logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД ВУСЪАТ МЕГИРАД

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик корҳои ободонӣ дар сатҳи баланд ҷараён доранд. Аз 270 иншооти ҷашние, ки то имрӯз ба нақша гирифта шудааст, 100 адади он бунёд ва аллакай мавриди истифода қарор дорад.

Тавре дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, аз 270 иншооти ҷашнӣ наздик ба 230 адади он бо ташаббуси соҳибкорони баору номуси маҳаллӣ бунёд мегардад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки воқеан нисбат ба соле қабл аллакай симои ноҳияи Темурмалик ба кулли дигар шуда, бо бунёди иншооти гуногун шароити зиндагии мардум низ беҳтар шудааст.
Бунёди мактаб, китобхона, беморхона, меҳмонхона, коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ, таъмири роҳ, чароғонсозии кӯчаҳо, гулгашт, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра аз ҷумлаи муҳимтарин иншооти ҷашнӣ ба шумор мераванд. 
Дар ноҳияи Темурмалик феълан 3 муассисаи томактабӣ амал мекунад. Дар ҳамин ҳол, пешбинӣ мешавад, ки бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 5 кӯдакистони дигар бунёд гардад. Кӯдакистони № 1 ҳанӯз соли 1983 сохта шуда, то имрӯз рӯи таъмирро надида буд. Иншооти мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Нурулло Зикиров пурра таъмир ва бо ҷиҳози зарурӣ муҷаҳҳаз гардид. Дар саҳни бинои он, инчунин, ду майдонча барои бозии кӯдакон бунёд шуд.
Ба гуфтаи Гулчеҳра Муродова, мудири кӯдакистон, ин муассисаи томактабӣ барои 120 тарбиятгиранда буда, феълан 80 нафарро фаро гирифтааст. Кӯдакистон дуошёна буда, аз ошхона, ҷои хоб, синфхонаҳои таълимию бозии кӯдакон ва маҷлисгоҳ барои 50 ҷои нишаст иборат мебошад. Дар ин муассиса бо шумули мураббияҳо 22 нафар кор мекунад, ки ҳамаашон маълумоти олӣ доранд.
Ба гуфтаи масъулони шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ дар пешрафту ободонии ноҳия хеле чашмрас ва арзандаи ситоиш аст. Аз ҷумла, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 32 муассисаи таълимӣ таъмир ва бунёд мешавад, ки саҳми соҳибкорон дар он зиёд аст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 аз ҷумлаи иншооти ҷашниест, ки бо ташаббуси соҳибкорон пурра таъмир ва бо мизу курсӣ, компютер, аёниятҳои дарсӣ ва хати оби ошомиданӣ таъмин карда шуд. Тавре Моҳигул Вализода, директори муассисаи мазкур, дар суҳбат гуфт, мактаб ҳанӯз соли 1987 бунёд гардида, чанд соли охир дар ҳолати хеле хароб қарор дошт. Маҳз бо ҳиммати соҳибкорон Бахтиёр Шерназаров, Шамсиддин Вализода ва Неъмат Холмуродов, ки хатмкардаи ҳамин муассиса ҳастанд, бино пурра таъмир ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардид. 
Бисёре аз сокинони деҳоти дурдасти ноҳия то имрӯз аз надоштани майдончаи варзиш танқисӣ мекашиданд. Бо иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси соҳибкорон имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳӣ, хусусан деҳоти дурдаст чунин майдончаҳои варзиш бунёд гардида истодаанд. Дар маҷмӯъ, қарор аст, то рӯзи ҷашн дар ноҳияи Темурмалик 23 майдонча ва 7 толори варзиш бунёд гардад. Хушбахтона, то имрӯз ду адади он сохта шуда, дар хизмати мардум қарор дорад. Аз ҷумла, аз ҳисоби соҳибкор Нуриддин Қаюмов дар Ҷамоати деҳоти Танобчӣ як майдончаи варзиш сохта шудааст. Атрофи онро суҳбаткада, курсиҳо, гулҳои ороишӣ, ки  барои сайру саёҳати сокинон мебошад, ҳусни дигар мебахшанд. Барои бунёди иншооти мазкур 150 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст.
Раванди корҳои ободонӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ гувоҳи он аст, ки то соли 2021 дар ноҳияи Темурмалик иншооти гуногун сохта шуда, барои дастовардҳои минбаъдаи сокинони заҳматқарини он заминаи устувор хоҳанд гузошт.

Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2019    №: 200    Мутолиа карданд: 1295
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед