logo

туризм

САЙЁҲӢ. СУХАНЕ ЧАНД ОИД БА РОҲҲОИ ПЕШРАФТ

Бо дарназардошти иқтидори бузурги сайёҳии мамлакат ва боз ҳам равнақу ривоҷ бахшидани ин соҳа, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод доштанд, ки 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардад. Ин, бешубҳа, баҳри пешрафт ва инкишофи соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва дар ин замина ҳарчи бештар ҷалб шудани сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии диёри офтобрӯяи тоҷикон, фарҳанг, таърихи пурғановат, анъанаҳои неку шоиста ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидати бештар хоҳад кард.
Зикр намудан бамаврид аст, ки тайи солҳои ахир сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои сердаромад табдил ёфтааст ва пешрафти як қатор кишварҳои олам, ба монанди Фаронса, Испания, Италия, Австрия, Швейтсария, аз ин соҳа мебошад. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон,  оғози асри равон даромад аз ин соҳа дар олам 461 миллиард долларро ташкил намуд, ки далели беш аз пеш маъруфият пайдо намудани туризм мебошад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистони биҳиштосо бо  мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, кӯҳҳои осмонбӯс, дарёҳои шӯху тезҷараён, чашмаҳои мусаффову шифобахш ва олами рангини набототу ҳайвонот барои рушди туризми экологӣ, пиёдагардӣ, кӯҳнавардӣ, велосипедронӣ, табобатӣ ва амсоли инҳо имконоти фарох дорад. Дар баробари ин, солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат иншооти зиёди хуштарҳи замонавӣ бунёд ёфтаанд, ки барои ҷалби бештари сайёҳон такони ҷиддӣ бахшид.
Бартар аз ин, додани имтиёзҳо, бунёди инфрасохтори ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ, зиёд намудани хатсайрҳои туристӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, беш аз пеш беҳтар гаштани пазироии сайёҳон, роҳандозии ҳуҷҷатгузории электронӣ ва тарғибу ташвиқи иқтидори сайёҳии кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма вазъи соҳаро боз ҳам беҳтар намуданд. Ҳамин буд, ки соли гузашта аз кишвари меҳмоннавози тоҷикон зиёда аз як миллион нафар сайёҳи хориҷӣ дидан кард ва ин тамоил соли равон низ идома дорад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ояндаи соҳаи сайёҳӣ неку дурахшон аст. Зеро чуноне ҳамагон шоҳидем, дар доираи пешвози сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар корҳои ободонӣ вусъати тоза мегиранд ва дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иншооти зебову муосир, аз қабили хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхона, тарабхона, маркази савдо, корхонаҳои саноатӣ, марказҳои фароғатӣ ва ғайра қомат меафрозанд, ки ин низ барои пешрафти туризм ва ҷалби теъдоди зиёди сайёҳон мусоидат хоҳад кард.

Иброҳим МИРЗОЕВ, муовини директори коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2019    №: 202    Мутолиа карданд: 326

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед