Хабарҳо
Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд
Reuters. Канслери Олмон Ангела Меркел ва сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон доир ба Brexit гуфтугӯи телефонӣ доштанд.
Баъди он намояндаи Даунинг - стрит изҳор дошт, ки барои Лондон мавқеи Меркел оид ба Brexit, махсусан дар хусуси он ки Ирландияи Шимолӣ дар ҳайати иттиҳоди гумрукии Иттиҳоди Аврупо бимонад, қобили қабул нест.
«Агар мавқеи нави Иттиҳоди Аврупо чунин бошад, ягон гуна созишномаи хориҷшавии Британия аз ИА амалан на ҳозир ва на ягон вақти дигар имкон надорад»,- таъкид кард намояндаи Лондон.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3443