logo

ҳуқуқ

НИЗОМИ ИҶТИМОӢ. НАҚШИ ДУНЯВИЯТ ВА ДИНИЯТ

Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, бавижа дар кишварҳои мусулмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст. Суистифода аз дини ислом, парокандани тухми кинаву адовати мазҳабӣ, нохун задан ба эҳсоси мазҳабии мардуми минтақаҳои Ховари Миёна барои таҳиягарони сенарияҳои сиёсӣ ба ҳайси абзори асосӣ хидмат мекунад. Зиёда аз ин, дар заминаи бархӯрдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳувияти миллии мардум низомҳои динӣ - мазҳабӣ дар минтақаҳо ба вуҷуд оварда мешаванд ва сохтори сиёсӣ бар асоси сиёсати мазҳабӣ шакл гирифта, барномаи сохтмони давлатҳои динӣ дар минтақаҳои гуногуни Шарқи мусулмонӣ татбиқ мешавад.
Масъалаи диният ва дунявият дар доираи илмҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ матраҳ аст. Диният ба забони сода, тасаллути ҳукумати динӣ бар ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар шакли истилоҳӣ, аз он ба унвони «клерикализм» ёд мекунанд. Ба сухани дигар, дин ва мазҳаб дар умури давлатӣ ва иҷтимоӣ дахолат карда, ташкилоту созмонҳои динӣ дар ҳудуди давлат ва Ҳукумат аз нуфузи зиёд бархӯрдоранд. Дар системаи клерикалӣ - динӣ на қонунҳои дунявӣ, балки шаръи илоҳӣ ба унвони меъёри сохторӣ ва давлатӣ мавриди амал қарор мегиранд. Дар муқобили ин низоми сиёсии дунявӣ қарор дорад.
Дунявият ё ба истилоҳ, «секуляризм» (аз калимаи лотинии saecularis ба маънои дунявӣ, инҷаҳонӣ) дар чанд маъно истифода мешавад: якум, ба маънои бадалшавии моликияти ибодатгоҳҳои динӣ ба дунявӣ, дуюм, мусодираи амволи муассисаҳои динӣ ва интиқоли онҳо ба ҳукумати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва севум, аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ озод намудани таъсири дин. Ба ин тариқ, секуляризм ё дунявият чизеро аз таъсири калисо баровардан ва ба муассисаҳои шаҳрвандӣ супурдан, инчунин, аз таъсири калисо раҳо карданро ифода мекунад. Клерикализм (аз вожаи лотинии klericalism ба маънои калисоӣ далолат карда, ҷараёни сиёсии иртиҷоиро ифода менамояд, ки ҳадафаш дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ афзудани таъсири дин мебошад), моҳиятан дар муқобили секуляризм қарор дорад. Аз ин ҷост, ки сохти сиёсии демократӣ ва дунявӣ динро ҳамчун унсури давлатсозӣ намепазирад ва сатҳи ҳузуру нуфузи онро дар умури сиёсӣ ва иҷтимоӣ пойин мебарад. Давлат ва ҳукумати дунявӣ аз таҷриба ва далоили таърихӣ медонад, ки дину мазҳаб дар қолаби калисо ва минбару масҷид алайҳи рӯшангарону озодандешон шӯрида, мардумро таҳти тасаллути мазҳаб қарор дода, зулму истибдодро ба сифати меъёри сиёсати давлатӣ дунбол мекунанд. Аксари мардуми кишварҳои ғарбӣ аз низоми сиёсии дунявӣ пайравӣ карда, тайи солҳои тӯлонӣ дар ин сохтори сиёсӣ – дунявӣ умр ба сар бурдаанд ва ҷомеаи урупоӣ дунявиятро ба унвони беҳтарин сохт ва намунаи зиндагӣ пазируфтаанд.
Аз таърих медонем, ки ба сабаби камогоҳӣ ва ҷаҳолатпарастӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои миёна хирадситезӣ дар фазою муҳити иҷтимоӣ ҳукмфармо буд. Хирадситезӣ ибтидо дар маркази хилофати динӣ - Бағдод рӯйи кор омада, минбаъд Ғазнавиёну Салҷуқиён ва дигар сулолаҳои туркӣ - муғулӣ онро идома доданд. Таърихи иҷтимоии кишварҳои исломӣ баёнгари он аст, ки давлат ва ҷомеаҳои исломӣ, аксаран дар вартаи ҷаҳлу ҷаҳолат қарор доштанд. Ба унвони намуна метавон гуфтаи сайёҳи фаронсавӣ Волнейро овард, ки дар садаи ҳаждаҳуми мелодӣ аз Миср дидан намуда, таассуроташро ин тавр ироа кардааст: «Ҷаҳл дар ин шаҳрҳо ому шоеъ аст. Ин шаҳрҳо монанди ғолиби билоди Усмонӣ (Туркия) аст, ки ҷаҳл дар миёни ҳамаи табақоти онҳо русухи комил дорад ва илму адабу ҳунару саноеъ дар онҳо ба баситтарин ва ибтидоитарин сурате боқӣ мондааст, чунонки агар соати шахсе хароб шавад, касеро наметавон ёфт, ки онро дуруст кунад, магар он ки бегона бошад».
Имрӯз ҳам ҷангу даргириҳое, ки дар Ховари Миёна ҷараён мегиранд, бозгӯкунандаи онанд, ки дунявият дар миёни мардуми ин минтақаҳо ба таври зарурӣ ҷойгоҳ пайдо накардааст. Табиист, ки аз ин вазъият рӯҳониёни муҳофизакор васеъ истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи гумроҳӣ мекашанд. Бинобар ин, давлати дунявӣ ва низоми демократӣ имкони пазириши мардумро новобаста ба дин, мазҳаб, нажод, миллат, ақида, мафкура, андеша ва тафаккур дорад ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷомеа шароити интихоби озоди қабулу тарки андеша ва тавсифу интиқоди мунсифонаи ҳар гуна афкорро фароҳам меоварад. Дар давлати динӣ-мазҳабӣ ин падидаи асосӣ ва ҷавҳарӣ вуҷуд надорад ва имкони интихоби озод зери суол аст.  
Вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва геосиёсӣ осебпазирии ҷомеаҳои мазҳабӣ ва давлатҳои динӣ - теократиро рӯшан нишон медиҳад. Маҳдудиятҳои фикрӣ, идеологӣ ва илмӣ ин ҷомеа ва давлатҳоро, ки зери чатри низоми динӣ - мазҳабӣ зиндагӣ мекунанд, дар баробари воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ камзарфият намудааст. Камзарфиятӣ ва камогаҳии мардум барои гурӯҳҳои муҳофизакор ва фурсатталаб имконият фароҳам меоварад, ки аз эҳсоси динии мардум роҳат истифода баранд ва онҳоро ба бозиҳои бемаънӣ даргир созанд. Нуқтаи заъфи ҷомеаи мазҳабӣ тафаккури баста, суннатӣ ва консервативии онҳост, ки имкони вуҷуд ва ҳузури манфиатҳои миллӣ ва инсониашонро ба сифр баробар мекунад. Гузашта аз ин, дар муддати сесад соли ахир, ислом ва ҷомеаи мусулмонӣ ба буҳронҳои дохилӣ ва берунӣ гирифтор шуд (пошхӯрии империяи Усмонӣ ва аз ҷониби хадамотҳои махсуси ғарбӣ мудохилакорӣ дар умури сиёсию иҷтимоии мамлакатҳои мусулмонӣ) ва сардамдорони динӣ ҷавоби ҳалли буҳронро дар бозгашт ба ислом ва суннати динӣ дарёфта, дар ин замина роҳи ҳалли мушкилоти печидаи диниро дар бозгашт ба «исломи ноб» талаққӣ намудаанд (мутаассифона, ин андеша имрӯз ҳам мадди назари раҳбарони созмонҳои сиррӣ ва ҳаракатҳои радикалии исломӣ қарор дорад), ки роҳи ифротишавӣ ва тундгаройи диниро барои насли ҷавон ҳамвор сохт.
Боиси ифтихор аст, ки давлати миллии мо бисту ҳашт сол аст, ки дар роҳи дунявият қадам мениҳад ва аз ин интихоби дурусту мантиқӣ мардуми тоҷик зараре надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба масири тозаи зиндагӣ гом бардошта, ба сӯйи фатҳи қуллаҳои истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва маданӣ ҳаракат мекунад. Ба сухани дигар, дунявият ҳамчун мафҳуми фалсафӣ ва сиёсӣ, қабл аз ҳама, маънои эътимод ва эътиқод доштан ба ин дунёро дорад. Дар тасаввури дунявиён, ин дунё арсаи зиндагӣ ва фаъолиятҳои инсон, новобаста аз тааллуқоти ақидатӣ, идеологӣ ва динӣ - мазҳабӣ мебошад. Низоми сиёсии давлати дунявӣ бар баробарӣ ва тавозуни инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ асос ёфтааст. Вале ин маънои онро надорад, ки дунёмадорон, беҳудуд ба ҳама чиз имтиёз доранд. Онҳо дар асоси қонунмандӣ ва меъёру принсипҳои инсонӣ, барои пайравони тамоми адёну мазоҳиб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ақидаву мафкура ба таври баробар шароити ибодат, фароғату истироҳат ва шуғлу таҳсил таҳия мекунанд ва ба ин васила муҳиту фазои солими ҳамкорӣ ва ҳамзистиро дар байни табақаҳои иҷтимоӣ, ақаллиятҳои миллӣ - этникӣ, бовармандони динӣ, ҳаводорони созмонҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоваранд.
Ҳамин тариқ, таърих ва таҷрибаи инсонӣ системаи динӣ ва низоми сиёсии дунявиро дар тарозуи ақлу мантиқ баркашида, бартариятро ба дунявият вогузоштааст, зеро ки он бо илму дониши зинда ва муносиботи созандаи инсонҳо дар ҳавзаҳои зистӣ ороста шудааст. Бар асоси таҷрибаи таърихӣ ва усулу принсипҳои давлати дунявӣ роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик саъю талош меварзад. Танҳо дар низоми давлати дунявӣ инсон ва дар маҷмӯъ, шаҳрвандон ҷойгоҳи иҷтимоӣ касб карда, ҳуқуқи интихоби озодро пайдо менамоянд. Ин аст, ки халқи тоҷик интихоби худро кайҳо кардааст ва дунявиятро ба сифати сохтор ва низоми хуби сиёсӣ, фикрӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пазируфта, ин масирро муваффақона паймуда истодааст.
Назри АСАДЗОДА,
корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2019    №: 203    Мутолиа карданд: 218

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед