logo

иҷтимоиёт

СОМОНИ БЕҲАМТО. МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК ДАР МАРОКАШ

Дар Марокаш ба ифтихори дзюдочии тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар вазни 73 кило чемпиони ҷаҳон байни ҷавонони то 21 - сола шуд, Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохтаву Суруди миллии мо танинандоз гашт. Ин нахустин медали тиллои варзишгарони тоҷик дар риштаи дзюдо дар чемпионати ҷаҳон аст.

ЧУН СОМОН БА МАЙДОН ОМАД…
Пирӯзии варзишгари тоҷик дар чемпионати ҷаҳон, ки 16-20 октябр дар Марокаш ба вуқӯъ пайваст, номи ӯро ҷойгузини сархати ахбори варзишии расонаҳои ватанию хориҷӣ гардонд. Алъон месазад тафсили ин комёбиро ба он хотир рақам занем, ки Сомон дар майдони ҳарб воқеан ҳамто надошт. Ӯ дар даври якум дзюдочии Кабо Верде Семедо Клаудианоро бо усули «иппон» шикаст дод. Сипас, ба маҳорати волояш рақиби қирғиз Асад Масабиров тоб наоварда, талхии бохт чашид. Бар ҳарифи навбатӣ - Абдул Малик Умаев (Белгия) низ дастболо шуд. Дар чорякфинал варзишгари Италия Эдуардо Мелла ба муқобилаш баромад. Зӯрозмоии мазкур бо ғалабаи бармаҳали паҳлавони тоҷик, ки ин рақибашро низ дар ҳолати «осейкоми» нигоҳ дошт, анҷом ёфт. Дар нимфинал дзюдочии Австрия Самуэл Гасснер садди роҳаш шудан хост, лекин аз сонияҳои аввал Сомон бартариро ба даст гирифта, ӯро ба тахтапушт зад ва роҳ ба вохӯрии ҳалкунанда барояш кушода шуд. Дар даври ниҳоӣ ӯро намояндаи Россия, чемпиони ҷаҳон миёни низомиён ва ҷоизадори «Гран-при» дар Будапешт  Георгий Элбакиев интизор буд, ки чор ғалабаи паёпай дошт. Қувваозмоӣ барои медали тилло миёни онҳо басо пуршиддат гузашт. Яку ним дақиқа қабл аз анҷоми он Сомон бо ҳаракати фиребо ҳарифашро ба ғафлат гузошта, пушт ба татами задаш. Пирӯзӣ!

БЕ МУРАББӢ ЗЕРИ ГАРДУН…
Ҳамин тавр, Сомон Маҳмадбекови 20 - сола бо панҷ ғалабаи пайдарпай дар Марокаш беҳтарин дзюдочии ҷаҳон шуд. Агар ба роҳи то ин дам паймудаи варзишгари ҷавон назар афканем, ба хулосаи қотеъ мерасем: қонунист фатҳи ин қуллаи баланд. Солҳои охир ягон мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ нест, ки ӯ дар онҳо бобарор ҳунарнамоӣ накарда бошад.  Соли 2017 моҳи апрел дар Ҷоми наврасони Африқо дар Тунис, моҳи август дар Ҷоми Аврупо медали тилло, моҳи октябр дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонони то 21 - сола (Загреб, Хорватия) медали биринҷӣ ба даст овард. Моҳи декабри соли гузашта бошад, дар Ҷоми Осиё дар Ҳонконг боз медали тилло насибаш гашт.           
Бешак, Сомон Маҳмадбеков варзишгари соҳибистеъдод ва ситораи нави дзюдои тоҷик аст. Агар фармудаи Сайидо «Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан» - ро ба хотир орем, бояд Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳоро ном гирифт. Маҳз  онҳо буданд, ки бо дарки қобилияти Сомони наврас ӯро ба ҷодаи дзюдо раҳнамун карданд.
Мавриди тазаккур аст, ки варзишгари ҷавон шаҳрванди Россия ва муқими шаҳри Иркутск бошад ҳам, дар мусобиқоти байналмилалӣ чун намояндаи Тоҷикистон баромад мекунад.  

"ХУШБАХТАМ, КИ ФАРЗАНДАМ МИЛЛАТРО МУАРРИФӢ КАРД"
Табиист, ки чемпиони ҷаҳон шудан фавҷи табрикотро ба унвони Сомон Маҳмадбеков «фурӯ рехт». Аз аввалин нафарон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов буд, ки дар таманниёташ омадааст: "Ман бо камоли эҳтирому самимияти беандоза ин фарзанди миллатро барои пирӯзияш дар мусобиқаи ҷаҳонӣ аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва, шахсан, аз номи худам табрику шодбош мегӯям. Амали ҷавонмардонаи Шумо барои тамоми ҷавонони Тоҷикистон намунаи ибрат хоҳад буд. Мо бо Шумо ифтихор дорем».
Нафари дигаре, ки зери «борон» - и зангу паёмҳои табрикотӣ мондааст, албатта, падари Сомон - Моёншо Маҳмадбеков мебошад, ки дар ҷумҳурӣ ба сар мебарад. «Ҳамон шаби 17 октябр аз ҳаяҷону хурсандӣ тамоман нахобидам. Ифтихор кардам, ки писарам Парчами Тоҷикистони азизамонро баланд бардошт», - изҳор дошт дар суҳбат бо хабарнигори "Ҷумҳурият" падари хушбахт. 
Пас аз чемпиони ҷаҳон шудан, Сомон Маҳмадбеков  дар рейтинги ҷаҳонӣ бо 1844 хол ба ҷои 31 - ум ва дар рейтинги олимпӣ бо 1366 хол ба ҷои 22 - юм баромад.

Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2019    №: 198    Мутолиа карданд: 430
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед