logo

сиёсат

ПРЕЗИДЕНТ ВА САОДАТИ МИЛЛӢ

Ба ифтихори сазовор гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба унвони Пешвои миллат, ки аз замири халқ рӯидааст, матолиби зиёде нашр гардидаву асарҳои мондагор низ эҷод  шудаанд. Васфи Пешвои муаззами миллат корномаҳои  бемислашон дар шеъру достонҳо, барномаву расонаҳои хабарӣ ҳамеша вирди забони пиру барно буда, шоёни таҳсину офарин ва қобили арҷгузорӣ мебошад.

Ба андешаи мо, Пешвои муаззами  миллат ифодагари  истиқлолияти сиёсӣ, кафили  таъмини волоияти  қонун  ва  роҳбаладу  ҳимоятгари  манфиатҳои  ҳаётан муҳими  кишвар мебошанд, ки эҳтирому эътирофашон шаъну шараф  ва саодати миллист. Дар воқеъ, мақоми арзандаи Пешвои миллат ин як амри таърихиест, ки барои хизматҳои бузургу мондагори Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи саодати миллӣ ба миён омад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои хастанопазир, заҳматҳои шабонарӯзӣ тавонистанд, ки миллати тоҷикро аз  вартаи  ҳалокат  раҳо бахшида, сулҳу субот ва аҳкоми давлатдории навини тоҷиконро поярезӣ намоянд. Сарвари давлат ормонҳои ҳазорсолаи мардуми соҳибтамаддуни моро амалӣ намуда, кишваре бо номи Тоҷикистонро дар ҷаҳон шуҳратёр намуданд, ки ин хидматҳои ватандӯстона дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини мо барои ҳамеша бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.
Маълум аст, ки замони соҳибистиқлолӣ давраи гузаришу эҳё ва  дигаргуниҳои нави ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он таҳаввулоти  нав ва  заминаҳои созандагию бунёдкорӣ ба миён омаданд. Дар ин раванд Пешвои муаззами миллат дар баробари эҳёи ваҳдати миллӣ тамоми атрибутҳои  давлатдорӣ - рамзҳои  сиёсиро аз нав барқарору  эҳё намуда, ба давлатдории  нави тоҷикон ҳусни тоза бахшиданд. Дар пойтахти кишвари азизамон -  шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат боғҳои Парчаму Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуданд, ки дар раванди худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватанпарастии  ҷавонони  кишвар нақши муҳиме хоҳанд гузошт.
Бояд тазаккур дод, ки рисолати Президенти маҳбуби кишвар бештар  ба хислатҳои шахсӣ, истеъдод ва маҳорати иҷтимоиашон вобастагӣ дорад, ки дар  таҷрибаи зиндагӣ сайқал ёфта, тамоми ҳастии худро ба нафъи мардум ва  рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон сафарбар менамоянд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инсони таҳаммулпазир, Сарвари  шуҷои корзор, созандаю бунёдкор, ояндабину тозакор ва илмпарвару фарҳангсолор бо заковати худододии хеш дар миёни мардуми сулҳпарвари тоҷик маҳбубияти беандоза касб карда, ба эҳтироми ҷомеаи башарӣ сазовор гардидаанд.
Таърих гувоҳ аст, ки тамоми даст-овардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ аз  барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ то навсозиву бунёдкориҳои азим, аз қабили иншооти бузурги  аср – НБО “Роғун”, НБО - ҳои “Сангтӯда - 1”, “Сангтӯда - 2”, нақбҳои “Истиқлол”, “Хатлон”, “Озодӣ”, “Шаҳристон”, роҳҳои оҳани Душанбе - Бохтар, Бохтар – Кӯлоб, пулҳои  байналмилалӣ дар дарёи Панҷ, хатҳои интиқоли неруи барқ, бунёди корхонаҳои зиёди саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва садҳо иншооти замонавии дорои таъйиноти гуногун, ки дар маҷмӯъ, ба беҳбуди рӯзгори мардум ва рушди тафаккури миллӣ мусоидат мекунанд, бо кору пайкор ва номи мубораки Пешвои миллат пайванд мехӯранд.
Албатта, ҳамаи дастовардҳои Тоҷикис-тони азизи мо аз файзи ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди халқи шарафманди тоҷик дар атрофи сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар аст. Воқеан, ваҳдати миллӣ пайвандгари қалбҳо ва арзишмандтарин дастовардест, ки на ба ҳар миллату халқият ба осонӣ даст медиҳад.
Аз ин рӯ, набояд фаромӯш созем, ки ваҳдати миллӣ барои миллати мо бо нархи гарон ба даст омадааст ва роҳу равишест, ки дарвозаи бахту иқболи навро барои ба даст овардани андешаҳои бузурги миллӣ боз менамояд. Дар баробари ин, пояҳои худшиносии миллиро мустаҳкаму устувор  намуда, мардумро ба созандагию ҳувиятсозӣ ҳидоят менамояд. 
Мо – пайравони Пешвои миллат талош менамоем, ки дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз нақше боқӣ гузошта, дастовардҳои замони истиқлолият ва арзишҳои сулҳу ваҳдатро ҳифз намоем. Зеро сулҳу ваҳдати комил пойдевори ҳастии миллати тоҷик ва ояндаи боз ҳам дурахшони Ватани маҳбубамон аст.
Парвиз  МУҲАММАДЗОДА,  муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2019    №: 197    Мутолиа карданд: 304

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед