logo

иҷтимоиёт

3 МУАММОИ 1 ДЕҲА Ё АРБОБХОТУН ЧӢ ҲОЛ ДОРАД?

Ноҳияи Рӯдакӣ яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ буда, аҳолиаш мувофиқи ҳисоботи  соли 2017 - ум 472 219 нафарро ташкил медод.  Тибқи маълумот, ҳамасола 14 ҳазору 500 кӯдак ба синфи 1 қабул карда мешавад ва табиист, ки таъмини ҳамаи онҳо бо ҷои нишаст дар муассисаҳои таълимӣ мушкилотеро ба думбол дорад. Аз ҷумла, дар деҳаи Арбобхотуни Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳия масъалаи нарасидани ҷои нишаст ҳанӯз ҳам мубрам боқӣ мемонад.

Таҳсил дар се баст
Нарасидани ҷои нишаст дар МТМУ № 172 деҳаи Арбобхотун масъулонро маҷбур кардааст, ки таҳсили хонандагони синфҳои аз 1 то 4 - ро  дар се баст ба роҳ монанд. Тасаввур кунед, ки дар се баст 9 синфхона (3 синфхонаи филиали муассиса) амал менамояд ва дар онҳо аз 35 то 45 талаба таҳсил мекунад, ки шумораашон ба 926 мерасад.

Муаммо болои муаммо
Мо ба хотири ба чашми худ дидани муассиса роҳ сӯи деҳаи Арбобхотун гирифтем. Баробари ворид шудан ба деҳа на як муаммо, балки ду муаммои дигарро низ мушоҳида кардем. Яке аз партов пур будани ягона канали деҳа бошад, дигар дар ҳолати корношоям ва хатарнок қарор доштани трансформаторҳо ва симчӯбҳои барқгузар буд.
Яке аз сокинони Чортеппа, Қувваталӣ Файзуллоев андешаҳояшро чунин баён кард: «Ростӣ, мушкилиҳо кам нестанд. Мактаббачагон зуд аз дарс меоянд, сабаб мепурсем, мегӯянд: ҷои нишаст нест.
Масъалаи дигар, агар ҳаво каме тасфид ё сардтар шуд, ё шамоли сахт омаду борони шадид борид, барои пешгирӣ аз хатар интиқоли барқро қатъ мекунанд. Симҳои барқгузар ҷо-ҷо ба шохи дарахтон расида, трансформаторҳо бе симтӯри ҳимоя, симчӯбҳо пӯсидаву вайроншуда буда, маҳалла ягон барқчӣ надорад. Аз ин рӯ, ҳар кас ҳар гунае хостаст, бехатариро барои худ таъмин кардааст».
Сокини дигари маҳалла Зокир Воҳидов бо ташаббуси худ соҳили каналро сементпӯш карда, ба тозагиву ободии деҳа мекӯшад. Аммо ӯ танҳост ва ба қавле бо як гул баҳор шуданаш мушкил аст. Ӯ, аз ҷумла чунин гуфт: «Баъзеҳо бисёр камаҳамияту бемасъулият шудаанд. Бо чашми худ ҳар субҳ мебинам, ки занону мардони солор партовҳоро пинҳонӣ аз чашми дигарон ба канал мерезанд, обгузарҳои ҳаммому дастшӯҳои худро ба канал пайвастаанд. Рӯзе нест, ки барои партов ва ё об садо баланд нашавад, аммо бесуд. Оби ҷӯйбореро, ки шумо мебинед, бист сол қабл барои нӯшидан истифода мешуд, ҳоло мебахшед, ба чорпо диҳед, наменӯшад. Оби ҳаммом, ошхона, партов ва чанд пасоби дигар якҷо шаванд, чӣ мешавад, худатон қазоват кунед».
Барои рӯшанӣ андохтан ба масъалаи вобаста ба барқ дари «Шабакаҳои барқии ноҳияи Рӯдакӣ» - ро кӯфтем, аммо касе дарро боз накард.
Дар ҳалли ду муаммои аввал: қатъ шудани интиқоли барқ ва нарасидани ҷои нишаст агар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муваззаф бошанд, дар тоза нигаҳ доштани об сокинони деҳа бояд масъулияти шаҳрвандии худро эҳсос кунанд.

Сохтмон идома намеёбад. Чаро?
Бино ба гуфтаи Валиҷон Шеров, муовин оид ба таълими синфҳои ибтидоии МТМУ №172 соли ҷорӣ чор синфхонаи дигар сохта ба истифода дода мешавад, аммо ин хонандаҳоро аз таҳсил дар 3 баст озод намекунад.
Аслан, муассисаи мазкурро соли 2009 барои 450 хонанда ҳамчун мактаби асосӣ сохтаанд, аммо бо гузашти вақт ба муассисаи таҳсилоти умумӣ табдил дода, як филиали чорҳуҷрадор (қариб 3 км дуртар аз муассиса) сохта, корро «пеш» бурда истодаанд. Дар ҳамин ҳол ҳам, 45 хонанда дар як парта 3 - 4 - касӣ менишинад, омӯзгор 45 дақиқаи дарсиро чӣ гуна тақсим кунад?
Дар муассисаи таълимии мазкур 1860 хонанда (дар соли таҳсили 2018 - 2019 шумораи талабагони аз синфи 4 боло 934 кас) таҳсил мекунад ва барои онҳо 14 компютер фаъол аст. Яъне, ба 66 хонанда 1 компютер.

Вақт рафт, нақд рафт!
Ба муовини раиси ноҳия Фирӯза Камолзода рӯ овардем, ки соҳаи маорифро дар ноҳия танзим мекунад. Мавсуф ба суолҳои мо чунин посух гуфт: «Мо на танҳо аз масъалаи ҳалталаби МТМУ № 172, ки шумо мегӯед, огоҳем, балки хуб медонем, ки чандин мактабҳои мо бо чунин мушкил рӯ ба рӯянд. Бо вуҷуди ин, ба бартарафсозии мушкилот камар бастаем. Кӯчактарин имконият даст диҳад, ё ягон соҳибкор иқдоми бунёдкорӣ намояд, ҳатман ба сохтмони мактабу синфхонаҳо авлавият медиҳем».
Аммо саволе ба миён меояд, ки то замони пайдо шудани имконият хонандаҳои аз дарс қафомонда чӣ кор мекунанд? Дарсҳои сарфи назаршударо кай аз бар менамоянд? Беҳуда нагуфтаанд: «Вақт рафт, нақд рафт!».

Вазорат чӣ мегӯяд?
Сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Абдуқодир Зарифов вобаста ба муаммои мазкур чунин гуфт: «Сохтмони муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таъмиру тармими мактабҳо бар зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳост. Масъулон бояд дурнамои зиёдшавии аҳолиро дошта бошанд ва дар робита ба ин, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиро ба нақша гиранд».
Маблағгузории соҳаи маорифи ноҳия сол ба сол зиёд гардида, соли 2018 зиёда аз 118 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2017 - ум 19 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Мувофиқи барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати мамлакат, то соли 2020 дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди боз 30 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, ки масъулон бояд дар ҷараёни амалисозии нақшаи зикршуда ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешанд.
Худ қазоват кунед, вақте ҷои нишаст дар баъзе аз мактабҳои ноҳия ҳанӯз ҳам муаммост, пас чӣ расад ба кабинетҳои фаннӣ, компютерӣ, лабораторияҳои муҷаҳҳаз, медалҳо аз олимпиадаҳои фаннӣ, давом додани таҳсил дар зинаҳои дигар ва майдончаҳои варзиш?

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2019    №: 205    Мутолиа карданд: 761

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед