Хабарҳо
350 миллион доллар ёрии бебозгашти Чин ба Тоҷикистон
Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагон созишномаи байниҳукуматӣ миёни Чину Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди ёрии бебозгаштро қабул намуданд.
"Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро дар ҳаҷми 2,5 миллиард юан (тақрибан 354 миллион доллар) ба тасвиб расонд", - хабар дод сухангӯи Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Ба гуфтаи Султонов, маблағи мазкур барои бозсозии роҳҳои Кӯлоб, Бохтар, ҳамчунин, таъмири масири Душанбе - Қулма масраф мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2312