logo

иқтисод

ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ. "ПИРЯХҲОИ ХУДРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ"

Бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон маъракаи (аксияи)  ҷумҳуриявии «Пиряхҳои худро ҳифз менамоем» доир гардид.

- Мақсад аз баргузории  чорабинӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим аст, ки боиси  обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистон гардидаанд. Обшавии пиряхҳо яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Барои пешгирӣ намудани пиряхҳо аз обшавӣ зарур аст, ки корҳои таблиғотиро ҳамасола дар сатҳи ҷумҳурӣ роҳандозӣ намоем. Ҳукумати ҷумҳурӣ якҷо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба ҳифзи пиряхҳо нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи давлатии ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро таҳия намудааст, - иброз дошт Назриаллоҳ Сарабеков,  директори муассисаи давлатии Маркази илмӣ - тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Зикр гардид, ки ҳоло обшавии пиряхҳо дар  қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон бештар ба  мушоҳида мерасад. Сабаби асосии ин воридшавии бодҳои гарм мебошад. Агар  ба раванди  обшавии пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон назар афканем, дар 60 - 70 соли охир аз се то панҷ километр обшавии босуръати он ба  мушоҳида мерасад.
- Вақти он расидааст, ки савияи дониши аҳолиро оид ба ҳифз ва захираҳои пиряхҳои Тоҷикистон  баланд бардорем. Тавре маълум аст, Тоҷикистон сарчашмаи асосии захираҳои оби  Осиёи Марказӣ мебошад. Бинобар ин, омӯзиш ва ҳифзи  пиряхҳо яке аз  манбаъҳои асосии  таъмини об  дар минтақа  аст, - гуфт Анвар Ҳомидов, коршинос оид ба масъалаи тағйирёбии иқлим.
Зикр шуд, ки ҳамоиши имрӯза на танҳо моҳияти ҷумҳуриявӣ, балки минтақавию ҷаҳонӣ низ дорад ва мо чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти омӯзиши  тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии тағйирёбии иқлим, хусусан  ба пиряхҳои Тоҷикистон, набояд бетараф бошем. Дар  50 - 60 соли охир тақрибан  30 дарсади пиряхҳои Тоҷикистон рӯ ба нестшавӣ ниҳодааст ва ин раванд то ҳол  идома дорад. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва  омодашавӣ ҷиҳати паст намудани  таъсири ин омилҳо  хеле муҳим мебошад.
Мавриди зикр аст, ки беш аз 6 дарсади  масоҳати умумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  пиряхҳо ташкил медиҳанд.  Маҷмӯи захираи ях дар пиряхҳо ба 845 километри мукааб баробар мебошад. Пиряхҳои Тоҷикистон зери таъсири сахти тағйироти иқлим буда, шумораи пиряхҳои хурд сол ба сол кам гашта истодааст.
Ҳамоишҳо дар шакли ҷамъомаду роҳпаймоиҳо дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ доир гардиданд.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2019    №: 203    Мутолиа карданд: 1222
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед