logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭҲЁИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатӣ шарафу номуси миллати озодихоҳ, рамзи саодат, соҳибихтиёрии миллӣ, пойдориву бақои миллат аст. Маҳз ҳамин озодӣ аст, ки мардуми азизи мо дар фазои орому созандагӣ бистуҳаштумин солгарди Истиқлолияти давлатии худро таҷлил намуд.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки яке аз марҳилаҳои таърихӣ ва сарнавиштсози миллати сарбаланди тоҷик ин дар айни даргириҳои хунини солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми  Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз оғози гардиши куллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон гашта, низоми давлатдориро барои миллат заминаи асосӣ гузошт.  Интихоб  гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин  қарори  иҷлосияи мазкур буд, ки аҳамияти бузурги онро воқеаҳои баъдина тасдиқ карданд.  
Дар Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 декабри соли 1992 ба мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин зикр гардида буд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи  азиаткашидаам боварӣ дорам».
29 октябри соли 1993 бори нахуст аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳонро оид ба нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин, таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо  бо ҳама кишварҳои   ҷаҳон ошно намуд. Ин воқеаи таърихӣ сарманшаи муаррифии миллати тоҷик ва давлатдории навини он ба ҷомеаи ҷаҳон ҳисобида мешавад, ки ба тадриҷ робитаҳои кишвари мо  қариб бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ба роҳ монда шуданд. Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба тамоми мамолики ҷаҳон равуои озодона дошта, кишвари мо дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сиёсати “дарҳои кушода” - ро пеш гирифтааст, ки муҳаррики асосӣ дар густариши сиёсати  хориҷӣ  мебошад. Бо меҳнатҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистон боло рафта, мақоми он аз ҷониби анҷумани кишварҳои олам, ҳамчун давлати соҳибтамаддун ва сулҳофарин шинохта шуд.
Бо кӯшишу талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сулҳ дар мамлакат таъмин гардид ва он  имкон дод, ки пояҳои давлату давлатдории миллии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ паси сар шавад. Тоҷикистон ҳамчун  давлати дорои тамаддуни бузург ва  фарҳанги беназири қадима эътироф гардид. Иқтисод ва сиёсати миллӣ дар кӯтоҳтарин фурсат ба эътидол омада, Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо роҳи нави тараққиётро пеш гирифт.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо сарварии   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  миллати  мо  дар  соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, коммуникатсия, роҳсозӣ, барқ ва кишоварзӣ ба пешравиҳои бузург ноил гардида, ба ҷои роҳҳои кӯҳнаю  фарсуда  роҳҳои  нави  ба  стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, ки ҷумҳуриро ба давлатҳои Чину Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст менамоянд, сохта ба истифода дода шуданд.
Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мардум дар фазои озоду созанда умр ба сар мебаранд.
Дар шароити пуртазоди имрӯза ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри неъмати озодиву истиқлолият бирасем ва барои боз ҳам ободтару зеботар намудани Ватани азизамон дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат талош варзем.

Шамс АЗИЗӢ, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2019    №: 202    Мутолиа карданд: 1410
03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ЛИГАИ БОНУВОН. "ХАТЛОН" БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

28.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 28 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК». 11 ҲАЗОРУ 931 ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ». 200 ҲАЗОР АҲОЛИИ ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ. МАҶМӮИ МАЪЛУМОТ МИНБАЪД ДАР КИШВАР ТАҲИЯ ВА НАШР МЕГАРДАД

САҲМИ ДУШАНБЕ ДАР ММД-И КИШВАР БА 20,7 ДАРСАД РАСИД

МТС. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. 38 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ТАШКИЛ ЁФТ

КОНФРОНСИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕГАРДАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед