logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. МАКТАБЕ, КИ БОЯД НАМУНАИ ИБРАТ БОШАД

Дастпарварони муассисаи давлатии мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли равон дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ 188 медал (75 тилло, 50 нуқра ва 58 биринҷӣ) ва дар мусобиқоти байналмилалӣ 17 медал ба даст оварданд.

Рустам Давлатшоев, директори муассиса, зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иброз дошт, ки қариб 230 дилбохтаи варзишро аз рӯи 16 намуд 23 мураббӣ машқ медиҳад. Соли равон муассиса аз рӯи намудҳои бадминтон, варзиши сабук, вазнбардорӣ, гӯштии миллӣ, дзю - до, самбо, волейбол, футбол, таэквондо ва дастхобонӣ  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқаҳо баргузор намуд.
Бахтовар Абдуллоев дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар сабқати байналмилалӣ оид ба самбо (дар вазни беш аз 100 кило) сазовори медали биринҷӣ гашт. Дар мусобиқаи байналмилалии дзю - до дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон Шаҳроми Анвар медали тилло, Шерзод Умаров, Абдуҳошим Убайдуллоев ва Муслиҳиддин Хайруллоев  медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Зиёдулло Баротов дар чемпионати параолимпии Осиё, ки дар шаҳри Чӯпонатои Қирғизистон баргузор гардид, дар сабқати дастхобонӣ сазовори медалҳои тилло ва биринҷӣ шуд. Фирӯз Тоиров бошад, дар чемпионати кушоди  Ӯзбекистон оид ба таэквандо (ВТФ) дар шаҳри Намангон дар вазни 57 кило ҷойи дуюм ва Акмал Яқубов дар мусобиқаи вазнбардорӣ дар Тошканд дар вазни беш аз 100 кило ҷойи сеюмро гирифтанд.
Дар маҷмӯъ дастпарварони мактаби варзишӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ 5 медали тилло, 4 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст оварданд, ки натиҷаи шоиста аст.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2019    №: 203    Мутолиа карданд: 1491
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед