logo

ҳуқуқ

ПАЙМОНИ ДУРӮҒИНИ МИЛЛӢ – ФАРЗАНДИ НОТАНИИ ТТЭ ҲНИ

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти иртиҷоиву динии экстремистӣ - террористиро яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ донистааст. Дар мубориза бар зидди чунин равандҳои номатлуб, ки ба оромиву осудагии мардум хатару таҳдидҳои бебаргашт эҷод мекунанд, табақаи равшанандешони тоҷик дар сафи пеш қарор доранд. Инро аз мақолаҳои бешумори донишмандону рӯзноманигорон дар саҳифаҳои матбуот, гуфторҳои намояндагони табақаҳои гуногуни кишвар аз тариқи шабакаҳои радио ва телевизион  метавон дарёфт.
Ба пиндори мо таърихи пешинаи ТТЭ ҲНИ, ҳастаи террористӣ ва симои метаморфозиву буқаламунии он ниёзе ба тавзеҳу бозбинӣ надорад, зеро дар ин бора мақолаҳои зиёди таҳлилие ба чоп расидаанд. Дар кишвари мо ҳатто наврасон огоҳанд, ки ифротгароёни динӣ дар бағал тухми заволу варшикастагии Тоҷикистон ва ноосудагиву нокомии мардуми моро ниҳон дошта, пайваста дар ҷустуҷӯи заминаву фурсати киштани он донаҳои сиёҳи аҳриманӣ дар сарзамини озоду ободу даҳрии мо мебошанд. Равшан аст, ки онҳо дар оғӯши ҳангомахоҳону бузургманишони ҷаҳонӣ орамида, барои роҳ додани созмонҳои мусаллаҳи иртиҷоии динӣ, ба сони Толибону ДОИШ  ба марзҳои кишвари мо ҳамвора тадбирҳоеро мехоҳанд ба роҳ андозанд, вале ба зудӣ ба зери чоҳи кандаи худ афканда мешаванд.
Пайдост, ки онҳо аҷирони (наёмникҳои) бадбинони кишвари Россия ва шарикони стратегии ӯ буда, пас аз такя задан дар ҷумҳуриҳои Назди Балтик, даст ба нооромии Гурҷистону Украина бурдаанд ва орзуи шаби хобашон низ рахна задан ба Осиёи Марказӣ аз самти Тоҷикистон мебошад. ТТЭ ҲНИ бо ҳунари иваз кардани пӯсти худ дар кишварҳои Лаҳистон (Полша) ва Олмон (Германия) акнун зери унвони «Паймони миллии Тоҷикистон» барои хеш парда ороста, дар фазои сиёсати умумиҷаҳонӣ мекӯшад мақому манзалати баланд доштанро нишон диҳад ва бад – ин васила маблағгузорони худро бовар кунонад, ки маошу харҷу варҷи аз хазинаи террористони ҷаҳонӣ гирифтаашро ҳалол карда, мехӯрад.
Ончуноне огоҳ шудем, чанде пеш дар шаҳри Варшава Конфронси ҳуқуқи башари САҲА дар ҷараён буд ва ҳайати расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар ин нишаст иштирок дошта, бо далелҳои  солими мантиқӣ дар пушти таркибҳои ба кор бурдаи онҳо, чун «озодии баён» «гуногунандешӣ» «аз роҳи дин демократисозии ҷомеаи Тоҷикистон», парда аз чеҳраи ифротгароии динӣ ва террористии созмони ба ном Паймони миллӣ бардошта, ҳадафҳои эктремистии онро боз намоён кардааст.
Ҷараёни конфронси ҳуқуқи башарии Варшаваро донишманд  Абдуллоҳи  Раҳнамо дар саҳифаҳои  шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, бо як эҳсоси баланди меҳанхоҳӣ ва сабки равону мантиқӣ бозгӯ намуда, хабареро пахш кардааст, ки дили ҳар меҳанпарастро гарм мекунад. Донишҷӯёни тоҷики дар Лаҳистон зистгоҳ дошта, дар ҳамоише гирд омада, дар мавриди аз ҳама боло будани арзишҳои миллӣ ва осудагиву оромии мардуми Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Абдуллоҳи Раҳнамо дар ин росто навиштааст: «Шоми  гузашта ҷавонону донишҷӯёни тоҷики муқими Лаҳистон дар ҳошияи ин конфронс нишасти таҳлилие бо номи «Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳамбастагии миллӣ дар баробари таҳдидҳои ифротгароӣ» баргузор намуданд, ки аз назари паёми худ шояд муҳимтар аз худи конфронси Варшава буд. Дар он доираи васеи аҳли фикру андеша ва намояндагони гурӯҳҳои  гуногуни  фикрӣ ҷамъ омада, дар боби арзишҳои муштараки миллӣ сухан гуфтанд. Бале, давлат, ҳукумат, қудрат бинобар вазифаю масъулияти хидматию сиёсии худ мубориза ва истодгариро бар зидди ифротгароӣ пеш мебарад, аммо нуктаи авҷи ин нишаст дар он буд, ки аҳли зиё, мутафаккирон ва донишмандони тоҷик, новобаста аз мавқеи фикрию сиёсию фарҳангии худ дар муқобили таҳдиди умумӣ, яъне афкори ифротгароию харобиовар садо баланд карданд».
Бо ҷумлаҳои дар боло оварда гуфтори худро дар пиромуни паймони ҷудоиандози миллӣ, ки минбари САҲА – ро хостааст ҷойгоҳи сангандозии худ ба сӯи оини давлатдорӣ ва истиқлолияти тоҷикон қарор диҳад, метавон поён дод. Аммо мо наметавонем дар бораи нокасиву бегонагии муште аз носипосони ватангумкарда, ки дар рӯзҳои муқаддаси Ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки бо ҷашни нуру рӯшноӣ, хуррамиву болидагии тамоми мардуми кишвар рост омада буд, сухане чанд нагӯем.
Ба гардиш  даромадани чархаи дувуми Неругоҳи  барқи обии “Роғун”  қудрат ва ғуруру сарбаландии тоҷикон, ояндаи дурахшони онро ба намоиш гузошт. Ин ғалабаи  давлати тоҷикон  ба торикиву зулмот буд, ки бандагони онро дар симои ифротгароёни динӣ ба азодорӣ шинонд. Дилҳои сиёҳи онҳо гирифтори сактаи дуюм гашт ва аз наздик омадани поёни умрашон хабар дод. Онҳо бо иллати бадсиголии худ наметавонанд ҳамроҳи ҳама мардумони кишвар хушнуд бошанд; на аз рухдоди бузурги сарзамини тоҷикон – ба кор даромадани чархи дуввуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”, на аз пирӯзиҳои ҷавонони диёрамон дар арсаи варзиш, аз ҷумла пирӯзии дастаи футболбозони тоҷик дар бозиҳои Осиё. Онҳо бо чашми худ дида наметавонанд, ки дар зарфи як соли охир дар шаҳру деҳоти кишварамон чӣ қадар боғҳои зебову ороста, хиёбону растаҳо, бунёд шуданд. Тоҷикистон дигар акнун худро бо як силсила маводи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, оҳан, алюминий, хишт, лулаҳои обкашӣ ва монанди он таъмин мекунад. Он рӯз дур нест, ки мо аксари маҳсулоти кишоварзиамонро дар дохили кишвар бо коркарди ниҳоӣ ба хориҷи мамлакат содир хоҳем кард. Дар кишвари саноатии мо садҳо ҳазор ҷойҳои корӣ муҳайё хоҳанд шуд.
Мо медонем, ки Паймони ба ном миллӣ, ки фарзанди нотаниву маснуии (кланированнвый) ТТЭ ҲНИ мебошад, барномаи оқилонаи сиёсие надорад ва ҳамон аврупоиёни солими Олмону Лаҳистон ба нокорагӣ ва маҳдудияти андешаварзии онҳо ришханд мезананду аз террорист буданашон ҳазар мекунанд. Нуктабинони он кишварҳо низ пай мебаранд, ки дар пушти чунин созмонҳои  бехирадона ташкилотҳои массонии (массонская ложа) шарқиситез, ки дар тарҳи нақшаи 100 - солаашон оҳиста - оҳиста ба нобудӣ расондани ба қавли худашон «қавмҳои ноқисулақл» (умственно неполноценные народности) мебошад, қарор доранд. Дуруст дарёфтааст Абдуллоҳи Раҳнамо, ки ин ташкилот дар асл аз чанд нафар аъзои собиқи ҳизби наҳзат ва чанд нафар шахсони ориятӣ иборат мебошад.
Дар ёдам ҳаст, ки сарварони ин созмон, соле пеш аз минбари ҳамоише зери унвони «Таҷрибаи татбиқи низоми демократӣ дар ҷаҳони ислом», ки бо ташаббуси кишвари Тунис дар шаҳри Бонни Олмон доир гардида буд, сухангӯӣ карда инқилоби барпо кардаи ҳизби наҳзати исломи Тунисро баҳои баланд дода, ваъда карда буд, ки аз таҷрибаи онҳо дар Тоҷикистон кор хоҳанд гирифт. Аммо он душманони оромиву давлатсозии тоҷикон, ки ҳамвора дар пайи айбҷӯйии бепоя мебошанд, шарм карданд то аз шикасти ҳизби кишвари тавсифкардаашон, ки дар як давраи кӯтоҳи ба курсии давлатдорӣ нишастан беҳунариву нотавонии хешро нишон дода, дар интихоботи парлумонӣ ва президентии баъдӣ зимоми давлатдориро аз даст дода, қудратро ба ҳизби пирӯз супурду худ дар мақеъи оппозитсионӣ қарор гирифт, суханеро ба забон оваранд. Ин такрори ҳамон нотавонии худашон буд, ки 30 дарсади курсиҳои вазорату раёсатҳоро ишғол карда,  аз сабаби коршиноси риштаи муайяни идориву муҳандисӣ набудан, низоми корро хароб карда, коргоҳҳоро рӯ ба варшикастагӣ ниҳоданд ва аксар худашон аз маъмурият даст кашиданд.
Саркардаҳои террористону ифротгароёни тоҷикон ба хориҷа гурехтани шармсори худро «ҳиҷрат» унвон дода, бо ҳарзасароиҳои худ мехоҳанд дар дили ҷавонони тоҷики муқими кишварҳои Аврупо тухми ҷудоиандозӣ бикоранд, ки дар бағал чормағзи пӯч гардонданро мемонад; на мағзе доранд барои баҳра бурдан ва на нутфае ҷой дорад барои дубора рустан.

Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2019    №: 202    Мутолиа карданд: 286

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед