logo

фарҳанг

АЗ ФАЛАК ТО БА ФАЛАК

Фалак дар он як рӯзгори пешин ва пасин низ ҳама чиз буд. Агарчи худ таърих аст, аммо наметавон ба он таърихеро нисбат дод. Наметавон гуфт, ки дар ин ё он аср ба вуҷуд омада, агарчи бархе асреро барои тавлидаш қоиланд. Бештару беҳтару дурусттар биҷӯянд, таҳқиқ бикунанд, шояд мақсуду дархосташон  бароварда шавад. Аммо ҳатман бояд ба овози боронҳову  рӯдҳо ва шамоле, ки миёни кӯҳҳову дараҳо мевазад, гӯш фаро бидиҳанду ба ҷон, ба ҳафтоду ҳафт банди устухон бишнаванд. Бишнаванду эҳсос бикунанд. Лаҳнҳои зиёд дар давори чарх, чархи фалак мавҷуд аст. Ҳакимон ин лаҳнҳоро шунидаанд ва онҳоро овардаанд. Чаро бояд шак дар вуҷуду андешаи мо дар ин маврид, танҳо дар ин маврид роҳ биёбад?
Пас ҳакимон гуфтаанд ин лаҳнҳо
Аз давори чарх бигрифтем мо.
Ҳазору як овоз аст, овози парандагон. Ба ҳангоми субҳу шом бас фораму дилнишин онҳоро аз вуҷуди худ сар медиҳанд. Чӣ маъно доранд, чӣ мехоҳанд, ҳанӯз барои мо маълум нест. Пас, куҷо метавонем ба асрору хостаҳояшон роҳ бибарем? Ин ҳама дар фалак шакл мегирад, сурат мебандад, маъно пайдо мекунад, шодиву ғамро мепайвандад ва оҳангу суханро мерезад.
Ман хоб будум таги чанори пургул,
Бедор шудум, чи нола дорад булбул.
Гунҷишкак ҳам асар дорад, бо хонишаш, нолишаш, мушкилаш. Ӯро мешунаванд ва дардашро эҳсос мекунанд:
Гунҷишкаки чир-чирӣ, чир-чир соя,
Ёракта бигир, бупар, бишин дар соя.
Он зоғ, зоғи сиёҳро низ одам ба имдод мехоҳад. Як зоғи одии сиёҳ нест. Гӯшҳояш кар аст ва бояд хабарро бибарад.
Эй зоғи сияҳ, ки меравӣ, гӯшот кар,
Аз мо хабаре ба ҷониби ёр бибар.
Аввал, ки равӣ, гиряву зорима бигӯ,
Бовар, ки накард, доғи ҷудоима бигӯ.
Ин зоғ хабарро чӣ гуна шуниду чӣ гуна расонид? Баёни гиряву зорӣ ва доғи ҷудоии як ошиқи раҳдури интизор магар барояш осон аст? Имдод аз зоғ, зоғи сияҳ? Чаро?
Ин чор мисраъро вақте ошиқе, дардманде, чашм ба роҳи ёре дар фасли баҳор, айёми сарсабзиҳои дашту теппаҳо аз баландие бо оҳанг, оҳанги пур аз яъсу ноумедӣ ва баланд мехонад, агар ҳам намебинедаш, мешунаведаш. Не, беҳтар он аст, ки ӯро бишнавему набинем. Дидани ашки шашқатори ӯ ва сӯхтани  чун чӯби тараш бар муроди мо нест. Чӣ гуна аз зоғ имдод нахоҳад? Охир, шояд аз ӯ дар посух бишнавад:
Кафтарбачаро ба хуни дил парвардам,
Имрӯз ба чанги зоғ мебинам ман.
Агар ҳам  ошиқе ба дидори маъшуқ расида, ҳанӯз на бар хостаи дили ӯст.
Дар сояи зулфи ту шукуфтай лола,
Даврони туро баҳор кай мебинам?
Ҷавоб ё худ посух чунин аст: «Ҳеҷ вақт».
Рубоиҳои мардумии мо, ки инъикоси зиндагии миллати мост, ин ҳақиқатро собит месозад. Ин гуна посухҳо, ки дарду аламҳоро тоза мекунанд, бисёри бисёр аст.
Ту ваъда ба барфои зимистон додӣ,
Барфо ҳама об шуданд, кай меоӣ?
Дунё ба як қарор нест. Дарки ин ҳақиқат ва пойдории рӯзҳои нек, ки ҳанӯз дар андешааш мебошаду наёмада, ранҷаш медиҳад ва оҳи сарду ноумедиро барояш «армуғон» меорад.
Наврӯза ба навбаҳор кай мебинам?
Гулҳоро ба шаш қатор кай мебинам?
Гулҳоро ба шаш қатор дар фасли баҳор,
Дунёра ба як қарор кай мебинам?
Оре, фалак дар гардиш аст. Он мегардад ва инро ҳам ба гардиш меорад.
Чархо, фалако, маро ба чарх овардӣ.
Дар ҷавоби ин амал чӣ бояд бикунад? Вақте ки ҳам нотавон аст. Оҳ, дар нотавонӣ наметавонад ҳам «оҳ» бикашад. Аммо дардҳо, фарёдҳо дар синааш танг меоянд ва амраш месозанд, ки фарёд бароварад.
Фарёд зи дасти фалаки бебокам.
Медонад, ки овозаш намерасад. Фалак чун ба ӯ наздик нест ва намехоҳад, ки бишнавадаш.
Фарёд кунам, намерасад овозам,
Ман най бихарам, туро ба най  бинвозам.
Дар поёни кор овозаш хаста мешаваду найаш бишкаста.
Дар мусибатҳои вазнин овози ӯ баланд нест, паст аст, бас паст, аммо пурдард. Гӯиё аз фалак ранҷида ва бо худ андармон асту барои худ менолад. Чӣ ҳам бигӯяд, чӣ ҳам бикунад? Аз гуфтаву карда, ки нафъе нест ва азизтарин касашро фалак дигар бозпас намедиҳад.
Як апаву як хоҳари ҷонӣ будем,
Дар ҳасрати рӯи зиндагонӣ будем.
Мо гуфта будем, ҷона ба ҷон мемонем,
Чӣ медонем, миёни раҳ мемонем.
Дар миёни раҳ мондан ва бори гаронро бар дӯши дил гирифтан осон нест.
Дар роҳ будан пур ва сахт душвор аст. Мебинем, мардбачае дар миёни роҳ ва ӯро ҷасорат ҳамроҳ мебошад. Чи фоҷиае бузург аст. Ин фоҷиа таърих, таърихи ману мо маҳсуб мешавад. Нагурехта ва намегурезем.
Дар роҳ будум, залозили занг омад,
Шамшери муғул ба гарданум танг омад.
Мардбача будум, гурехтанум нанг омад,
Хуни ҷигарум ба ҳар сари санг омад.
Ба роҳҳо ва бар сари ҳар санг бингарем, ба чашми ақл, ба чашми ибрат. Хуни ҳазорон пешиниёни далери мо рехтааст. Не, боронҳо нашустааст, обҳо, рӯдҳо нашустааст. Намехоҳанд бишӯянд, то бубинему дарёбем, онҳо чӣ гуна зистанд ва мо чӣ гуна бояд бизием. Агар нектар бингарему беҳтар бишунавем, балки бар он гӯш биандозем, оҳангҳо ҳам ба вуҷудамон роҳ меёбанд. Ин ҳамаро дар як мафҳум, дар як вожа, ки он ҳам «фалак» аст, ҷой додаанд. Аз ин рӯ, фалак гузаштаи мо ва барои имрӯзи мо ва ояндаи мост. Афсӯс, то ҳанӯз ба фалак роҳ набурдаем, ҳақиқати онро нашинохтаем. Ҷойи афсӯси бештар он аст, ки ҳама имконро дар ин маврид Пешвои миллат бароямон муҳайё кардаву мо пайи омӯзиш, таҳқиқаш, он гуна, ки бояд, коре бас муҳиму мондагорро ба фарҷом нарасондаем. Бешак, бо ин ҳол ояндагон ба асрори ин фалаку он фалак чӣ гуна роҳ мебаранду ошно мешаванд? Албатта, умед, бисёр умед мебандем, ки як рӯз бо шодмонӣ, тантана, ваҷд ва арзи аз фалак то ба фалак рафтан хоҳем гуфт:
Ҳар замон овози ишқ мерасад аз чапу рост,
Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2019    №: 191    Мутолиа карданд: 583

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед