logo

иҷтимоиёт

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ 45 ДАРСАД ИҶРО ШУД

Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 рӯз сипарӣ гардид. Дар миёни вилоятҳо ВМКБ пешсаф буда, дар нахустин рӯзҳои ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз аввалинҳо шуда дар ҷумҳурӣ аз иҷрои наздик ба 110 дарсади нақша гузориш дод.

Тавре Ориф Нозимиён, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар ин давра комиссариатҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд нақшаро иҷро карданд. Иҷроиши нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ наздики 46 дарсад буда, шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Сангвор аллакай нақшаро иҷро карданд. Нақшаи даъват дар вилояти Суғд дар даҳ рӯзи аввал дар маҷмӯъ, 60 дарсадро ташкил медиҳад. Вилояти Халон бошад, то ин муддат 32 дарсади нақшаро иҷро намудааст. Дар шаҳри Душанбе иҷрои нақша наздики 48 дарсад мебошад. Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ то имрӯз 45 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ таъмин гардидааст.
- Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ барои афсарону сарбозон беҳтарин шароити дарсу тамрин муҳайё шудааст. Аз ҷумла, дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиа мувофиқ ба талаботи ҳарбӣ барои ҳайати шахсӣ ё худ наваскарон синфхонаҳои таълимӣ, мавзеъҳои омӯзишии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, ошхона, хобгоҳ, китобхона, хонаи дастурӯйшӯӣ,   шаҳракҳои васеи варзиш, мавзеъҳои махсуси суҳбатороӣ, хонаҳои дидорбинии волидони сарбозон ва дигар шароитҳои зарурӣ муҳаё шудааст, - гуфт Ориф Нозимиён.  
Ба гуфтаи ӯ, ҳозир гардидани ҷавонон дар рӯзҳои аввали даъват ба комиссариатҳои ҳарбӣ нишон доданд, ки ташкилу гузарондани чорабиниҳои пеш аз даъват, корҳои фаҳмондадиҳӣ, дарки масъулияти хизмати ҳарбӣ, шаъну шарафи он ва дар таваҷҷуҳ бо хизматчиёни ҳарбӣ ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ аз ҷониби сохтору идораҳои масъули даъватӣ амали воқеӣ ва зарурӣ буда, омили пеш аз муҳлат ба иҷро расидани нақшаи даъват дар ҷумҳурӣ гардидаанд.
Ёдрас мешавем, ки даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз 1 октябри соли равон шурӯъ гардида, чорабиниҳои даъватӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2019    №: 192    Мутолиа карданд: 1735
09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед