logo

иқтисод

ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» - и ноҳияи Мурғоб, ки ба фаъолияти он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли гузашта ҳангоми сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон расман ҳусни ифтитоҳ бахшиданд, ба мавсими зимистон пурра омода  аст. Ин нуктаро масъулони неругоҳи навбунёд зимни боздид ва  шиносоии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз вазъи омодагии идораву муассисаҳои давлатию ҷамъиятии ин ноҳияи дурдаст  баён доштанд.
Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” айни ҳол ягона манбаи равшанӣ ва гармидиҳии ноҳия ба шумор рафта, соли гузашта баъди навсозии комил ба кор андохта шуд. Тавре Холиқ Соҳибназаров, муҳандиси неругоҳ, ба раиси вилоят иттилоъ дод, корҳои омодагӣ дар НБО “Тоҷикистон” барои сипарӣ кардани зимистони тӯлонӣ аз аввали баҳор оғоз шуданд ва бовар аст, ки  неругоҳ дар фасли сармо ҳам бо тавоноии пурра барқ тавлид мекунад.
Дар гузашта неругоҳи мазкур ҳамагӣ 200 кВт - соат неруи барқ тавлид мекард ва 1200 хоҷагӣ дар як шабонарӯз аз 3 то 6 соат барқ мегирифт. Баъди навсозӣ иқтидори НБО “Тоҷикистон”  ба 1 ҳазору 500  кВт - соат расонда шуд.
Ба гуфтаи Абдулло Амонбеков, менеҷери ширкати  “Помирэнержи” доир ба равобит бо ҷомеа, “Тоҷикистон” бо тарзи сохту таҷҳизоташ аз дигар неругоҳҳо фарқ мекунад. Ҳанӯз дар рафти сохтмони ин иншооти муҳим бо тавсия ва супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми дастгоҳу таҷҳизот барои неругоҳ аз тарафи мутахассисон маҳз бо назардошти шароити табиию иқлимии ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб интихоб ва дастрас карда шуданд. Барои мисол, дар сохтмони канали обгузар маводи махсуси синтетикӣ - геомембрана ва геотекстил, ки қобилияти борбардории зиёд ва ёзандагӣ дошта, дар шароити аз ҳад хунук тобоваранд, инчунин, масолеҳи симини “Рено”, ки бо мустаҳкамию ёзандагӣ аз бетон қавитар мебошад, истифода шуданд.
Дар бинои агрегатҳо конструксияҳои махсуси металлӣ, ки гармиро дар дохили бино ба муддати дароз нигоҳ медоранд, истифода шудаанд. Дарвозаҳои сарбанд бо гармкунакҳои махсус, ки дарвозаҳоро дар давраи хунукии аз ҳад зиёд аз яхкунӣ нигоҳ медоранд, муҷаҳҳазанд.
Идоракунии дастгоҳҳо пурра автоматӣ буда, кори тамоми таҷҳизот тавассути системаи СКАДА назорат ва идора карда мешавад. Системаи компютерии идоракунӣ имкон медиҳад, ки НБО - ро ҳатто 1 нафар мутахассис дар як баст идора намояд.
     
Раҳмони  ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2019    №: 199    Мутолиа карданд: 324
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед