logo

иҷтимоиёт

ВАНҶ. СОКИНОНИ СЕ ДЕҲАИ ДУРДАСТ БО ОБИ ОШОМИДАНӢ ТАЪМИН ШУДАНД

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни  30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои бунёдкорию ободонӣ дар деҳаҳои Роғи 1, Роғи 2-и деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев ва маркази деҳоти Рованд шабакаи муосири обрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
«Солҳои пеш сокинони ин деҳаҳо яку ним километр роҳро тай намуда, аз кӯҳдоман об мекашонданд. Акнун ин ҳама мушкилот паси сар шуданд ва зиёда аз 100 хонавода аз пеши дари хонаи худ об мегирад», - гуфт Ҷаббори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ.
Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шарикони рушд аз домани кӯҳ аз масофаи чордаҳуним километр тавассути лӯлаҳо ба деҳа оби тоза омад.
Сокинон бо ҳисобкунакҳо таъмин гаштанд. Маблағе, ки  ҷиҳати истифодаи об пардохт мешавад, барои таъмир ва хариди қисмҳои эҳтиётӣ  сарф хоҳад шуд. Ҳадаф ин аст, ки  шабакаи обрасонӣ мудом дар ҳолати хуби техникӣ бошаду мардум аз он солиёни дароз баҳра баранд.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дурдасттарин деҳоти ноҳияи Ванҷ аз бунбасти коммуникатсионӣ берун шуда, роҳҳо бо маркази вилоят ва пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе дар чаҳор фасли сол фаъол мебошанд. Бунёди бозори муштарак ва пули мошингард бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба тоҷирону соҳибкорони ду давлати бо ҳам дӯсту бародар имкониятҳои васеъ барои рушди фаъолият фароҳам меорад. Дар ояндаи наздик боз 9 пули мошингузар бунёд карда мешавад. То Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия мутобиқи нақша бунёди 80 иншооти хурду бузург дар назар аст.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Пайшанбе ШОҲЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2019    №: 191    Мутолиа карданд: 1925
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед