logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА АДОЛАТ

Адолат, яке аз масоили асосии зиндагии башарият буда, хосса дар кишварҳои рӯ ба инкишоф боис ба густариш ва дастгириву ҷонибдорӣ мебошад. Адолат боис ба ризоияти ҷомеа, дар навбати худ ризоият боис ба сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ ва файзу баракат аст. Дар он ҷое, ки адолат нест, суботу оромӣ ва  файзу баракат нест. Ин қонуни табиат аст. Ва касе инро инкор карда наметавонад. Ва, агар инкор кунад, дер ё зуд медонад, ки хато кардаст. Умуман, ҳар кас дар муносибат ба каси дигар ин ченакро бояд риоя кунад.
Адолат чун рукни муҳими одамӣ ва ҳастии инсонӣ бо Конститутсия, дигар санадҳои ҳуқуқӣ дарҷ гардида, аз сӯи шахсони мансабдор ва ё мақомоти бонуфузи кишвар амалӣ карда мешавад. Адолат падидаи табиӣ ё Худовандист. Дар гузашта адолат ба шоҳу додситон сахт вобаста буд, зеро ин соҳибмаснадон метавонистанд дар мавриди пойдорӣ ва ё нопойдории адолат саҳм дошта бошанд. Агар жарфтар нигарем кафили ростӣ буданд, дод мегустурданд. 
Нисбат ба додситон (қозӣ, судя) низ вобаста ба адолат ё ростӣ санаду тафсир, қиссаву рӯйдодҳои зиёд низ мавҷуданд. Масалан, Имоми Аъзам Абуҳанифа Собит ба хотири канора ҷустан аз норостӣ дар рафти додситонӣ (барои ғолибан ба хато роҳ надодан ё қабул намудани санади ғайриҳақ ё носазо) маснади додситонӣ ё қозигиро напазируфт. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба қозиву қозигӣ гуфтааст:
Қозӣ гар бошад палиду порахор,
Кай кунад фарқ золим аз мазлуми зор.
Умуман, ҳар як фарди ҷомеа бояд бо адлу инсоф бошад ва дар кирдори худ онро риоя кунад. Ба касе бо гуфтору кирдори худ газанд нарасонад, бавижа хуни ноҳақ нарезад, моли касро норизо наситонад, таҷовуз ба номусу дилозорӣ накунад, тавонад ба касе ёрӣ расонад. Чунин аст роҳу равиши инсонӣ ва адолат низ дар ҳамин аст.
Ҳофизи бузург гуфтааст:
Шоҳро беҳ зи тооти дусадсолаву зӯҳд,
Қадри яксоате умре, ки дар ӯ дод кунад.
Бубинед, ки додрасӣ, чи андоза ҷойгоҳи баланде доштааст. Мардуми Тоҷикистон низ тавассути Конститутсия яъне Қонуни асосии худ бо пайгирӣ аз ин усули куҳнаву нав додситониро ба зиммаи Президент ва суд (додситон) вогузор кардааст.
Масалан, бино ба бахши дуюми моддаи 64 Конститутсияи кишвар «Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад». Дар ин ҷо, пеш аз ҳама, мафҳуме, ки вобаста ба адолат аст ва маҳаки ин ҷумларо ташкил медиҳад, ин ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон будани Президент аст. Дар амал низ чунин аст. Нафарони бисёр аз амалу санадҳои шахсони мансабдори сатҳи гуногун ва, ҳатто аз амалу санадҳои суд (судя) такя ба ченаки номбурда ба Президент шикоят мекунанд. Ва ҳангоми муроҷиат ба Дастгоҳи иҷроияи Президент мегӯянд, ки умеди охирини мо дар пирӯзии адолат ё ростӣ Президент аст, ҳарчанд мустақилияти судҳо ба онҳо ёдрас карда мешавад. Ва гуфтаҳои мардум дуруст ҳам ҳаст, зеро Президент Сарвари давлат аст ва кафили мураттабиву муназзамии кори ҳама шохаҳои ҳокимият - ниҳодҳои давлатӣ мебошад. Президент дар баробари дигар салоҳияти конститутсиониву қонунии худ ҳамзамон ҳокимияти иҷроияро роҳбарӣ мекунад ва ба ягон шохаи ҳокимияти давлатӣ мансуб нест. Президент аз сӯи мардум бо роҳи пешбининамудаи Конститутсия интихоб гардида, салоҳияти худро низ аз мардум гирифтааст. Ҳатто ба ҷуз аз намояндагони шохаи ҳокимияти иҷроия барои ба маснад гумоштан ва аз маснад дур кардани намояндагони шохаҳои дигари ҳокимият босалоҳият аст. Ва ин ҳолат яке аз роҳҳои амалӣ намудани муназзамиву мураттабии кори ҳама мақомоти давлатӣ ва дар навбати худ пойдории адолат мебошад (ҳама шохаҳо мақомоти давлатианд).
Дар мавриди роҳандозии адолат аз сӯи Президент метавон гуфт, ки дар қонунгузории мо вобаста ба ин ченакҳои ҳуқуқӣ ҷой доранд ва Президент бо ин роҳ барои пойдории адолат ва пирӯзии ростӣ, устувории равиши дурусти зиндагӣ ва ҳама самтҳои кори давлат пайваста саҳмгузорӣ мекунад.
Умуман, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он дар Конститутсияи кишвари мо арзиши олӣ ва муқаддас дониста шудааст. Ин муқаддасот ва арзишу рисолат бо роҳҳои таҳияву қабули санадҳои ҳуқуқӣ, таъсиси ниҳодҳои давлатию ғайридавлатӣ, роҳандозӣ кардани кори онҳо ва расидагии муроҷиати инсонҳо мавриди амал қарор дорад.
Конститутсия санади асосӣ, бахтнома ва раҳнамо, андеша ва ройу роҳ, танзимгари ҳаёти мардуми Тоҷикистон аст. Муайянкунандаи сохти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар аст. Дар заминаи ҳуқуқҳои табиӣ, ченакҳои пазируфтаи умумибашарӣ ва таҷрибаи ҳаёти инсонӣ қабул гардидааст. Гавҳари он мардум ва аз се як бахши он ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ихтисос ёфтааст.
Бинобар ин месазад, ки мо бештару хубтар онро ҷашн гирем, пос дорем, ба он арҷ гузорем, ченакҳои онро риоя кунем. Зеро бо ин санад сохти давлату ҷамъият, роҳҳои асосии ҳастии сиёсиву иқтисодии мардуми мо дуруст муайян шудааст. Бисту панҷ сол аст, ки давлату ҷомеа бехалал дар асоси ченакҳои он таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи рушду нумӯ, шаҳкорӣ ва гармиву рӯшаниҳои нав дар гардиш аст.
Воқеан ҳам, эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия  ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, вусъати корҳои созандагӣ имкон медиҳанд, ки кишвари азизи мо солҳои наздик боз ҳам пешрафта ва тавоно шавад. Ва, бегумон, мардуме, ки Конститутсия, дигар санадҳои ҳуқуқии худ ва умумибашариро эҳтирому риоя мекунад, меҳанашро дӯст медорад, ба муқаддасоти миллии худ арҷ мегузорад, писандидаву босубот хоҳад буд. Умуман, риояи қонун ё таъмини волоияти қонун аз тарафи хурду бузург ин риояи адолат аст. Зеро Конститутсия ва қонунҳои мо дар асоси принсипҳои демократӣ, чун адолат, ростӣ, инсоф, баробарӣ ва монанд ба инҳо таҳияву пазируфта шудаанд. Агар волоият ё бартарияти қонун дар муносибати инсонӣ риоя гардад, адлу инсоф риоя мегардад. Ва, аз ин рӯ, Пешвои гиромии мо дар суханрониҳои худ аз волоияти қонун бештар ёдрас мешаванд.
 
С. ШОНАЗАРОВ,  ҳуқуқшинос, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2019    №: 206    Мутолиа карданд: 824

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед