logo

сиёсат

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ МЕҲМОНХОНАҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо гузоштани санги асос ба бунёди меҳмонхонаи бисёрошёна оғоз бахшиданд.
Меҳмонхонаи «Сафо плаза» бо тарҳу усули муосир ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷунайдулло Азизов бунёд мегардад. Ин тадбир дар рушду пешрафти бештари соҳаи сайёҳии мамлакат ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ мусоидат хоҳад намуд.
Иншоот дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад ва дар он қариб 60 нафар сокини мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад шуд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки меҳмонхонаи замонавӣ аз 12 ошёна ва 97 ҳуҷра иборат мебошад. Дар меҳмонхонаи сеситорадор дар як вақт ба 135 нафар хизмат расонда мешавад.
Дар бинои муосир маҷлисгоҳ бо 85 ҷойи нишаст, толорҳои машваратӣ, варзиш, кинотеатр, тарабхона барои қабули 80 нафар, қаҳвахона ва ғайра ба инобат гирифта шудаанд. Дар ороиши намои берунаи бино нақшу нигори миллӣ истифода мешавад.
Дар ин мавзеъ аз тарафи коргарони ширкати «Декор Инвест» дар масоҳати 5 гектар шаҳраки замонавӣ бо биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, кӯдакистон, майдончаҳои варзиш, бозии кӯдакон, суҳбаткадаву гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳ бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинон бунёд мешавад.
Тибқи нақша 22 бинои истиқоматии бунёдшаванда аз 6, 7 ва 8 ошёна иборат мебошад. Кӯдакистон барои дар як вақт ба тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак ва мактаб барои 640 нафар пешбинӣ гардидаанд. Дар шаҳраки нав маркази хизматрасониҳои коммуналӣ ва нуқтаи хизматрасонии тиббӣ низ ташкил карда мешаванд. Шаҳраки мазкур дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд шуда, муҳлати сохтмони он дар се марҳила 5 сол муқаррар гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ баҳои арзанда дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ҳидоят карданд.

10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои бунёди меҳмонхонаи замонавӣ бо марказҳои хизматрасонии маишӣ оғоз бахшиданд.
Меҳмонхонаи замонавӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд карда мешавад.
Тибқи лоиҳа иншооти муосири хизматрасонӣ – сайёҳӣ аз 115 ҳуҷра бо шароити замонавӣ иборат буда, бо имкони қабули 200 нафар дар як вақт бунёд мегардад.
Дар меҳмонхона 2 толори маҷлис, марказҳои хизматрасонӣ – фароғатӣ, толори варзиш, ҳавзи шиноварӣ, қаҳвахона, мағозаи либос ва ғайра барои мизоҷон хизмат мерасонанд.
Меҳмонхонаи 9 - ошёна бо назардошти талаботи байналмилалӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои марказҳои хизматрасонии сеситорадор бунёд хоҳад шуд.
Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ то 100 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва баъди пурра ба истифода додани он 50 нафар бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид. Дар асоси нақша дар оянда аз ҷониби соҳибкор кӯдакистон бо 300 ҷой ва мактаби ибтидоӣ барои 540 нафар сохта мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти бунёди иншооти муосири хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе назаррас арзёбӣ карда, ҷиҳати иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ва дар вақти муайянгардида ба истифода додани меҳмонхонаи замонавӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба корҳои сохтмонии меҳмонхонаи замонавии чорситорадор оғоз бахшиданд.
Нахуст Сарвари давлат дар маҳали сохтмон бо лоиҳаи меҳмонхонаи замонавӣ шинос гаштанд.
Сохтмони меҳмонхонаи чорситорадор аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Тоҳир Ҳукуматов, дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе, аз 7 августи соли 2019, ба роҳ монда мешавад. Меҳмонхона аз 18 ошёна иборат буда, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ бунёд хоҳад гардид. Мутобиқи лоиҳа, иншоот дорои 90 ҳуҷра буда, дар як вақт ба 300 нафар хизмат мерасонад.
Дар меҳмонхона бунёди марказҳои хизматрасонӣ – фароғатӣ, толорҳои маҷлис, машварат, варзиш, шиноварӣ, кинотеатр, тарабхона, қаҳвахона ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ 30 нафар бо кори муваққатӣ ва пас аз пурра ба истифода додани меҳмонхона то 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешавад.
Баъди шиносоии пурра бо лоиҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, баҳри иҷрои босифати корҳо ва риояи талаботи санъати баланди меъмории миллӣ дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Соҳибкор бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки иншооти мазкурро то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду сол бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор диҳад.

10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба сохтмони бинои меҳмонхонаи баландошёна оғоз бахшиданд.
Бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии меҳмонхонаи 3 - ситорадор аз 22 ошёна иборат буда, аз тарафи соҳибкори ватандӯст Бахтиёр Саидов бунёд мегардад.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад гашт. Бо бунёд шудани бинои меҳмонхонаи замонавӣ дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ, беш аз 250 ҷойи корӣ таъсис меёбад.
Ҳангоми муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки шумораи ҳуҷраҳои меҳмонхона 70 ададро дар бар мегирад. Дар як вақт имкон аст, ки ба 200 нафар хизмат расонда шавад.
Дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои савдою хизматрасонӣ, фароғатӣ, 234 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ, ошхона, толори варзиш ва қаҳвахона сохта шуда, бунёди таваққуфгоҳи зеризаминӣ низ пешбинӣ гардидааст.
Иншооти мазкур дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори Ҷашни муқаддаси миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардида, зимни корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба назар гирифта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои бунёди бинои муосир дар пойтахти мамлакат изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои муҳташам, ки дар он марказҳои тиҷоратӣ, фарҳангию истироҳатӣ ва меҳмонхонаи замонавӣ ҷойгир мешаванд, инфрасохтори сайёҳӣ дар пойтахт боз ҳам мукаммал гашта, дар самти хизматрасонии баланд ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ шароити арзанда фароҳам мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2019    №: 192    Мутолиа карданд: 1327
03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ЛИГАИ БОНУВОН. "ХАТЛОН" БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

28.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 28 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК». 11 ҲАЗОРУ 931 ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ». 200 ҲАЗОР АҲОЛИИ ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ. МАҶМӮИ МАЪЛУМОТ МИНБАЪД ДАР КИШВАР ТАҲИЯ ВА НАШР МЕГАРДАД

САҲМИ ДУШАНБЕ ДАР ММД-И КИШВАР БА 20,7 ДАРСАД РАСИД

МТС. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. 38 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ТАШКИЛ ЁФТ

КОНФРОНСИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕГАРДАД

ДТҶ. БО ИНШООТИ НАВИ ВАРЗИШӢ ҚАРОРДОДИ ҲАМКОРӢ ХОҲАД БАСТ

БАНДУБАСТ ВА СИФАТИ МАҲСУЛОТ. ДУ ОМИЛЕ, КИ САДДИ СОДИРОТ МЕШАВАД

РОҒУН. ҚОНУНШИКАНҲО 17,4 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

ШАҲРИНАВ. КИШОВАРЗОН ҲОСИЛИ ДИЛХОҲ БА ДАСТ ОВАРДАНД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 419,1 МИЛЛИОН СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед