logo

ҳуқуқ

ТАФАККУРИ ХУРОФОТӢ - ИЛЛАТИ АҚИБМОНДАГӢ

Дар таърихи тафаккури инсонӣ хирад ба унвони муҳаррики рушду тараққӣ ҷойгоҳи асосӣ дорад. Аммо дар баробари он хурофот ва тафаккури хурофӣ қарор дорад, ки инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеаи инсониро ба ақибмондагӣ мекашад. Ин аст, ки пешоҳангони ҷараёни равшанфикрӣ саъю талош меварзанд, то ҷомеаҳои ақибмондаро аз ҳолати карахтӣ ва номутавозинии фикрӣ наҷот бахшида, ба сӯи воқеъгароӣ ва инсонмеҳварӣ ҳидоят намоянд. Аз сӯи дигар, хурофот, ки реша дар ҷаҳолати фикрӣ дорад, ҷомеаҳоро дар муқобили илму хирад қарор медиҳад ва душмани сарсахти рушду тараққӣ мебошад.
Хурофот ва тафаккури хурофӣ аз мушкилоти зеҳнию фикрии ҷомеа сарчашма мегирад ва дар ҳар давру замон, вобаста ба доираи донишу маърифати табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ дар шаклҳои гуногун арзи ҳастӣ мекунад. Пажӯҳишгарон бар ин назаранд, ки ҳар қадар таассубу хурофот дар ҷомеа реша давонад, ҳамон қадар каҷравию мушкилиҳои равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва сиёсӣ - мафкуравӣ зиёд мегардад ва инсонҳоро аз рушду инкишофи зеҳнию ақлонӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ бозмедорад.
Мусаллам аст, ки хурофот  аз вожаи арабии “ал - хурофа” ва шакли ҷамъи он “ал-хурофот” гирифта шуда,  маънои мафҳумот, суханони хилофи ҳақиқат,  пиндор, афсона, ёва ва эътиқод ба ҷоду ва тилисмотро ифода мекунад. Дар фолклори мардуми араб калимаи “хурофот” маънои  суханони беҳуда ва дар фарҳангномаю луғот  маънои суханҳои дурӯғ, бепоя ва бемантиқро далолат мекунад.
Агар ба таърихи рушди башарият назар афканем, инсоният то замони расидан ба марҳилаи тамаддун ва шинохти воқеӣ аз худ ва ҷаҳони нопайдоканоре, ки ӯро фаро гирифтааст, ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯ ба пурсишҳое аз воқеият будааст, ки дар зиндагӣ ва рӯзгораш  мегузаштанд. Ин аст, ки бо ҳар роҳу васила кӯшиш менамуд, ба ҳодисаву падидаҳое, ки дар атроф ба вуҷуд меоянд, посух ҷӯяд ва худро дар баробари ҳодисаҳои таббиӣ тасалло диҳад. Инсони ибтидоӣ дар зиндагии рӯзмарраи худ ба воқеаҳои гуногун, рӯйдодҳо ва ҳодисаҳои табиию ғайритабиӣ бархӯрд мекард. Ба дигаргуниҳои бузурге, ки дар ҳар фасл ва ё ҳар сол дар ҷаҳон рух медод, мувоҷеҳ мешуд ва бо мушкилоту машаққатҳои анҷомнопазир як навъ созиш мекард. Бинобар ин, барои инсони ибтидоӣ ду мавзӯъ муҳим буд: аввал, фаҳму дарки воқеаҳо ва далелҳои рӯйдодҳои неку бад ва дуюм, роҳҳои раҳоӣ ёфтан аз бунбастҳои ранҷовар, халосӣ аз мусибат ва сахтиҳои рӯзгор.
Тақрибан тамоми сохтори иҷтимоии инсони саҳронишин ва ё бадавиро боварҳои хурофотӣ ва тасаввуроти ваҳмангез фаро гирифта буд. Бад - ин манзур, таҷрибаи мувоҷеҳа бо марг ва тарс аз рӯйдодҳои табиӣ, мисли сел, зилзила, вабо ва амсоли инҳо ӯро нигарон мекарданд ва дар ин замина гурӯҳҳои иҷтимоие пайдо шуданд, ки бо такя ба боварҳои хушк ҳодисаҳои табииро шарҳу тафсир менамуданд. Аз ин рӯ, афсунгарӣ ва ҷодугарӣ ба сифати василаи ҳалли мушкилот мутаносибан дар ҳамаи фаъолиятҳои рӯзмарраи зиндагии иҷтимоии инсони бадавӣ нақши бузург доштааст.
Бо рушди рӯзафзуни илмҳои навин маҷмӯи боварҳои хурофотие, ки аз шинохти нодурусти ҳодисаву воқеаҳо сарчашма мегирифтанд, рӯ ба завол ниҳоданд. Пешрафти илм имконияти мусоид фароҳам овард, ки бовару этиқодоти хурофотӣ тадриҷан аз саҳнаи зиндагии инсонҳо берун раванд ва ҷойро ба донишҳои нав ва тасаввуроти тоза бидиҳанд. 
Донишмандон ва пажӯҳишгарон шаклҳои гуногуни зуҳуру бурузи тафаккури хурофиро дар таърихи фарҳанги башарӣ арзёбӣ карда, маҷмӯан, хурофотро ба се қисм таркиб кардаанд:
1. Хурофоте, ки ҷанбаи фардӣ (шахсӣ - инфиродӣ) дорад. Ин гуна хурофот ақоидеро дар бар мегирад, ки фардҳо ё ақаллиятҳои хос дар як ҷомеа ба он эътиқод доранд;
2. Хурофоте, ки ҷанбаи ҷамъиятӣ дорад. Мақсад аз хурофоти ҷамъиятӣ фикрҳои мавҳум ва  эҳсосоти ғайримантиқӣ аст, ки аксарияти ҷомеа ба он эътиқод ва пайвандӣ доранд ва дар ҳолатҳои зарурӣ  аз онҳо ончунон тарафдорӣ мекунанд, ки барои ҳифзу бақояшон ҳозиранд ҷону моли хешро фидо кунанд;
3. Хурофоти сиёсӣ низ дарбаргирандаи андешаҳои авомфиребонае аст, ки гурӯҳҳои ифротӣ, ҳизбҳо ва ё сиёсатмадорони худхоҳи қудратталаб барои ҷуброни эҳсосоти бартариталабии хеш аз он фоида мебаранд. Онҳо барои ба мақсад расидан оммаро бо шиорҳои динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва миллӣ фиреб медиҳанд ва бо ин роҳ ниёзҳои иқтисодӣ, молӣ ва иҷтимоии худро бароварда месозанд. 
Бояд тазаккур дод, ки ҷуғрофиёи миллӣ (Тоҷикистони таърихӣ) ҳамеша майдони ҳузуру нуфузи дин ва хурофот будааст. Бо гувоҳии сарчашмаҳои таърихӣ, назири Авесто, Ригведа, Яштҳо, Готҳо, Динкард, Вандидод ва амсоли инҳо аз куҳантарин замонҳо  шурӯъ карда, то ба даврони Ҷамшед, Зардушт, Монӣ, Маздак, салтанати Сосониён, Сомониён ва империяи шӯравӣ ин мубориза байни хурофот ва дин ҳеҷ гоҳ қатъ нагардидааст. Дар давраи Ҷамшед буд, ки рӯҳониёни зарвонӣ ва дарбориёни бегонапараст, давлати дунявии Ҷамшедро ба шикаст дучор намуданд. Зеро, худи Ҷамшед як шахсияти барҷастаи илмӣ ва фалсафӣ буд. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” дар боби подшоҳии Ҷамшед ёдовар мешавад, ки худи Ҷамшед шахсан  17 кашфиёти илмӣ карда, ба ин восита дар қаламрави давлати худ биҳишти заминӣ сохт. Тибқи ривоёт, ӯ мардумро аз қаҳтию гуруснагиву беморӣ наҷот бахшида, баробарӣ ва адолати иҷтимоиро барқарор кард. Ба иллати он ки Ҷамшед инсони воқеъбин ва реалист буда, барномарезиҳои сиёсӣ, давлатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданиро бар мабнои илму хирад роҳандозӣ мекард, мавриди пазириш ва қабули аҳли дарбор ва қишри рӯҳонӣ қарор нагирифт. Азбаски рӯҳониён, ки дорои  ҷаҳонбинии  хурофотӣ буданд, ба муқобили Ҷамшед бархостанд ва давлати адолатпарвари ӯро барҳам заданд. 
Мутаассифона, тафаккури хурофотӣ имрӯз низ ҷомеаи моро таҳдид мекунад ва дар ҳоле ки бархӯрдҳои сиёсию динӣ дар гӯшаю канори сайёраи Замин ташаннуҷ пайдо менамоянд, рӯ овардан ба илму хирад ва пайвастан ба фарҳанги воқеиятпарасти миллӣ роҳҳали сазовор мебошад. Гузашта аз ин, рафтору амали аксари мардуми мо на бар пояи илму мантиқ, балки бар асоси бовару эътиқодоти хушк устувор аст. Ин аст, ки мо аксаран, ин ё он ақидаро бе таҳлилу тафаккур қабул менамоем ва рафтору боварҳоямон сатҳист. Аз ин ҷост, ки дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ мушкилот на бо роҳи санҷидаю таҷрибашуда ва илмӣ,  балки аз дидгоҳи танги хурофотӣ баррасӣ мегардад. Системаи давлатдории дунявӣ, ки дастоварди бузурги илмию сиёсии башарӣ буда, мардуми Аврупо, бо такя ба илму хиради инсонӣ онро тайи ҳазорсолаҳо ба даст овардааст, беҳтарин намунаи низоми давлатмадорист. Тавассути барномарезиҳои мушаххаси илмӣ, фарҳангӣ, ихтисосӣ ва фаннӣ, ки албатта, дар қолаби  низоми дунёмадорӣ (секулоризм)  авлавият касб мекунанд,  коҳиш ёфтани сатҳи  хурофотпарастӣ ва ҳалли решаии маҷмӯи мушкилоти марбута имконпазир мегардад.
Хулоса, хурофот ва хурофотпарастӣ ҷомеаро ба ақибмондагӣ, таассуб (фанатизм) ва кундии рушд дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ меоварад ва дар маҷмӯъ, ҷомеаро дар баробари хатарҳо бемуқовимат мекунад. Гузашта аз ин, мардум бо такя ба хурофот зудбовар гардида, аз ҷониби дигарон тез фирефта мешавад. Аз ин рӯ, хурофотпарастиро танҳо бо роҳи дастаҷамъӣ ва иштироки ҳамаи афроди ҷомеа аз байн бурдан мумкин аст.

Н. НУРОВ, устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2019    №: 204    Мутолиа карданд: 164

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед