр ва олами ҳайвоноту наботот, тасвири рӯзгори рангини кӯдакон, тарғиби моҳияти китобу дониш, таҳсил дар мактаб ва ғайра мазмуну муҳтавои шеърҳоро фароҳам овардаанд ва ҳалли бадеии ҳар кадоми ин мавзӯот ба сатҳу савияи истеъдоди эҷодии муаллифонашон ишорат кардаанд.
Чанд тан аз шоирони маъруф - Гулназар, Муҳаммад Ғоиб, Ҷӯра Ҳошимӣ, Алӣ Бобоҷон, Латофати Кенҷа, Юсуфҷон Аҳмадзода, Анварбеки Абунаср, Абдусаттори Раҳмон, Раҷаби Мусулмониён, Озар Салим ва дигарон бо шеърҳои хубу пурмазмун ва шавқовари хеш иштирок карда, ба озмун ҳусну тароват бахшиданд. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ шеърҳои “Дуторам”, “Рубобам” ва “Хомӯшӣ”-ро манзур сохтааст, ки аз миёни ин таълифот шеъри аввал ғолибан саҳеҳу пухта, пуртаъсир ва равону салис буда, ба қобилияти шеърдарккунӣ ва шеъразбаркунии хурдсолон созгору мувофиқ аст:
Ай хушнаво дуторам,
Ҳамрози ғамгусорам.
Ҳар сӯ равам, биёям,
Рӯ ҷониби ту орам.
Дасти туро бигирам,
Дилро ба ту супорам.
То хуш садо барорӣ,
Сар пеши ту фарорам.
Сад ҳуш бар ту бандам,
Сад гӯш бар ту дорам.
О, ранги ту чӣ зебост,
Оҳанги ту чӣ форам.
Нохун занам ба торат,
Рақсида пуду торам.
Бо зам - замат зудойӣ
Аз ҷон ғаму ғуборам.
Тори дили ману туст
Ду торат, эй дуторам.
Дар ҷӯрагиву ҷӯрӣ
Кас ҳамчу ту надорам.
(“Ҷумҳурият”, 23 марти 2019)

Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар дар ин озмун бо шеърҳои “Хазон”, “Бобои ман” ва “Дарё” иштирок кардааст. Онҳо бо мазмуну муҳтаво, бадеият ва равониву хушоҳангии баён фарқ мекунанд. Масалан, дар шеъри “Хазон” манзараи табиат дар охири фасли тирамоҳ хеле муассиру хотирмон ба тасвир омадааст:
Хазон шуду хазон шуд,
Ҳама ҷо заъфарон шуд.
Монанди мурғи марҷон
Ҳар барг парфишон шуд.
Сабук шуд бори дарахт,
Шамол ёрирасон шуд.
Рӯйи замини пушта
Қолии Исфаҳон шуд.
Селаи мурғи кӯчӣ
Ба дуриҳо равон шуд.
Кӯтаҳ шуд рӯзи равшан,
Сабзаву гул ниҳон шуд.
Дар қуллаҳо зимистон
Ба чашми мо аён шуд.
(“Ҷумҳурият”, 6 ноябри 2018) 

Шоири бачаҳо Алӣ Бобоҷон, ки беш аз ним аср инҷониб барои атфол шеър мегӯяд, ба озмун шеърҳои “Бузғола”, “Мураббӣ” ва “Санҷиши маҳорат” – ро манзур кардааст. Ин шеърҳо ҷанбаи маърифатию дидактикӣ дошта, донишу ҷаҳонбинии хонандагонро то андозае меафзояд ва ғолибан аз тариқи панду ҳикмат, ки муҳимтарин унсури шеъри бачагона аст, онҳоро ба китобхониву китобдӯстдорӣ ҳидоят мекунад:
Хоҳӣ, ки доно шавӣ,
Зӯру тавоно шавӣ,
Аз таҳи дил хон китоб,
Ҳикмати ӯ беҳисоб...
Минбари хониш – китоб,
Раҳбари дониш – китоб.
Ҳамдами дилсӯзи мост,
Маърифатомӯзи мост.
(“Ҷумҳурият”, 27 августи 2018)
Оҳанги панду андарз аз шеърҳои шоири хушзавқу соҳиблаёқат Абдусаттори Раҳмон низ равшан эҳсос мешавад. Ӯ, бахусус дар шеъри аввал, ки “Бача раҳгардон шавад” унвон дорад, дар мисоли тасвири ҳолати рӯҳии гунҷишкаки бачагумкарда, ки хеле муассир сурат гирифтааст, аз лаҳзаҳои нозуки рӯзгори модару кӯдак ёдовар шудааст. Шеър содаву фаҳмо ва дорои ғояву ҳадафи нишонрас мебошад:
Гунҷишкаки бечора
Сарсон асту овора.
Ин сӯ, он сӯ давад ӯ,
Ба лаби ҷӯ равад ӯ.
Барояд болои бом,
"Куҷо шуд бачаи хом?!"
Гаҳ параду гаҳ шинад,
Ҳама ҷоро бубинад.
Бачаякашро кобад,
Аммо онро наёбад.
Дида ҳоли зори ӯ,
Фиғони бисёри ӯ,
Ба ман гуфто модарам:
"Ана дидӣ, писарам,
Бача роҳгардон шавад.
Оча саргардон шавад".
(“Ҷумҳурият”, 12 апрели 2019)

Дар озмун даҳҳо эҷодкорони касбу кори гуногун низ бо дасту дили гарм иштирок карда, дар вусъати доираи ҷуғрофии ин маърака ва амиқтар рафтани мазмуну моҳияти он саҳм гирифтанд. Эҷодкорон Шамсиддин Қудрат, Исмоил Ҷабинзода, Валӣ Исматов, Шаҳло Абдуллоева, Хол Муъмин Талъат, Мақсуд Мизробзода, Шафоати Назар, Ислом Юсуфӣ, Насим Насимӣ, Анварҷони Ғафур, Бобоҷони Нурзод, Сафаралӣ Раҷабов ва дигарон беҳтарин намунаҳои ашъори  хешро мавриди назари хонанда қарор доданд. Ба пиндори мо, қисме аз ин офаридаҳои эшон, дарвоқеъ, аз лиҳози ғояву мундариҷа, бадеияти тасвир ва равониву оҳангнокии баён нисбатан бартарӣ дошта, ба вижагиҳои услубии назм барои кӯдакон ҷавобгӯянд. Дар ин таълифот муаллифон кӯшиш кардаанд, ки фикру андешаҳои худро дар бобати ин ё он мавзӯъ, ё худ ин ё он ашёи мавриди тасвир дар вазнҳои сабуки 5-7 ҳиҷоӣ, ки қобили дарки хурдсолон аст, ҳар чи равшантару саҳеҳтар ифода кунанд. Дар ин росто “Китоб” ном шеъри Ислом Юсуфӣ то андозае ҷолибтар мебошад. Дар он муаллиф бар он кӯшидааст, ки моҳияту арзиши ин ганҷи бебаҳои донишу маърифатро ба кӯдакон содаву фаҳмо шарҳу тавзеҳ диҳад.
Дар озмун, ҳамчунин, як гурӯҳ омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи умумӣ фаъолона ширкат варзиданд, ки ин аз ҳусни илтифот ва назари гармашон ба адабиёти бачагона шаҳодат медиҳад. Омӯзгорон Гулнисои Ризвоншоҳ, Гавҳар Муродова, Абдуқаҳҳори Қосим, Гулбибӣ Боқиева, Даврони Айниддин, Фирӯза Вайдуллоева, Ӯрмоналӣ Мадаминов, Нуринисои Султон ва дигарон шеърҳое манзур намуданд, ки аз рӯи дарунмоя, равшании  фикру андеша, корбурди ибораву таъбирҳо  ва, умуман, тарзу услуби нигориш ба қобилияти шоирии онҳо ишорат мекунад. Аз ин лиҳоз, бахусус шеърҳои “Пайғоми Наврӯз”-и Гулнисои Ризвоншоҳ, “Чилпо” ва “Яхмос”- и Гулбибӣ Боқиева ва “Фархунда бошӣ доимо!” - и Гавҳар Муродова нисбатан мушаххастар ва муассиртар мебошанд.
Дигар хусусияти ҷолиби озмун иштироки фаъолонаи хонандагони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муҳассилини донишгоҳҳост. Саъю кӯшиши навқаламони наврасу ҷавон, бешубҳа, қобили таваҷҷуҳу дастгирист. Дар шеърҳои озмунии донишҷӯён Дурдонаи Зафар (ш. Душанбе), Зебунисо Ҳамидзода (ш. Душанбе) ва хонандагони макотиби кишвар Анӯшервон Зайнуллоев (синфи 6, н. Ёвон), Лоиқшоҳи Одина (синфи 7, ш. Кӯлоб), Шукронаи Темурмалик (синфи 4, н. Айнӣ), Ёсуман Раҷабова (синфи 4, ш. Душанбе), Мадина Каримова (синфи 4, ш. Душанбе), Шукрона Дадоматова (синфи 6, н. Ашт), Рухшона Асрорзода (синфи 6, ш. Панҷакент), Мақсуда Ҳакимзода (синфи 6, ш. Ҳисор), Шакармоҳи Аслиддин (синфи 8, н. Ёвон), Мадина Исматзода (синфи 8, н. Б. Ғафуров), Ҳизбулло Ашӯров (синфи 9, ш. Исфара), Меҳрона Ҷалилзода (синфи 10, ш. Ваҳдат), Бибиоиша Қурбонзода (н. Восеъ) ва дигарон назару биниши навқаламон ба зиндагӣ, табиати диёр, олами ҳайвоноту наботот ва муҳити гирду атроф ифода ёфтааст.
Дар фарҷом бояд гуфт, ки Озмуни “Беҳтарин шеъри бачагона”, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” созмон дод, хеле муҳиму муфид ва саривақтӣ буда, он  на танҳо ба боло рафтани ҳисси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ дар сиришти кӯдакон ва тақвияти эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии онҳо мусоидат мекунад, балки дар роҳи дарёфту тарбияи соҳибистеъдодҳои ҷавон ва сайқалу густариши қобилияти эҷодиашон таъсири нек хоҳад расонд.

Неъматҷон ФАЙЗУЛЛОЕВ, доктори илмҳои филология,
профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2019    №: 191    Мутолиа карданд: 1876
03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед