logo

ҳукумат

Сол гузашт. Сол дар пеш аст

29 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд. Дар ҷараёни он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2009 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас шуданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумат, роҳбарони сохторҳои давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат, корхонаю муассисаҳо ва ширкатҳои   давлатӣ, бонкҳои саҳомӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд.
Дар оғози маҷлис оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар соли 2009 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух  Ҳамралиев шунида шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки баҳри зиёд намудани ҳиссаи истеҳсолот дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ҳамчунин содда гардонидани расмиёти воридоту содироти маҳсулот тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Сипас оид ба иҷрои буҷети давлатӣ, амалӣ намудани сиёсати  пулию қарзӣ, рафти фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ҳисоботи вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов, раиси Хадамоти гумрук  Гурез Зарифов,  раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода,  раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва роҳбарони бонкҳои саҳомӣ шунида шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба дарёфти  сарчашмаҳои иловагии воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ, бартараф намудани бақияпулиҳои андоз, автоматикунонии фаъолияти нуқтаҳои  назорати гумрукӣ, баланд бардоштани  боварию эътимоди мардум ба бонкҳо, кам кардани фоизи қарзҳо, зиёд намудани мӯҳлати қарзҳо ва зиёд кардани ҳаҷми қарзҳо ба соҳибкорони истеҳсолӣ супоришҳои мушаххас дод.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз ба маблағи 701 миллион сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ба фурӯш рафтаанд. Дастур дода шуд, ки  дар ҳар 10 рӯз ҳаҷми маблағҳои  аз фурӯши саҳмияҳои  нерӯгоҳи    Роғун воридшаванда тавассути  воситаҳои ахбори омма эълон карда шавад.
Ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри назорати харҷи маблағҳои  аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун воридшаванда бо ҷалби созмонҳои  ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори омма як комиссияи ҷамъиятӣ созмон дода шавад.
Дар ҳисоботи  директори Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов зикр гардид, ки  дар соли 2009 1155 тафтишу санҷиш гузаронида шуда,  дар рафти онҳо  тасарруфи  ғайриқонунии  70,5 миллион сомонӣ ошкор гардидааст. Аз ин маблағҳо 38 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.
Барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳбари идораи ду лоиҳаи  инвеститсионӣ доир  ба барқарорсозии системаи ирригатсионӣ ва оид ба соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Рустам Баротов  аз вазифа озод карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин аз фаъолияти  Суди олӣ ва Прокуратураи генералӣ дар самти  таъмини волоияти қонун, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, муайян намудани салоҳияти  мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо тақсимоти  ғайриқонунии замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ изҳори нигаронӣ намуд.
Сипас ҳисоботи раиси Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров, раиси ҶСК «Тоҷикгаз» Саидмамад Шарофиддинов шунида шуд.
Барои роҳ додан  ба камбудиҳои ҷиддӣ дар кори худ се нафар муовинони раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» - Нурмаҳмад Холназаров, Шариф Исоев ва Сафаралӣ Саъдуллоев аз вазифа озод карда шуданд.
Оид ба самараи истифода аз лампаҳои каммасраф бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки  аз ин ҳисоб 875 миллион кВт/соат  нерӯи барқ сарфа карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз беҳ шудани имконоти барқтаъминкунӣ  изҳори қаноатмандӣ карда, дастур дод, ки аз имрӯз сар карда, нерӯи барқ ба аҳолии вилояти Хатлон 10 соатӣ ва ба аҳолии вилояти Суғд аз 30 январ 11 - соатӣ таъмин карда шавад. Иттилоъ дода шуд, ки  таъминоти нерӯи барқ ба ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ аз 28 январ  ба 10 - соатӣ расонда шуд.
Ба раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров дастур дода шуд, ки  истеҳсоли нерӯи барқ дар соли равон аз ҳисоби  таҷдиди нерӯгоҳҳои  Вахшу Варзоб 160 мегаватт зиёд карда шавад.
Ба вазири энергетика ва саноати мамлакат дастур дода шуд, ки корҳои  ҷустуҷӯӣ –геологӣ ва пармакунию истеҳсолиро дар конҳои  нафту газ  вусъат дода, истеҳсоли мазутро дар дохили мамлакат ба роҳ монанд.
Ба фаъолияти ҶСК «Тоҷиксемент» баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки истеҳсоли семент дар соли гузашта дар ин корхона ба 185 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2008 25 ҳазор тонна зиёд аст. Дар зарфи  як сол  31 адад техникаи  вайрону валангор барқарор карда шуда, қарзҳои пешина ва ҷории корхона, ки дар назди мақомоти андоз дошт, пурра пардохта шуд. Чунонки иттилоъ дода шуд, роҳбарияти корхона тасмим дорад истеҳсоли сементро бо истифода аз ангишт низ ба роҳ монад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамияти баланд ва муҳимияти масъалаи бунёди нерӯгоҳи Роғун таъкид дошт, ки ҳисоботи роҳбарияти ҶСК «НБО-и Роғун» бо иштироки роҳбарони  тамоми корхонаю ташкилоти сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ алоҳида, дар даҳаи якуми моҳи феврал  шунида хоҳад шуд.
Оид ба натиҷаҳои кори худ дар соли 2009 ҳамчунин раиси КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» Садриддин Шарипов ва директори ширкати «Помир энерҷӣ» Далер Ҷумъаев ҳисобот доданд.
Нимаи дуюми рӯз ҳисоботи вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олимҷон Бобоев ва роҳбарони  ташкилоту муассисаҳои  соҳа, аз ҷумла КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», КВД ҳавопаймоии «Тоҷикэйр», КВД «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе», КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ҳамчунин  роҳбарони  марказҳои татбиқи лоиҳаҳои  инвеститсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ шунида шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа оид ба тарбияи мутахассисони  баландпоя ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, назорати вазн ва андозаи  мошинҳои калони боркаш дар роҳҳои мамлакат, харидории ҳавопаймоҳои нав, зиёд намудани хатсайрҳои ҳавоӣ, афзун кардани фоизи мусофиркашонӣ аз ҷониби ширкатҳои  ватании ҳавопаймоӣ, тезондани сохтмони терминали нави фурудгоҳи  байналмилалии шаҳри Душанбе ва роҳи оҳани  Душанбе-Қӯрғонтеппа, бо сифати  баланд анҷом додани азнавсозии роҳҳои  мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанак бо нақби Шаҳристон, Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош, Душанбе-Данғара, Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Қӯрғонтеппа-Панҷи поён ва доир ба  дигар корҳои муҳим супоришҳои мушаххас дод.
Дар назди вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ва роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳа зимни ҳисоботдиҳӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба  афзун намудани майдонҳои боғоти нав, рушди ниҳолпарварӣ,  вусъати  сабзавоткорӣ, пеш аз ҳама сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳо, парандапарварӣ, моҳипарварӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Зимни ҳисоботи вазири мелиоратсия  ва  захираҳои  оби  ҷумҳурӣ  Саиди Ёқубзод  Президенти   мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаҷми ҷамъоварии маблағҳои истифодаи об, ки ҳамагӣ 42 фоизро ташкил додааст, изҳори нигаронӣ намуд. Ба масъулини ин соҳа ҳамчунин оид ба татбиқи босифати лоиҳаҳои инвеститсионӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.
Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ва  роҳбарони  муассисаҳои олии таълимӣ вазифадор шуданд, ки баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода кардани кадрҳои дорои диди наву созанда ва ватандӯсту ватанпарвар тадбирҳои судманд андешанд.
Ба вазири меҳнат ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров ва раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов дастур дода шуд, ки пардохти нафақаҳо  то  охири  соли равон бо кортҳои пластикӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки аз истифодаи ғайримақсаднок ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ саривақт пешгирӣ карда шавад.
Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов вазифадор карда шуд, ки оид ба таъмини беҳдошти соҳа, истифодаи мақсадноки  маблағҳои  буҷетӣ ва ворид намудани  техникаю таҷҳизоти муосири муоинаю муолиҷа тадбирҳои иловагӣ андешад.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳамчунин ҳисоботи вазири адлия Бахтиёр Худоёров ва вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ шунида шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати адлия дастур дод, ки ба ҳодисаҳои азобу шиканҷаи маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ роҳ дода нашавад.
Ба Вазорати  фарҳанг дастур дода шуд, ки  оид ба ҳифзи  ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва беҳдошти муассисаҳои соҳа тадбирҳои  муассир андешида шаванд.
Раиси Кумитаи давлатии омор Мерганд Шабозов вазифадор карда шуд, ки  оид ба ташкил ва гузаронидани чорабинии бақайдгирии аҳолӣ тадбирҳо андешад.
Дар ҳисоботи директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров зикр гардид, ки  боздоштшавии шаҳрвандони Тоҷикистон бо маводи мухаддир дар кишварҳои ИДМ дар соли 2009 30,3% ва аз соли  2000-ум ба ин сӯ 81% коҳиш ёфтааст. Дар соли 2009 дар мамлакат 4571  килограмм  маводи мухаддир аз муомилоти  ғайриқонунӣ мусодира шудааст, ки 21,8 фоизи  он натиҷаи кори кормандони  агентии мазкур мебошад. Дар соли 2009  5 гурӯҳи  муташаккили нашъаҷаллоб дастгиру безарар карда шудааст.
Агентии номбурда вазифадор карда шуд, ки оид ба натиҷаҳои  кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба воситаҳои ахбори умум пайваста мавод пешниҳод намоянд, то ки хабарҳои беасосу тӯҳматомези  расонаҳои хабарии хориҷӣ сари вақт рад карда шаванд.
Ба роҳбарони Кумитаи кор бо занон ва оила Хайринисо Юсуфӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмонов, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Ҳайбулло Латипов ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандқул Зикиров, раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ оид ба беҳ намудани фаъолияташон супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати  мамлакат ҳамчунин  роҳбарони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Давлаталӣ Ҳотамов, Агентии сохтмон ва меъморӣ Абдувалӣ Комилов, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ Маҳмадтоир Зокиров, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Раҳмат Бобокалонов ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев ҳисобот доданд.
Бегоҳии рӯз ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои он шунида шуд. Сарвари  давлат Эмомалӣ Раҳмон аз кишт нашудани 10 ҳазору 700 гектар заминҳои корам ва бисёр корҳои дигари роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он изҳори норозигӣ намуда, ба раиси вилоят Ғайбулло Авзал барои ислоҳи ҳолатҳои мавҷуда 6 моҳ мӯҳлат дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1121

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед