logo

иҷтимоиёт

НУРОБОД. БАХШҲО БА ФАСЛИ САРМО ОМОДААНД

Бо мақсади сари вақт омода намудани муассисаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва аҳолӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар ноҳияи Нуробод тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд.
Тавре Дӯстзода Ҳасан Тақдир, раиси ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, ҳамаи бахшҳои иҷтимоию иқтисодии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин самт омодагии ҳамаҷониба гирифта, маҳсулоти фаровон захира намуда истодаанд.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади таъмин намудани 157 муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг барои захира намудани 845 тонна ангишт аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ қариб 600 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. То имрӯз бештари муассисаҳои мазкур бо ангишти хушсифат ва ҳезуму сӯзишвории дизелӣ таъмин гардиданд. Ин муассисаҳо бо ангишт тариқи шартнома бо соҳибкорони маҳаллӣ ва нақлиёти иҷоравӣ таъмин карда мешаванд.
Дар қисми зиёди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва коллеҷи касбомӯзӣ дегхонаҳои буғӣ амал намуда, тамоми синфхонаҳо тариқи шабакаи ягона бо гармӣ таъмин мегарданд. Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия баҳри нигоҳдошти роҳҳои маҳаллӣ ва роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар фасли сармо шароити зарурӣ муҳайё намудааст. Масъулони соҳа баҳри бемамоният пушти сар намудани зимистон ва вақти боридани барф ба ноҷӯриҳо мувоҷеҳ нагардидани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба захира намудани маводи зидди лағжиш дар қитъаҳои хавфноки роҳҳои автомобилгард ва омода намудани техникаю механизмҳои роҳдорӣ авлавият медиҳанд.
Кормандони шабакаҳои барқи ноҳия то ин дам ба маблағи 187 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии ноқилу симчӯбҳои таъмирталаб ва дигар корҳои пешбинишударо барои давраи зимистон ба анҷом расонданд.
Дар ноҳия 6 нуқтаи фурӯши гази моеъ ва дигар намуди сӯзишворӣ таъсис дода шудааст.
- Дар дигар бахшҳои хоҷагии халқи ноҳия низ ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагии ҳамаҷониба гирифта мешавад, то давраи сарморо бе ягон мушкилӣ паси сар созем, - гуфт раиси ноҳия.

Худодод ЗАЙНИДДИН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2019    №: 203    Мутолиа карданд: 337
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед