logo

иҷтимоиёт

ЁДГОР ФАЙЗОВ: "АГАР ДАСТГИРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ НАМЕШУД..."

Дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон то 1 октябр қариб 4500 тонна  ангишт ва бештар аз 6600 метри мукааб ҳезум захира гардидааст, ки  мутаносибан 64 ва 63 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар нуҳмоҳа барои хариди ангишт ва ҳезум барои муассисаҳои иҷтимоӣ 6397610  сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Хароҷоти маблағҳои мазкур дар  муассисаҳои маориф 78,5, тандурустӣ 78,2 ва фарҳанг 51,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин давра 90 фоизи  маблағҳои барои пардохти ҳаққи истифодаи барқ ҷудогардида дар муассисаҳои мазкур харҷ шудаанд.

Ёдгор  Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зикр намуд, ки барои ҳамаи мо бояд вазъ дар зимистони гузашта сабақ бошад. Вақте ки яку якбора боришоти зиёди барф  вилоятро фаро гирифту роҳҳо дар асари фаромадани тарма баста шуданд, агар кумаки саривақтии Роҳбари давлат намешуд, шаҳру ноҳияҳои вилоят ба як ҳолати ногувор дучор мегардиданд. Дар  нуқтаҳои фурӯш маводи мавриди ниёзи аввали мардум тамом ва нарху наво хеле баланд шуд. Танҳо бо кумаки Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар имконият даст дод, ки мушкилот дар муддати кӯтоҳ  бартараф карда шавад. Раиси вилоят қатъан талаб кард, ки тамоми  идораву муассисаҳо ба мавсим тайёрии ҳамаҷониба бинанд. Ба  гуфтаи раис, гап сари омодагиҳои воқеӣ меравад, на гузоришҳо ва рақамҳои ҳавоӣ. Раисони шаҳру ноҳияҳо бояд то ҳол пурра аниқ менамуданд, ки талаботи аҳолӣ ба ин ё он маводи хӯрока чӣ қадар аст ва чӣ миқдор захира шуда, чӣ қадари дигар бояд захира шавад. Барои ҳамин ҳам, Ҳукумати кишвар ҳар сол ҳанӯз моҳи март дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон қарор ба тавсиб мерасонад. Раиси вилоят ёдрас намуд, ки зимистони гузашта ба мо лозим омад, ки дар он рӯзҳои душвор бо хароҷоти зиёд ба водиҳои дурдасти Бартангу Вахон орд кашонем. Ҳол он ки масъулон метавонистанд ин корро сари вақт ва бе хароҷоти барзиёд иҷро намоянд.
Таъкид гардид, ки  дар самти таъминоти аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ ҳиссаи истеҳсолоти  худиро бояд афзоиш дод. Деҳоти водии Вахон барои истеҳсоли гандум имконияти зиёд дорад. Баъзе деҳаҳои водии Бартанг ҳам метавонанд бо орди истеҳсоли худӣ таъмин бошанд. Дастур дода шуд, ки дар ин самт мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд. Раиси вилоят, ҳамчунин, ёдрас кард, ки зимистони порсола маводи зидди лағжиши захирашуда зери барф монда, дар мавридҳои зарурӣ худи роҳсозон ҷои онро пайдо карда натавонистанд. Бинобар ин, зарур аст, ки имсол дар мавзеъҳои осебпазир маводи зиддилағжиш ба миқдори кофӣ омода ва техникаи зарурӣ вобаст карда шавад. Бори дигар таъкид гардид, ки техникаи корношоям аз ҳисобот бароварда шавад ва дар  ҳамаи гузоришҳо рақамҳои аниқи воқеӣ манзур гарданд.
Аз он изҳори нигаронӣ  шуд, ки рақамҳои гузоришҳои роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, идораву муассисаҳо доир ба омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ  на ҳама вақт ба ҳақиқат рост меоянд. Маблағҳои ба ин мақсад равонагардида баъзан ғайримақсаднок истифода шуда, манбаи  даромади ғайриқонунии масъулон қарор мегиранд. Ҳатто ошкор гардид, ки дар ҳолатҳои алоҳида миқдори ангишти захирашудаи муассисаҳо дар ҳуҷҷатҳои расмӣ аз будаш зиёд нишон  дода шудааст.
 Ёдгор Файзов ба роҳбарони шаҳру  ноҳияҳо, идораву муассисаҳо дастур дод, ки масъалаи ба қувваи  барқ гузарондани гармкунонии биноҳо омӯхта, бо назардошти  самаранокӣ дар амал ҷорӣ карда шавад. Алҳол бо сабаби амал намудани системаи ҳисоби сарикасӣ дар муассисаҳои  таҳсилоти ҳамагонӣ маблағҳои барои зимистонгузаронӣ  равонагардида нисбат ба талаботи воқеӣ, махсусан дар шароити   ноҳияи Мурғоб, хеле кам буда, ниёзи онҳоро қонеъ гардонда  наметавонанд. Бинобар ин, зарур дониста шуд, ки манбаъҳои  маблағгузории иловагӣ дарёфт карда, муассисаҳо мувофиқ ба  талаботи воқеӣ бо ҳезуму ангишт таъмин карда шаванд.

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2019    №: 202    Мутолиа карданд: 475
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед