logo

иҷтимоиёт

САВРИНИСО МИРҲАЙДАРОВА: «10 ФАРЗАНДИ ДИГАР МЕДОШТАМ, БА ҲИФЗИ ВАТАН МЕФИРИСТОДАМ»

Шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ, кӯчаи Рустам Холалӣ. Роҳи мо ҷониби хонаест, ки он ҷо фарзанди шуҷои Ватан генерал – майор Рустам Амакиев зиндагӣ кардааст. Маро гурӯҳе аз ҷавонон, бо сардории мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, ҳамроҳӣ мекунанд. Вориди ҳавлӣ шудем. Манзили хоксорона, зери дарахти ток, болои кат зане нишастааст. Омаданамонро хушбош гуфт. Ба ҳар яки мо назар карда гуфт: “Мақсадатона фаҳмидам, писаронам. Мехоҳед аз қаҳрамониҳои Рустамҷон бароятон қисса кунам”.
Вақте ба сухан оғоз кард, дар чеҳрааш осори хастагию заъфи пирӣ эҳсос намегашт. Модар бо ифтихор аз фарзанди қаҳрамонаш ёд меовард. Дар ҳарфҳои модар ҷасорати фарзанд ифода меёфт. Ҳангоми суҳбат аён буд, ки шуҷоати ин модар, аз шуҷоати як афсари сарсупурдаи Ватан беш асту кам не. Инро дида, месазад, ки бори дигар ба бузургии зан – модари тоҷик аҳсант гуфт. Хоса ба Савринисо Мирҳайдарова – модари қаҳрамон, ки аз сарсупурдагии ҷигарбандаш ёдоварӣ мекард.

Рустамҷон писари Ватан буд
- Замони нооромиҳо буд. Рустамҷон орзу дошт, ки ба коллеҷи ҳарбӣ дохил шавад. Худам бо ӯ ҳамроҳ шудаму ҳуҷҷатҳояшро супурдем. Ҳама ба ман мегуфтанд, ки вазъият ноором аст, ӯро ба ҷанг мебаранд. Ҳамон замон гуфта будам, ки фарзанд, ки калон шуд, фарзанди Ватан мешавад. Рустамҷони ман фарзанди Ватан буд. Ӯ аз аввал орзуи хонаи боҳашамату сарват надошт. Барои он ки ӯро ман тарбия карда будам ва имрӯз аз тарбияи кардаам ифтихор мекунам. Ифтихор аз он дорам, ки аз Пешвои миллат сар карда, то хурду бузург писари маро қаҳрамон унвон мекунанд. Ба Пешвои миллат гуфта будам ва боз такрор мекунам, ки 10 фарзанди дигар дошта бошам ба хизмати Ватан мефиристам ва қавл медиҳам, ки фарзанди ман бошад, дар ҳама ҳолат дар бари Пешвояш меистад. Фарзанди ман барои шарафу номуси хоҳарону модаронашро ҳимоя кардан, ҳамеша омода буд. Тавре ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз баҳри ҷонашон гузаштанду барои пароканда нашудани миллат миёни обу оташ даромаданд. Шумо фикр мекунед, ки модари Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон лаҳзаҳо ором хоб мекард? Ҳаргиз не! Вале ягон маротиба фарзандашро аз роҳаш нагардонд. Зеро ӯ медонист, ки фарзандашро барои миллат ба дунё овардааст ва дар баробари фарзанди ӯ будан Эмомалӣ фарзанди миллат аст, - гуфт Савринисо Мирҳайдарова.
- Вазифаи ҳар падару модар аст, ки фарзандро, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намояд. Ман имрӯз ифтихор мекунам, ки дар ин самт заррае бошад, қарзи падариамро иҷро намудаам, - ба суҳбат ҳамроҳ шуд – падари қаҳрамон. - Рустамҷони ман аз хурдӣ меҳнатдӯст буд. Ӯ кореро, ки ба манфиати худаш бошаду бар зарари дигарон, намекард. Аз хурдӣ орзуи шахси низомӣ шуданро дошт. Вақте ки либоси низомӣ ба бар савганди ҳарбиро ёд кард, ба савганду либоси низомиаш содиқ монд. Ва ҳамон либоси низомӣ дар тан қаҳрамонона ҷон супурд. Марги фарзанд барои ҳар падару модар фоҷиа ва бисёр вазнин аст. Вале қаҳрамонона ҳалок шудан, дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон супурдан, ифтихор аст. Ман дар вохӯрӣ бо Пешвои миллат будам, дидам, ки ӯ чӣ қадар ғамгин аст. Албатта, фарзанди ҳар яки мо ба Пешвоямон мисли фарзанд ҳисоб мешавад. Ғами ӯ дар ҳамон рӯзҳо аз мо дида зиёд буд. Ман ба ӯ гуфтам, ки муҳтарам Президент, маъюс нашавед, писари ман худро барои амнияту озодии Ватан қурбон кард. Ман дар ҳар дарсе, ки ба хонандагон медиҳам, такрор ба такрор мегӯям: "Ҷавонон, Пешвои миллат ба шумо бовар доранд ва шумо бояд ба ин боварӣ сазовор бошед. Мегӯям, ки фарзанди ман намурдааст, ӯ қаҳрамон аст ва қаҳрамон ҳеҷ гоҳ намемирад. То замоне, ки мисли шумо - ҷавонону ҳукуматдорон аз Рустами ман ёд мекунанд, ӯ зинда аст", - мегӯяд Холалӣ Амакиев, падари Рустам Амакиев.

Шарҳи ҳол
Рустам Амакиев 20 октябри соли 1974 дар ноҳияи Восеъ дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №10 шаҳраки Восеъ гирифтааст. Аз синфи 5 то синфи 8 дар интернати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод таҳсил намуда, баъди гирифтани маълумот ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи касбӣ - техникии №16 супурда, онро соли 1990 бо ихтисоси мошинист - тракторчии соҳаи кишоварзӣ хатм намуд.
Баъди хатми омӯзишгоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи ҳарбии шаҳри Душанбе супурд, баъди 2 моҳ бо роҳхат таҳсилро дар коллеҷи ҳарбии шаҳри Рязани Федератсияи Россия давом медиҳад ва онро соли 1996 хатм намуда, рутбаи лейтенанти калонро мегирад.
Ҳамчун мутахассиси соҳаи ҳарбӣ фаъолияти худро ба ҳайси командири взводи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.
Рустам Амакиев дар соҳаи мудофиаи ҷумҳурӣ худро ҳамчун шахси ҷасуру матинирода ва мутахассиси касбии соҳа нишон дода тавонист.
Рустам Амакиев ба ҳайси ноиби ректори Донишкадаи ҳарбии шаҳри Душанбе фаъолият намуда ба донишҷӯён нозукиҳои касби ҳарбиро омӯзонд, кадрҳои зиёдеро ба воя расонд. Баъди фаъолият дар донишкада Рустам Амакиевро ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳа ба вазифаи командири бригадаи десантии назди Вазорати мудофиа таъйин намуданд. Баъдан фаъолияташро дар Донишкадаи ҳарбии назди Вазорати мудофиа ба ҳайси ноиби ректор идома дод.
Соли 2003 ба Академияи ҳарбии Федератсияи Россия дохил шуда, онро соли 2006 хатм намуд. Баъди хатми академия ба Ватан баргашта, фаъолияти худро дар Донишкадаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дод. Донишу малакаашро ба инобат гирифта, ӯро ба ҳайси командири бригада ба ноҳияи Рашт равон карданд, ки аз уҳдаи ин вазифа низ софдилона баромад.
Ӯ моҳи июни соли 2015 командири гурӯҳи “Алфа”- и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда, то рӯзи вафоташ дар ин вазифа фаъолият намуд.
Рустам Амакиев ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳа барои омӯзиши таҷрибаи давлатҳои тараққикарда ба кишварҳои Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуда, донишҳои муосири соҳаро азхуд кардааст. Барои хизматҳояш Рустам Амакиев аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиа бо ифтихорнома, медалу орденҳои “Ҷасорат”, “Спитамен” мушарраф ва баъди вафоташ бо рутбаи ҳарбии генерал - майор сарфароз шудааст. Соли 2016 литсейи касбӣ - техникии шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъро ба номаш гузоштанд. Мардонагии Рустам Амакиев дар хотири ҳамватанон то абад боқӣ мемонад.
Шодихони НАЗАР, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2019    №: 201    Мутолиа карданд: 402
09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед