logo

сиёсат

ДАЪВОИ ОЗОДӢ ВА ТИҶОРАТИ ҲУҚУҚИ БАШАР

Рӯзҳои 16 - 26 сентябр дар Варшава - пойтахти Лаҳистон нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба вазъи ҳуқуқи башар баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони он (дурусттараш ҷинояткорони фирорӣ) ширкат варзиданд. Пас аз кӯшиши табаддулоти  соли 2015, ин чорумин нишастест, ки ба майдони баҳси намояндагони Ҳукумат ва мухолифон табдил мешавад. Онҳое, ки хешро мухолифин эълон карданд, аксаран, нафаронеанд, ки ба ҷиноятҳои сахт ва зиддиинсонӣ даст зада, аъзои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ мебошанд ва барои худро аз қабзаи ҷиноят орӣ нишон додан ва пайдо намудани сармоягузорӣ, дастрасӣ ва тамдид намудани мақоми паноҳандагии сиёсӣ ҳамасола нишастҳои САҲА - ро мавриди баҳс ва пархош қарор медиҳанд.

Мусаллам аст, ки  ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ аз бунёд зидди озодии инсон буда, дар замони фаъолияти хеш ҳазорон ҷиноётеро муртакиб шудааст, ки бар алайҳи ҳуқуқу озодиҳои инсонанд. Инҳо чанд рӯ доранд ва ба мисли буқаламун дар ҳар шароит ранги хешро иваз мекунанд. Муддате, ки дар дохили кишвар буданд, хешро дифогари арзишҳо ва ормонҳои исломӣ вонамуд месохтанд, ҳарчанд пас аз касби истиқлол ва аз байн рафтани идеологияи шӯравӣ озодиҳои динию мазҳабӣ дар кишвар ба тарзи густурда ба роҳ монда шуда, дар ин муддат ҳазорон масҷид ва маконҳои ибодат ба вуҷуд омада, мардум ҳамасола маросиму маносики динию мазҳабии хешро озодона анҷом медоданд ва айни ҳол низ озодона анҷом медиҳанд. Вале барои ин гурӯҳи шайёд ва тоҷир озодиҳои мазҳабӣ ба як шиор табдил ёфта, тавассути он худро мудофеи аслии дину мазҳаб на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа эълон намуда, аз кишварҳо ва созмонҳои исломӣ маблағҳои ҳангуфт даромад мекарданд. Он замон, дар дохили кишвар аз ин роҳ ҳазорон бозору дукон ва ширкатҳои хешро фаъол намуда буданд. Зиёдшавии сармоя хоҳиши онҳоро боз ҳам боло бурда, кор то ба ҳадде расид, ки барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ ба тариқи зӯрӣ ва аслиҳа даст ба чунин ҷиноят заданд.
Пас аз шикасти кӯшиши табаддулоти сентябрии соли 2015 ва ошкор шудани аъмоли ҷиноятии ин гурӯҳ, иддае аз онҳо боздошт ва иддаи дигар фирорӣ гашт. Гурӯҳи фирорӣ чун ба идеологияи худашон содиқ набуданд ва хуб медонистанд, ки кишварҳои низоми динӣ ба онҳо паноҳгоҳ нахоҳанд дод, рӯ ҷониби Аврупо оварданд. Бо расидан ба Аврупо ба таъмири косметикии зоҳири худ гузаштанд. Ором - ором ҷелаку дастор ва шалвору риши охундии хешро канор гузошта, худро ба шароити Аврупо мутобиқ намуданд. Акнун барои онҳо ҳуқуқи башар ва озодиҳои инсон  ба шиор табдил ёфта, роҳҳои ба бизнес табдил додани онро андеша намуданд. Ҳамин аст, ки дар чор соли охир барои гул задани аврупоиҳо, махсусан дар соли 2018 гурӯҳҳои наҳзатиро ба қисмҳо тақсим карда, гӯё созмонеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис доданд. Яъне сарварони наҳзатӣ дар Аврупо ба натиҷае расиданд, ки дигар дар дукони Аврупо исломи сиёсӣ чандон харидоре надорад ва пас аз воқеаҳои 11 сентябри 2001 дар Амрико, ки терроризми динӣ дар шакли бисёр хашин зуҳур кард, аврупоиён ва, умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ як андоза тарс ва нобоварӣ доранд. Ҳамин буд, ки ин гурӯҳ 180 дараҷа тағйири зоҳирӣ намуда, гӯиши хешро аз арзишу озодиҳои динӣ ба арзишу озодиҳои инсонӣ кашонданд. Яъне, акнун барои нафароне, ки ҳамеша дар зарфи фаъолияти хеш аз табъизи динӣ, ҷинсӣ кор гирифта буданд, ҳуқуқу озодиҳои инсон тӯтивор ба гӯиши ҳамасола табдил ёфт. Касоне, ки дирӯз дар навиштаҳояшон дигарандешу бовармандони дигар дину мазҳабҳоро мавриди таҳқир қарор медоданд, акнун аз озодиҳои динӣ ҳарф мезаданд ва худро мутамаддину мудофеи ҳуқуқи башар ба ҷилва дармеоварданд. Ҳамон собиқ аъзои наҳзат ва ҳаводорони онҳо бо номҳои болохонадор аз қабили «анҷумани озодандешон», «анҷумани муҳоҷирон», «ислоҳот ва рушд» ва амсоли ин номгузорӣ карданд. Сарони наҳзатӣ гумон мекунанд аз чунин номгузорӣ гӯё воқеияти онҳо тағйир меёбад ва ҳама мардуми ҷаҳон қабул меварзанд, ки афкору андешаи ин гурӯҳ дигар шуда ва ба сатҳи мутамаддину ҳуқуқи башар расида бошад. Акнун тайи ин чанд соли ахир онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба шиори хеш табдил дода, пушти дари САҲА - ро ба охурчаи хеш табдил додаанд. Ҳамин аст, ки чор соли ахир шайёдони тоҷири ҳуқуқи башар давоми як сол нақша мекашанд ва тарроҳӣ мекунанд, ки дар саҳнаи САҲА кӣ ва чӣ гуна нақшро ба иҷро дароварад. 
Нишасти соли ҷорӣ ҳам давоми ҳамон мазҳакаҳои наҳзатӣ буд. Ин бор низ роҳбари фирории ташкилоти террористии наҳзатӣ ва ҳампаймононаш нишасти САҲА - ро ба мазҳака табдил доданд, ба ҷуз аз доду вой, бечоранолӣ ва таҳқиру ҳақорат чизи дигаре дар ин нишаст вуҷуд надошт. Дар бахши аввал, ки барои гуфтушуниди тарафҳо имкони баҳс фароҳам буд, пайравони наҳзат аз доираи одоби баҳс берун шуда, онро ба майдони пархош табдил доданд. Шояд гумон мекунанд, ки доду вой гуфтан ва пархошгарӣ кардан натиҷаи пирӯзӣ бошад. Дарвоқеъ пархошгарӣ яке аз хусусиятҳои меҳварии ин гурӯҳ аст, ки он аз тарзи андешаву тафаккур ва идеологияву ҷаҳонбинии онҳо маншаъ мегирад. Дар ин нишаст роҳбари фирории ташкилоти террористии наҳзатӣ кӯшиш намудааст, баъзе аз чеҳраҳоеро ба хотири собит намудани «дигар шудани ширкатдорон» ҳамроҳ намояд. Вале ин «дигарҳо» низ ҳамонҳоеанд, ки гумроҳона бо папулизми сарони наҳзатӣ дода шудаанд ва дар хаёлашон худро инсонҳои бартари сайёра ва озодибахши башарият тасаввур мекунанд. Лекин, рӯзе ба ин натиҷа хоҳанд расид, ки онҳоро ба ҳайси васила истифода намудаанд. Ин шеваро наҳзатиҳо борҳо такрор карда, махсусан дар даҳаи навади садаи гузашта даҳҳо донишмандону шахсони варзидаро суиистифода ва беобрӯ кардаанд.
Ҳамаи баромадҳои наҳзатӣ пур аз дурӯғу тавтеа бечоранолӣ ва судҷӯӣ буд. Дар баромадҳои Насрулло Раҳмонов, ки бобати озодии матбуот ҳарф зад, аз  баста шудани расонаҳое аз қабили «Озодагон» ва «Тоҷнюс» - у дигарон ёд кард ва даъво пеш овард, ки гӯё онҳо бо таъсир ва фишору таъзйиқи Ҳукумат ва ниҳодҳои амниятӣ баста шуда бошанд. Мусаллам аст, ки то замони фаъолият дар дохили кишвар, вобаста аз пулу даромадҳои хеш  ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ чандин оҷонсӣ ва нашрияву рӯзномаҳоро ба воситаву бевосита сарпарастӣ мекард. Ва далели ин гуфтаҳо метавонанд, матолиби нашркардаи он замони ин расонаҳо дар тамҷид ва таърифи ин ҳизб бошад. Ва табиист, ки пас аз мамнӯъ шудани фаъолияти ҳизби мазкур дар кишвар онҳо дигар имкони молиявии фаъолият надоштанд. Ҳамин буд, ки аз фаъолият бозмонданд ва имрӯз ба ҷуз аз ин расонаҳо дигар расонаҳо фаъоланд. Ин оҷонсиҳо ва хабаргузориҳои басташуда дар шакли дигар ва номи дигар хориҷ аз кишвар фаъолият доранд. Ҳамин тавр, ин масъаларо Азиза Шерова ва Темури Варқӣ низ пайгирӣ карданд ва ҳамон як маром озору гилояро гӯё дар набуди фазои бози иттилоотӣ ба оҳу нола кашиданд. Агар ба умқи нолаҳои онҳо гӯш диҳӣ, фақат як сир ниҳон аст, имрӯз дар дохил расонаи озод нест ва бояд барои расонаҳои берунӣ пулу сармоя ба даст оваранд, то фазои дурӯғпардозии хешро тақвият бахшанд ва аз тарафи дигар пул кор кунанд. Ҳамчунин, оҳу нолае, ки гӯё ниҳодҳои давлатӣ шахсиятҳо ва хабарҳои фейкӣ ё маҷозиро дуруст карда бошанд. Вале боре ба худ суоле намекунанд, ки ин ҳама номҳои гумноми бешахсият, ки аз тарафи онҳо дуруст шуда, шабонарӯзӣ бори таҳқиру маломатро бар сари дигарон меборанд, мутааллиқи кианд ва барои онҳо кӣ бояд посух бигӯяд?
Яке аз амалҳои хандахариши наҳзатӣ ин тӯтивор халалрасонии Ҳумайрои Бахтиёр ба дигарон буд ва аз ҷониби дигар надонистани ном ва унвону вазифаи ҳампаймонони худ, ки ба онҳо «господин молодой человек, сейчас очередь просит»  гуфта муроҷиат менамуд.
Масъалаи дигаре, ки чун ҳамешагӣ сари забони ҳайати наҳзатӣ буд, ин ҷой доштани шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон унвон шуда буд. Ин мавзӯъро низ солиёнест наҳзатиён ба шиор табдил додаанд ва боре аз зиндонҳои ғайриқонунии худ, ки  солҳои 1990 - 2000 дар минтақаҳои зери нуфузи хеш сохта буданд ва инсонҳоро бо бераҳмонатарин усулҳо: аз қабили ба дор кашидан, сангсор кардан, зинда ба зинда дар даҳон  муми гарм рехтан, дар даруни бочка ва систернаҳо зиндонӣ намудан ба қатл расонда буданд, аз ёд бурдаанд. Имрӯз аз «шиканҷа» дар зиндонҳои Тоҷикистон тавтеа сохта, доду бедодро роҳандозӣ мекунанд. Ростӣ ин гуна амалкард сахт тааҷҷуббарангез ва хандадор аст, касоне ки мазҳари андешаи онҳоро арзишҳои асримиёнагии мазҳабӣ ташкил медиҳад ва даъвояшон бунёди кишвари шариатмеҳвар аст, ки то имрӯз чунин навъи кишварҳо бадтарин шеваҳои нигоҳдории зиндониёнро доранд, аз он ёд намекунанд ва низоми зиндонҳои Тоҷикистонро ба чолиш мекашанд. Ҳарчанд аз тарафи Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ, баёноте ирсол шуда буд, ки ӯро то санаи 11 сентябри соли  2019 касе  шиканҷа накардааст, вале яке аз ҳаммаслакони роҳбари фирории ташкилоти террористии наҳзатӣ Мирзораҳим Кузов боз даъвою ғавғои хешро роҳандозӣ карда, пофишорӣ мекунад, ки гӯё ин навъи баёнот ҷаълӣ ва ҳеҷ асосе надошта бошад. Кузов намеандешад, ки ҳазорон нафарро дар солҳои 90 - ум ба хотири ҳарфе, ё ҳиҷое, ё пӯшише маҳкум карда, ба қатл расонданд. Саҳнаи дигари сохтаи наҳзатиён он буд, ки писари Ҳайитро ба ҳайси баромадкунанда ба сухан оварданд. Дар ин саҳна аз шеваҳои ҳамешагии таъсири равонӣ расондан, ки солиёнест роҳбари ташкилоти террористии наҳзати исломӣ ва ҳампаймоёнаш аз он истифода мебаранд, бечоранолӣ ва мазлумнишондиҳӣ истифода шуд. Ростӣ ин ҷавони таҷрибанодидаро сӯиистифода намуданд ва мехостанд аз он барои таъсиррасонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳ истифода намоянд.
Зиндагӣ аҷаб таззодҳое дорад. Роҳбари ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар сентябри соли 2015 тарҳи кудаторо роҳандозӣ намуда, худ ба хориҷи кишвар фирор намуд ва дигар аъзои риёсат, аз ҷумла Ҳайитро ба кунҷи зиндон бурд. Ҳарфҳои ин писар фаҳмиданӣ ва қобили қабуланд, зеро ҳар фарзанд падари хешро дӯст медорад ва падараш барояш беҳтарин падари дунёст, вале бояд ин ҷавон ва аҳлу пайвандонаш ин суолро аввалтар ба роҳбари фирории ташкилоти террористии наҳзатӣ диҳанд, ки ту чӣ рӯзеро бар сари хонаводаи мо овардӣ?! Ва имрӯз падари ман дар зиндон асту аз зиндонӣ будани ӯ низ барои худат дукони тиҷорат дуруст мекунӣ. Аз тарафи дигар набояд бигзорад, ки худ низ ба мисли падар қурбонии бозиҳо ба хотири тиҷорати ин тоҷир гардад. Гумони ғолиб он аст, ки гоҳҳо саркардаи ин ҳизб ба хотире, ки пайвандони онҳоеро, ки ба зиндон афканд аз ӯ суол накунанд, ки падар ё саробони хонадони моро ба чи рӯз афкандӣ ин гуна бозиҳоро ба хотири гурез аз масъулият дуруст мекунад. 
Хулласи калом роҳбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ бо пайравонаш дар Варшава боз саҳнасозӣ, боз ҳамгомаҷӯӣ, боз доду бедод, боз даъво аз ҳуқуқи башар, боз даъво аз озодии матбуот, боз даъво аз кам кардани шиканҷа ва амсоли ин мекунанд. Ғолибан дар ҳамаи ин амалкардҳо, бозиҳо, саҳнасозиҳо як ҳадаф  пинҳон аст: дарёфти сарпараст ё сармоягузор барои идомаи  иқомати пурзарқ дар Аврупо ва маъшуқабозиву истироҳат дар ҳутелҳои (меҳмонхонаҳои) аврупоӣ. Чунин ба назар мерасад, ки роҳбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ тоҷирест, ки ҳуқуқи башарро ҷузъе аз бизнеси худ қарор додааст. Ҳамаи ин баромадҳо ва даъвою бечоранолиҳои наҳзатиро метавон ба як ҷумла ҷамъбаст намуд: «Даъвои  озодӣ ва тиҷорати ҳуқуқи башар». 

Эҳсони ИЛҲОМ, таҳлилгари масоили сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2019    №: 191    Мутолиа карданд: 636

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед