Хабарҳо
ТЕХНИКАИ ТАЪЙИНОТИ КИШОВАРЗӢ. Дар Тоҷикистон 160 адад, аз ҷумла 92 трактор истеҳсол шудааст
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар корхонаи Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис» - и шаҳри Ҳисор 160 адад техникаи таъйиноти кишоварзӣ, аз ҷумла 92 трактори тамғаи «Беларус» истеҳсол гардида, 16 – тои он ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содир шуд.
Ин нуктаро Карим Гулмуродзода, муовини вазири молия, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар Маҷлиси намояндагон ба вакилон ироа намуд. Лоиҳаи мазкур ба мақсади аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани қисмҳои эҳтиётӣ, ҷузъҳои алоҳидаи барои васлкунии техника ва мошинолоти кишоварзии таъйингардида, ки аз ҷониби ҶСП «Агротехсервис» ворид мегарданд, ҳамчунин, таҳвили минбаъдаи техника ва мошинолоти истеҳсолшуда таҳия гардидааст. Мавсуф зикр кард, ки коргоҳи мошинсозии ҶСП «Агротехсервис» 16 майи соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ба мақсади мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус механиконии соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техникаву мошинолот ва қисмҳои эҳтиётӣ расман мавриди истифода қарор дода шуда, айни ҳол фаъолият намуда истодааст.
Тоҳир Ҷобирзода, вакили Маҷлиси намояндагон, таъкид ба он дошт, ки қабули қонуни мазкур, пеш аз ҳама, мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин, саноатикунонии кишвар мебошад. Он имкон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ заминаи боэътимоди ҷамъу васли техника ва мошинолоти гуногуни кишоварзӣ дар асоси технологияи пешрафтаи муосир тавсеа ёбад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 997