logo

Хабарҳо

Мулоқоти Саймумин Ятимов бо фаъолони ВМКБ

Дар шаҳри Хоруғ  вохӯрии  раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов бо фаъолон, ҷавонон, халифаҳо, собиқадорони меҳнати шаҳри Хоруғ, намояндагони мардумии ноҳияҳои Роштқалъаю Шуғнон баргузор шуд.
Мулоқотро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки имрӯз дар вилоят суботу оромӣ таъмин буда, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ меҳнати суботкорона баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад. Ёдгор Файзов таъкид дошт, ки дар мустақар намудани оромию осоиш ва шароити муносиб барои рушди вилоят саҳми мақомоти қудратии мамлакат, ҷавонон, халифаҳо, раисони маҳаллаҳо ва собиқадорон хеле калон аст.
Саймумин Ятимов, зимни суханронӣ, аз суботу оромии ВМКБ изҳори хушнудӣ намуда, барои дар давоми се рӯз иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ арзи сипоси Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирон ва дар шахси онҳо ба тамоми мардуми ВМКБ расонд.
Саймумин Ятимов тадбирҳои андешидаи роҳбарияти мамлакатро  ҷиҳати ободонӣ ва рушди  вилоят зикр намуда, ҳамзамон,  дар иртибот ба чорабиниҳои амниятӣ ҷиҳати пойдории сулҳу субот дар кишвар, аз ҷумла ВМКБ, сухан гуфт. Мавсуф аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро махсус ёдовар шуда, таъкид дошт, ки баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва оромиву суботи ҷомеа, пеш аз ҳама, ҳамкории тамоми сохторҳо ва мардум натиҷаи дилхоҳ ба бор меорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1569
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед