logo

иҷтимоиёт

"МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН" КӢ АЗ ҲУҚУҚИ МУШТАРӢ ҲИМОЯТ МЕКУНАД?!

Чандест, ки ба телефонҳои муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои иваз кардани тарофаҳои мобилӣ СМС паёмакҳои аҷиб равон карда истодаанд. Аз ҷумла дар паёмаки телефонии муаллифи ин сатрҳо омадааст: «Уважаемый Абонент, с 16. 09. 2019 г. меняются условия Вашего тарифа «Включайся! Общайся». Тепер за 99 TJS Вам доступны: БЕЗЛИМИТНЫЕ звонки внутри сети, 150 минут на др. сети по РТ, 4 ГБ интернета, БЕЗЛИМИТНЫЙ трафик на мессенджеры Viber, Whatsapp, IMO, Telegram, Facebook messenger и MegaFon Life, а также БЕЗЛИМИТНЫЙ трафик на самые популярные социальные сети: Facebook, Odnoklassniki, Instagram, VKontakte и Twitter. Обновленный тариф Вам будет подключен после окончания срока действия текущего».
Ширкат бо ин моро барои ба ҳамин тарофа пайваст шудан маҷбур кардан мехоҳад? Охир, бе ин ҳам ман ба тарофаи мазкур пайвастам, аммо то ин дам барои суҳбат бо дигар ширкатҳо 500 дақиқа вақт медод. Ҳоло бошад - 150 дақиқа. Яъне ба ивази 1 ГБ интернети иловагӣ, ки онро намехоҳам, 350 дақиқаи маро мебуранд. Барои ман ҳамин 3 ГБ интернети пешина ҳам зиёдатӣ мекард, пас, чаро боз 1 ГБ - и дигар гирам?
Муҳлати пардохти абонентӣ гузашт. Аз пардохти он даст кашидам. Аз ширкат занг зада пурсиданд, ки тарофаи пешинаатон ба Шумо писанд аст? Ман тасдиқ кардам. Тавсия доданд, ки 101 сомонӣ пардохт кунаму боз аз хизмати "МегаФон" истифода барам. Айнан ҳамин корро кардам. Аммо боз хостаи ширкат шуд, яъне 150 дақиқа гуфтугӯ бо дигар ширкатҳо ва 4 ГБ интернету дигар хизматрасониҳо.
Наргис Ёдгорӣ, сармутахассиси раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки воқеан ҳам, ширкати «МегаФон» тағйир додани тарофаҳо ва опсияҳоро бо хадамот мувофиқа кардааст ва иқдоми мазкур дар доираи қонунгузории кишвар аст. Ширкат ҳақ дорад, ҳар вақте ки хост, тарофа ва ё опсияҳояшро тағйир диҳад, танҳо бо хадамоти мо мувофиқа кунад, тамом. Мо наметавонем онҳоро маҷбур кунем, ки ин корро кун ва ё инашро накун, зеро он корхонаи тиҷоратӣ буда, манфиатҳои худро пеш мегузорад.
Рустам Қурбонов, сармутахассиси раёсати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандаи хадамот, гуфт, ки ширкати "МегаФон" бо хадамот ин иқдомҳояшро мувофиқа кардааст. Аммо ширкат муштариро як моҳ пеш бояд хабардор кунад, дар акси ҳол ҳуқуқи истеъмолкунанда поймол мешавад.
Намояндаи дигари ширкати "МегаФон" Александра Арестова ҳам гуфт, ки тибқи шартнома, ширкат бояд даҳ рӯз пеш муштариро огоҳ кунад. Ширкат дар ин масъала ҳуқуқи касеро поймол накардааст.
Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки хадамоти мазкур ба нархгузорӣ ва тарофабандиҳои ширкатҳои мобилӣ дахле надорад.
Анатолий Изюмников, директори иҷроияи ҶСП «ТТ мобайл» («МегаФон Тоҷикистон»), гуфт, ки иваз кардани тарофаҳо, аз ҷумла тарофаи мазкур, дар асоси дархостҳои пай дар пайи муштариён роҳандозӣ шудааст ва ба манфиати муштариён аст, зеро танҳо ба ивази 350 дақиқа ширкат ба муштарӣ 1 ГБ интернети иловагӣ ва мессенҷери телеграми ройгон медиҳад. Дар ҳоле, ки барои ширкат ин 1 ГБ интернети иловагӣ гарон меафтад, зеро агар мо ин миқдор дақиқаҳои интернетиро ба дақиқаҳои гуфторӣ иваз кунем, муштарӣ 6990 дақиқа мешавад. Мо танҳо ба ивази 350 дақиқа 1 ГБ интернет додем.
Вале ҳангоми суҳбати телефонӣ Александра Арестова ба хоҳиши ҳамон тарофаи қаблиро барқарор кардан посух дод, ки ширкат аз тарофаи мазкур зиён медид, аз ин рӯ, зарурати ивази он пеш омад. Аҷабо! А. Изюмников моро миннатдор мекунад, ки «мо ба шумо эҳсон карда, 1 гигабайти арзишаш қариб 7000 дақиқаро дар ивази 350 дақиқа додем, А. Арестова аз зиёни ширкат аз тарофаи пешина сухан мегӯяд!!!
Мушкили пешомада муштариёни дигари ширкати мазкурро ҳам нигарон кардааст. Муштариён шикоят доранд, ки ширкат онҳоро дар рӯзи равшан ғорат мекунад. Чӣ гуна? Ба рақами телефонии онҳо СМС паёмак бо матни: «Рӯз ба хайр Аҳмад! (Далер, Бахтиёр, Раҳим…) Аз 20. 09. 19 ба Шумо тарофаи «Включайся! Говори со скидкой» бо арзиши 25 TJS дар як моҳ пайваст мегардад. Дасткашӣ аз бастаи нави «Включайся! Говори со скидкой» *410*20#».
Аён аст, ки ин ҷо ширкат, муштариро ба таври автоматӣ ба тарофаи нахостааш пайваст кардан мехоҳад, яъне агар муштарӣ рамзҳои даркориро начинад, ин тарофа ба сари ӯ бор мешавад. Магар ин тарофаи пайвасткунии маҷбурӣ нест? Наход дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ нозукиҳои ин найранги маккоронаро пайхас накарда бошанд? Чаро дуруст, одӣ ва бе найранг пешниҳод намекунанд: «Муштарии муҳтарам! Ба шумо тарофа ё хизматрасонии (номи тарофа) пешниҳод мегардад. Агар пайваст шудан хоҳед, фалон рақамҳоро чинед)? Ба ҷои ин пайвастшавӣ ба таври автоматӣ ва маҷбурӣ ба дӯши муштарӣ бор карда мешавад. Рақамчинӣ накуну қандата хӯр, аз тарофаи пешинаат халос мешавӣ. Магар чунин гуфтан мехоҳанд?
Тасаввур кунед, ки муштарӣ аз паёмакҳои пай дар пайи ширкат дилтанг шуда, аксари онҳоро намехонад. Паёмакро накушодаву нахонда нобуд месозад. Пас, ҳоли ӯ чӣ мешавад? Пулро ба таври автоматӣ аз ӯ мерӯёнанд! Магар ин дуздии рӯирост нест? Чаро наменависанд: агар ба тарофаи нав пайваст шудан хоҳед, фалон рақамҳоро чинед? Нозукии масъала ҳам дар ҳамин аст, ки ба муштарӣ хизматрасониро чаппа пешниҳод мекунад: нахоҳӣ - рақам чину илтимос кун, вагарна автоматӣ пайваст мешавӣ! Гумон намекунем, ки дар Хадамоти инҳисорӣ инро нафаҳманд ва ҳам, ба андешаи мо, рисолати аввалини хадамот ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон, яъне мардум аст, на ширкатҳои серпул.

Шаҳбоз АБРОР, ш. Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2019    №: 202    Мутолиа карданд: 1049

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед