logo

иқтисод

САНОАТИКУНОНӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК МАСЪАЛА

Рушди саноати сабук дар раванди саноатикунонии босуръат мақоми афзалтар дорад. Мутаассифона, баъзе корхонаҳо баъди чанд гоҳ аз фаъолият бозмемонанд.   Мувофиқи маълумоти расмӣ, тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон аз 580 корхонаву коргоҳ 134 - тоаш фаъолият накард. Аз ин 8 корхона ба ноҳияи Қубодиён ва 5 корхона ба ноҳияи Шаҳритуз рост омад, ки бештар ба коркарди пахта ва пилла машғуланд. Кадом мушкилиҳо сабаби аз фаъолият бозмондани корхона шудаанд? Суоле, ки моро пайи дарёфти посух ба ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритуз бурд. 

«ДУК». ИҚТИДОРИ ИСТЕҲСОЛӢ ЗИЁД, АММО…
Соли 2014 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритуз нахустин корхонаи абрешимресии «Дук» ба кор даромад. Корхона аз сехҳои муҷаҳҳаз бо технологияи муосири пилларесӣ, ба навъҳо ҷудо кардани он ва бандубасти маҳсулот иборат буда, имконият дорад, дар як сол беш аз 200 тонна пиллаи тар ва 70 тонна пиллаи хушкро коркард ва аз он риштаи хушсифати абрешим истеҳсол намояд. Дар рӯзҳои аввали фаъолият корхона 50 нафар ва баъдан наздики 200 нафар занону духтарони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда буд. Вале дар як муддати кӯтоҳ ҳаҷми истеҳсол кам гардида, шумораи коргарон ба 5-7 нафар расид.
Сабаби асосии таназзули корхонаро директори он Додарбек Мунавваров ба норасоии ашёи хом рабт дод.
- Дар ноҳия миқдори зарурии пилла истеҳсол намегардад. Аз ин рӯ, ҳамкориро бо пиллапарварони дигар ноҳияҳо ба роҳ монда будем. Вале бо ба майдони истеҳсолот омадани дигар корхонаҳо дастрасӣ ба пилла (ашёи хом) мушкил гардид. Аз ҷумла, 25 тонна пиллаи хушк, ки (12 тонна аз ноҳияи Қубодиён, 3 тонна аз ноҳияи Носири Хусрав ва боқимонда аз дигар ноҳияҳо) ҳамасола ба корхона барои коркард дода мешуд, ду сол боз дигар дастрас намегардад, - гуфт ӯ.
Соҳибкор барои пурра ба кор даровардани корхона талош варзида, аз имконияти дар он парвариши инноватсионии пилла, ҳамчунин, аз 100 ҳазор бех ниҳоли шинондаи тут истифода бурд ва соли гузашта 1 тонна пилла истеҳсол ва коркард кард.
- Барои фаъол гардондани корхона иҷозати кор бо хоҷагиҳо бо мақсади сармоягузорӣ кардани пилла ва ё воридоти тухмии кирмак зарур мебошад. Ваъда аст, ки бо мусоидати роҳбарияти ноҳия хоҷагиҳои деҳқонӣ пиллаи нотанида (қарапачак) ё худ пасмондаи пилларо ба мо диҳанд. Вале бо ин ҳам чархаи абрешимресии корхона наметавонад пурра ба кор дарояд,- гуфт Д. Мунавваров.
Тарафи дигари масъала. Раванди истеҳсол ва дастрасии пилла ба корхонаҳои хурди саноатӣ бо табдил ёфтани КВД «Пилла»  ба ҶСК «Пиллаи тоҷик» (бо сабаби хароҷоти худро пӯшонда натавонистан муфлис шуд) кам гардид. Барои зиёд кардани даромади ҶСК «Пиллаи тоҷик» то 30 миллион сомонӣ ва таъмини 510 нафар бо ҷойи кори доимӣ он аз ҷониби корхонаи истеҳсолии «Ганҷ» хусусӣ гардонда шуд. Ғайр аз ин, дар доираи татбиқи «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ҳаҷми истеҳсоли пилла бояд ба 3000 тонна расонда шавад. Тибқи иттилои Назиршо Назаров, директори генералии ҶСК «Пиллаи тоҷик», дар ҷумҳурӣ дар мавсими имсола 801,7 тонна пиллаи тар истеҳсол гардидааст. Яъне то соли 2020, ки муҳлати ками вақт ба шумор мондааст, истеҳсоли пилла қариб се - чор баробар иҷро нагардид.

КОРХОНАҲО АЗ «АҲВОЛ» - И ДЕҲҚОНОН ИСТИФОДА МЕБАРАНД?!
Зимни суҳбат деҳқонони ноҳияҳои Шаҳритуз ва Қубодиён аз он шиква намуданд, ки нархи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ баланд буда, ба ҳосилнокии маҳсулот, аз ҷумла пахта, таъсир мегузорад. Пахтакорон хароҷоти худро напӯшонда, бо умеди бо нархи нисбатан баланд фурӯхтани маҳсулот мешаванд. Аммо корхонаю ташкилотҳо, бар замми ин, гӯиё аз «аҳвол» - и деҳқонон истифода бурда, дар мавсим маҳсулотро бо нархи арзон – аз 3 то 5 сомонӣ мехаранду моҳҳои январ – феврал бо арзиши гарон мефурӯшанд. Ин аз як ҷиҳат нуфузи истеҳсоли ватаниро поин мефарорад ва аз масъулон танзими давлатии нархро  тақозо дорад.  Раҳмон Саидзода,  директори  Институти зироаткорӣ, дар ин бора гуфт, ки дар назди хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис  додани  коргоҳҳои хурди пахтатозакунӣ ва пурзӯр намудани фаъолияти онҳо бо насби таҷҳизоти босифат ба деҳқон фоидаи калон меорад, ӯро ба парвариши зироат бештар ҳавасманд месозад. Дар сурати аз як гектар пахта рӯёндани 30 сентнер то 12 ҳазор м2 газвор, 277 килограмм равған, 726 килограмм кунҷора, 47 килограмм собун ва дигар маҳсулоти зарурӣ гирифтан мумкин аст. Дар ин маврид деҳқон имконият пайдо мекунад, ки пахтаро на ҳамчун ашёи хом, балки маҳсулоти коркардшудаи он, аз ҷумла кунҷора ё чигитро ба корхонаҳо фурӯшад, ки ҳар кадом нархи баланди худро дорад. 

РАҚОБАТ НАМО, АГАР ТАВОНӢ!
Қариб ҳамаи корхонаю коргоҳҳо бо проблема мувоҷеҳанд. Аз ҷониби дигар ба ин раванди иқтисоди бозоргонӣ низ таъсиргузор аст, ки рӯз ба рӯз корхонаҳои нав бо иқтидори бузург ба кор пардохта, ҷойи корхонаҳои нисбатан хурдро танг мекунанд. Барои мисол, пахтаи парваришнамудаи деҳқонони ин минтақа тариқи шартнома ба ҶСП «Равғани Сомонӣ» - и ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ», воқеъ дар шаҳри Бохтар дастрас мегардад. Аммо дар ин миён дар коргоҳҳои хурди пахтатозакунии ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён масъалаи норасоии ашёи хоми пахта ва таҷҳизоти муосир боиси камфаъолиятӣ гаштааст. Масалан, кооперативи истеҳсолии «Ҳоҷӣ Додарбек» - и ноҳияи Қубодиён бо коркарди пахта талаботи аҳолии ин минтақаро бо ашёи рӯзгори рахти хоб, аз ҷумла кӯрпаву кӯрпача, таъмин менамояд. Аммо барои баровардани равған пахта ва таҷҳизоти коркарди чигит надорад. Ҳоло дар коргоҳи ӯ 600 кило чигит бекор хобидааст.
ҶСК «Робита» - и ноҳияи Шаҳритуз ба монанди корхонаи «Дук» бо мушкили норасоии ашёи хом рӯ ба рӯст. Он бо технологияи нав муҷаҳҳаз буда, соли гузашта 7 ҳазору 900 тонна гандум коркарду истеҳсол намуд ва метавонад талаботи солонаи аҳолии ноҳияро бо 150 ҳазор тонна орд таъмин созад. Барои ин имконияти бандубасти маҳсулот низ дорад.
Яъне дар бозори саноат ҳар корхонае, ки рақобат карда метавонад, муваффақ мегардад. Вале бояд сари ин масъала ҳам андешид, ки дар пешорӯи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ фаъолияти корхонаҳое ба монанди «Дук» - у «Робита» чӣ мешавад? Онҳо бояд танҳо ба неру ва тавони худ такя кунанд?! Яъне «Дук» танҳо аз имконияти дар он парвариши инноватсионии пилла истифода бараду ба дастрасии пилла аз хоҷагиҳо умед набандад ва дер ё зуд ҳам бошад, бо иқтидори пурра ба кор медарояд?! Пас, ин аз роҳбарияти корхона боз ҳам заҳмати зиёдро металабад. 

PS: Дар иртибот ба ин, андешаи коршиносон ҷолиби диққат аст: бо истифода аз таҷрибаи пешқадам, ки чанд корхона як шуда, корхонаи пуриқтидор ташкил менамоянд ва аз кластери саноатӣ самаранок истифода мебаранд, барои фаъолияти минбаъдаи корхонаҳои вилояти Хатлон ба манфиати кор аст. Ё ин ки корхонаҳои бузург корхонаю коргоҳҳои истеҳсолиро дастгирӣ менамоянд. Мутаассифона, ин усул дар фаъолияти корхонаҳои вилоят ҳанӯз ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2019    №: 198    Мутолиа карданд: 263

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед