logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД ВУСЪАТ МЕГИРАД

Ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо тантана, шукӯҳу шаҳомат ва хушу хотирмон истиқбол гирифта шуд. Айни ҳол баҳри зебоии бештар ва ба гулзори ҳақиқӣ табдил додани шаҳр, эъмори корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои муосир ба сокинон ва меҳмонон бунёдкорию ободониҳо бо суръати бесобиқа идома доранд.

ҶАШНВОРАИ «ҶИЛВАИ РАНГҲО»
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади боло бурдани завқи зебоипарастӣ ва либоспӯшии аҳли ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба либоси миллӣ, иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе дар майдони 800 - солагии Москва ҷашнвораи «Ҷилваи рангҳо» баргузор гардид. Дар он ғолибони даври ноҳиявии (ноҳияҳои шаҳри Душанбе) ҷашнвора бо барномаҳои ҷолиб баромад намуда, тарзи дӯхтан ва пӯшидани либосҳои зебои миллиро намоиш доданд.  Пӯшандаҳо, тарроҳон, дӯзандаҳо, рассомону чеварон ва ҳунармандони дигар ба тамошобинон намудҳои гуногуни либосҳои миллиро муаррифӣ карданд.
Дар доираи ҷашнвора, ҳамчунин, озмуни «Ҷилваи рангҳо» баргузор шуд. Дар бахшҳои гуногуни озмун либосҳо барои кӯдакону наврасон, бонувону модарон, барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон, барои ҷашну маросим, либосҳои расмӣ, фароғатӣ, корӣ, хонагӣ, қадима ва барои қаҳрамонони афсонавӣ намоиш дода шуданд. Яке аз ҳадафҳои ҷашнвора ҷалби сайёҳон ба тамошои фарҳанги дирӯзу имрӯзи либоспӯшии миллӣ арзёбӣ мегардад.

ТАНТАНАИ ГУСЕЛ БА ХИЗМАТИ ВАТАН
Дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вазорату идораҳои марбута бо мақсади иҷрои Фармони Президенти мамлакат дар бораи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ» чорабиниҳои тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарони ноҳияҳои пойтахт ба хизмати Модар - Ватан баргузор гардид.
Ҳамоиши мутантанро Умед Гуреззода, муовини раиси шаҳри Душанбе, ифтитоҳ намуда, аз номи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба ихтиёриён ва падару модарони онҳо ҷиҳати нишон додани иқдоми зебандаи ҷавонмардон арзи сипос кард. Зикр гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард аст ва боиси хушнудист, ки сафи ҷавонони ихтиёран бо ҳукми виҷдон ва идроки қарзи фарзандӣ ба хизмати Модар - Ватан омода сол ба сол меафзояд.
Падару модарон зимни суханронӣ ба фарзандон фотиҳаи нек дода, адои сарбаландонаи қарзи фарзандиро орзу намуданд. Барномаи фарҳангии рақсу суруд ба ҳамоиш шаҳомати бештар бахшид.

ВУСЪАТИ МАЪРАКАИ ХУРРАМГАРДОНИИ ТИРАМОҲӢ
Маъракаи тирамоҳии  ободу хуррамгардонии шаҳр – шинондани гулу рустаниҳои ороишӣ вусъат мегирад. Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10 сентябри соли равон дар бораи шинондани ниҳолу дарахту буттаҳо, гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 нақшаи тадбирҳо таҳия гардида, амалисозии он идома дорад. Раиси шаҳр бо қарори номбаршуда, ҳамчунин, роҳбарони корхонаю муассиса ва субъектҳои дигари хоҷагидории (новобаста аз шакли моликият) дар шаҳри Душанбе фаъолиятдоштаро муваззаф намуд, ки дар атрофи бинои идораҳо бо риояи тавсияи мутахассисон ва талаботи агротехникӣ шинондани дарахту буттаҳо, гулҳо ва нигоҳубини минбаъдаи онҳоро ба роҳ монданд.
Тибқи маълумот, дар мавсими тирамоҳию баҳории хуррамгардонии солҳои 2018 - 2019 дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо, канори кӯчаю хиёбонҳо ва атрофи корхонаю муассисаҳо беш аз 113 ҳазору 300 бех ниҳоли дарахту бутта ва зиёдтар аз 9,5 миллион дона гулҳои рангоранг шинонда, майдони 167 ҳазор метри мураббаъ майсазор гардонда шуд. Ҳамчунин, 7218 бех дарахти нодири ороишии воридотӣ ҳусни шаҳрро зеботар намуд.
Ёдрас месозем, ки баҳори соли равон дар шаҳри Душанбе озмуни «Сайри лола» баргузор гардид, ки ҳадаф аз он хуррамгардонӣ ва гулу гулзор намудани пойтахт арзёбӣ мешавад. Дар доираи озмун дар гулгашту хиёбон ва мавзеъҳои мувофиқ миллионҳо дона пиёзаки гули лола шинонда шуд.

БУНЁДИ 25 ИСТГОҲИ НАВ
То охири соли равон дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев 25 истгоҳи нави замонавӣ бунёд меёбад. Маблағи умумии сохтмон беш аз 9 миллион сомонист.
Истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва истифодаи сабкҳои меъмории миллӣ бунёд гардида, бо ҷои нишаст, нуқтаи фурӯши матбуоти даврӣ ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ, лавҳаи ҷадвали ҳаракати нақлиёт ва дигар маълумоти зарурӣ таъмин мебошанд.
Ёдрас месозем, ки рӯнамоии аввалин истгоҳи муосир моҳи августи соли 2017 бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, буд. Айни ҳол шумораи чунин истгоҳҳо ба 76 адад расидааст.
Бунёди истгоҳҳои замонавӣ дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҷараён гирифта, ҳадаф аз онҳо боз ҳам ободу зебо гардондани пойтахт, фароҳам овардани шароити беҳтар ва пешниҳоди хизматрасонии муосиру хушсифат барои сокинону меҳмонони Душанбе мебошад.

НАВСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ  ТРОЛЛЕЙБУСӢ
Дар доираи ҳамкориҳои судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд барои навсозии инфрасохтори троллейбусҳо 8 миллион доллар, аз ҷумла 5,2 миллион қарз ва 2,8 миллион гранти сармоягузорӣ, ҷудо мегардад. Маблағ барои навсозии инфрасохтори троллейбусҳо – таъмири зеристгоҳу пойгоҳҳо, насби ноқил ва хатҳои троллейбусҳо пешбинӣ шудааст. Навсозии инфрасохтори троллейбусҳо барои беҳтар шудани хизматрасонии арзони ин нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар имкон фароҳам меорад.
Ёдрас месозем, ки троллейбусҳои муосири Ҷумҳурии Беларус бо иштироки Рустами Эмомалӣ дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» - и шаҳр рӯнамоӣ шуда буданд. Ин троллейбусҳо бо истифодаи технологияи муосир истеҳсол гардида, дорои муҳаррикҳои пуриқтидор, батареяҳои захиракунандаи неруи барқ мебошанд ва аз нигоҳи сарфаи неруи барқ ва ҳаракат дар шароити гуногун бартарии зиёд доранд. Ҳамчунин, дар ин троллейбусҳо лавҳаҳои иттилоотӣ, асбоби огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон, низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 камера,  низоми «клининг» барои даромаду баромади мусофирон ва дар даромадгоҳи мобайн барои нафарони имконияти ҷисмониашон маҳдуд таҷҳизоти «аппарел» насб гардида, дар ҳолати зарурӣ даромадгоҳи троллейбус ба воситаи дастгоҳи идоракунӣ аз ҷониби ронанда пасту баланд карда мешавад.
Айни ҳол дар 7 хатсайри шаҳри Душанбе ба сокинону меҳмонони пойтахт 87 троллейбус хизмат мерасонад.

С. РАҶАБЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2019    №: 197    Мутолиа карданд: 849

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед