logo

иҷтимоиёт

НИЗОМИ БОНКӢ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2019 ВА ВАЗИФАҲОИ НАВБАТӢ

Чанде пеш дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба вазъи низоми бонкӣ дар нуҳ моҳи соли равон баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр кард, ки моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро ҷиҳати суботи молиявӣ, татбиқи ислоҳот дар самти сиёсати пулию қарзӣ, ҷоннок намудани фишангҳои монетарӣ ва дар ин робита нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок равона намуд. Дар натиҷаи истифодаи самараноки фишангҳои монетарӣ ва фискалӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, алалхусус таваррум дар сатҳи нисбатан муътадил нигоҳ дошта шуда, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба 6,5 дарсад баробар шуд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода таваҷҷуҳи ҳозиронро ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ҷалб намуда, аз тадбирҳои андешидашуда дар ин самт натиҷагирӣ кард. Зикр шуд, ки бо мақсади татбиқи иқдоми Пешвои миллат оид ба таъмини рушди соҳибкорӣ бо роҳи паст кардани меъёри фоизи қарз, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ чораҳои зарурӣ андешид. Дар натиҷа, меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо пули миллӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли равон нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта ба андозаи 6,4 банди фоизӣ паст гардида, 22,1 дарсадро ташкил намуд. Меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо дар ин давра бо асъори хориҷӣ 15,5 дарсадро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба 1,3 банди фоизӣ паст шуд.
Дар мавриди пешниҳоди маблағгузориҳои қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҳамчун самти афзалиятнок дар кишвар зикр гардид. Дар робита ба ин, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ин самт натиҷагирӣ карда, тазаккур дод, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар давраи ҳисоботӣ додашуда 39,9 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 2 671,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 980,9 миллион сомонӣ ё 58,0 дарсад зиёд мебошад. Ҳамзамон, моҳҳои январ - сентябри соли 2019 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба соҳаи сайёҳӣ 8,1 миллион сомонӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ 27,2 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар идомаи ҷаласа, оид ба вазъи низоми бонкӣ, таъсиси як қатор ташкилотҳои нави қарзӣ дар низом, аз ҷумла бонки исломии ҶСК “Тавҳидбонк” бо роҳи табдилдиҳӣ, ҶСП Бонки “Арванд”, ҶДММ ТАҚХ “Васл”, инчунин таъсиси як қатор марказҳои хизматрасонии бонкӣ баҳри беҳтару хубтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва фароҳам омадани шароити мусоид барои дастрасии молиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ шарҳи мухтасар дода шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа, аз рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкҳо натиҷагирӣ шуда, барои идома додани кор баҳри татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ҷиҳати пешгирии талафоти имконпазир ва коҳиш додани сатҳи хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми бонкӣ, тақвият додани ҳамкориҳо дар самти ҷалби бештари сармояи арзон ва дарозмуҳлат, паст кардани фоизи қарзҳо ва пешниҳоди имтиёзҳои қарзӣ, ҷалби пасандозҳо, такмили идоракунии корпоративӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва тавсеа додани  хизматрасониҳои муосири бонкӣ, вусъат бахшидани доираи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъмини соҳибкорон бо терминалҳо, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, ҷалби кадрҳои баландихтисос, бахсусус ҷалби бонувон ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ вазифаҳои навбатӣ гузошта шуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2019    №: 195    Мутолиа карданд: 832
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед