logo

сиёсат

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ХИЗМАТЧИЁНИ СОХТОРҲОИ НИЗОМӢ

17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти зарурӣ дар пойгоҳи таъминоти моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии кишвар мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони таъминоти ақибгоҳӣ ва молияи сохторҳои низомӣ ва Агентии таъминоти амволи махсус иштирок доштанд.
Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастоварду камбудиҳо дар ин самт ибрози ақида намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки шароити пуртазоди замони муосир тақозо менамояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ҳолати доимии омодагии ҷангӣ қарор дошта бошанд. Аз ҳамин сабаб таъминоти сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бо силоҳу муҳимоти ҳозиразамон, сарулибос, хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва дигар маводу маҳсулот аҳамияти хосса касб мекунад.
Ҳукумати мамлакат барои таъминоти моддии хизматчиёни ҳарбӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, тасмим дорад, ки дар ин самт минбаъд низ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ созад. Ҳамасола аз Буҷети давлат ба ин мақсад маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шуда, таъминот бо сарулибос ва хӯрокворӣ беҳтар гашта истодааст. Ҳамзамон, барои беҳтар намудани шароити хизмат инфрасохтори зарурӣ сохта ба истифода супурда мешаванд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд, ки ақибгоҳ сохтори муҳими Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб рафта, сари вақт таъмин кардани қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ бо маводи ғизоӣ, амволи моддӣ, сӯзишворӣ ва техникаву таҷҳизот вазифаи асосии он ба шумор меравад. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани кор дар ин ниҳод имрӯз сатҳи таъминнокии Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гашта, барои сарбозону афсарон шароити мусоиди хизмат фароҳам оварда шудааст.
Барои таъмин кардани сарбозону афсарон бо сарулибос ва пойафзол дар назди Вазорати мудофиа ва Агентии таъминоти амволи махсус корхонаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ фаъолият менамоянд, ки барои бо ҷои кор таъмин намудани аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ ва қонеъ намудани талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ мусоидат мекунанд. Инчунин, ҷиҳати бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани ҷузъу томҳои низомӣ хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шудаанд, ки онҳо барои бо сабзавоту мева ва гӯшту шир таъмин намудани хизматчиёни ҳарбӣ нақши муҳим доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои низомӣ барои ташкили коргоҳҳо миннатдории худро баён карда, боз ҳам тақвият бахшидани корҳоро дар ин самт тақозо намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиронро ба камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта, аз ҷумла, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, беҳсозии шароити нигоҳдории молу маҳсулот, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ ва коррупсионидошта ҷалб намуда, ҷиҳати бартарафсозии онҳо ва беҳтар кардани таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ дастурҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2019    №: 196    Мутолиа карданд: 524

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед