logo

иҷтимоиёт

ҚУБОДИЁН. НОҲИЯЕ, КИ РӮ БА ШУКУФОӢ ДОРАД

Ноҳияи Қубодиён дар партави сиёсати оқилонаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз ободтару зеботар ва, аз ҳама муҳим, барои зиндагӣ ва кори сокинон мусоидтар шуда истодааст. Хушбахтона, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ низ музаффариятҳои меҳнатии қобили васф дар ин ноҳия кам нестанд.
Чунончи, дар  доираи татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020”,  Ҳадафҳои  рушди  устувор ва «Стратегияи  миллии  рушди Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  давраи  то  соли  2030»  Барномаи  рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён  барои  солҳои  2016 - 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 таҳти рақами 797 тасдиқ шудааст. Дар барнома бо мақсади рушди босуботи иҷтимоию  иқтисодӣ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъсиси корхонаҳои нави   истеҳсолӣ, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори мавҷуда, ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист диққати ҷиддӣ додаанд. Барнома 103 лоиҳаро  ба маблағи зиёда аз 108 миллион сомонӣ дар бар гирифта, аз он 40 лоиҳа ба маблағи 58 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 41 лоиҳа ба маблағи 35 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 16 лоиҳа  ба  маблағи 14  миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 2 лоиҳа ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода ба маблағи 1 миллион сомонӣ ва 4 лоиҳа ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ тааллуқ доранд.
Барои татбиқи барнома аз тамоми сарчашмаҳои имконпазири маблағгузорӣ воситаҳои молиявӣ ҷалб ва сафарбар гардида, сарчашмаҳои маблағгузории он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 59 миллион сомонӣ, буҷети вилоятӣ 850 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 3,6 миллион сомонӣ, сармояи хориҷӣ 12,4 миллион сомонӣ, маблағҳои ихтиёрии аҳолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон, маблағҳои худии ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ 17,5 миллион сомонӣ, маблағҳои иттифоқи “Тоҷикматлубот” 5,1 миллион сомонӣ, қарзҳои имтиёзноки бонкӣ 10,0 миллион сомониро дар бар мегиранд.
Тибқи барнома дар соҳаи кишоварзӣ 13 лоиҳа ба маблағи 19,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла насб кардани пойгоҳи обкашии нав ҷиҳати беҳтар намудани обёрии 2000 гектар замин, беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии 981 гектар аз ҳисоби сармояи хориҷӣ,  беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии 115 гектар дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, барқарор намудани 120 гектар боғи куҳна, бунёд намудани 325 гектар боғи нав, ташкил намудани нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ ва клиникаи байторӣ, бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намудани нуқтаи бордоркунии сунъӣ дар деҳоти Заркамар ва пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлати бонкӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар ин давра ба маблағи 12,3 миллион сомонӣ насб кардани пойгоҳҳои обкашии нав барои беҳтар намудани обёрии заминҳои кишоварзии деҳоти ба номи У. Назаров, И. Ниёзов, Н. Хусрав ва Заркамар аз ҷониби ширкати чинии “Ҷунтай Хатлон Синсилу” 8 истгоҳи обкашӣ насб шуд. Аз тарафи Маркази татбиқи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона ҳолати мелиоративии 464 гектар замин беҳтар гардид. 124,32 гектар боғ бунёд ёфт, 40 гектар боғи куҳна барқарор гашт. 
Дар соҳаи саноат иҷрои 8 лоиҳа ба маблағи 4,5 миллион  сомонӣ, аз ҷумла бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин кардани корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ “Насими Раҳим” дар деҳаи ҳаваскори деҳоти Тахти Сангин, ташкил намудани корхонаҳои коркарди шир дар  деҳоти ба номи Н. Хусрав, коркарди пахта, макаронбарорӣ дар деҳоти ба номи У. Назаров, коркарди пахта ва равған дар  деҳоти Навобод, равғанбарорӣ дар деҳоти ба номи Н. Хусрав, ордбарорӣ дар деҳоти ба номи И. Ниёзов ва коркарди пахта дар деҳоти "20 - солагии Истиқлол" пешбинӣ гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки бо татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар нақшаи баистифодадиҳии корхонаҳои саноатӣ барои соли 2019 тасдиқ гардида, тибқи он таъсиси 8 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо ташкили 39 ҷои нави корӣ, аз ҷумла коргоҳи дару тирезаҳои пластикӣ, қаннодӣ, истеҳсоли хишти бетонӣ ва 5 коргоҳи дӯзандагӣ аз ҷониби соҳибкорон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пешбинӣ гардида, айни ҳол коргоҳи дару тирезаҳои пластикӣ, қаннодӣ ва корхонаи истеҳсоли хишти бетонӣ ба фаъолият пардохтаанд.
Дар соҳаи соҳибкории хурду миёна 6 лоиҳа ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла сохтмони марказҳои савдо дар деҳоти У. Назаров, Н. Хусрав, “20 - солагии Истиқлол”, сохтмони фермаи хушзоткунии гӯсфанди ҳисорӣ дар деҳоти Заркамар, сохтмони фермаи чорвои калон дар деҳоти У. Назаров пешбинӣ гардида, 3 лоиҳа ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорон иҷро шуд, яъне марказҳои савдо дар деҳоти У.Назаров, Н.Хусрав ва “20 - солагии Истиқлол”  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ин 73 фоизи иҷрои лоиҳаҳои пешбинишударо ташкил менамояд.
Дар соҳаи сохтмон 13 лоиҳа ба маблағи 32 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Тибқи фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои бисёрошёнаи истиқоматии 48 - ҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ оғоз гардида, бунёди бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Хусрав дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Дар соҳаи маориф 16 лоиҳа ба маблағи 17,6 миллион сомонӣ амалӣ мегардад. Аллакай, 3 лоиҳа ба маблағи 5,8 миллион сомонӣ иҷро гардид. Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54 дар деҳаи Ҷоназартеппаи деҳоти ба номи Н. Хусрав барои 324 ҷои нишаст аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 12 синфхонаи иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо саҳми аҳолӣ ва буҷети маҳаллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, корҳои сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маориф ва мактаб - парваришгоҳ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории Бонки саудии рушд ҷараён дошта, ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ барои синфхонаҳои иловагӣ мизу курсӣ дастрас шуданд.
Дар соҳаи тандурустӣ 12 лоиҳа ба маблағи 10,2 миллион сомонӣ, аз ҷумла сохтмони бинои нави маркази саломатӣ дар маркази ноҳия ва ҷиҳозондани он бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ, бинои нави беморхонаи марказӣ ва ҷиҳозондани он бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ, бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳоти ба номи У. Назаров, "20 - солагии Истиқлол", Тахти Сангин ва дар деҳаи Зиракии деҳоти ба номи И. Ниёзов, бинои беморхонаи нав дар деҳоти Навобод, инчунин,  аз таъмири асосӣ баровардани сохтори госпиталии ноҳия ва шуъбаҳои зерсохтори он,  харид ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ, таъмири муассисаҳои тандурустии деҳоти ба номи Н. Хусрав, У. Назаров, Тахти Сангин, “20 - солагии Истиқлол”, ташкили дорухона дар деҳоти Заркамар ва Навобод пешбинӣ гардидааст.
Бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Навбаҳор, Зиракӣ ва Ҳаваскор аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва саҳми аҳолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар асоси созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохтмони маҷмаи тиббӣ  барои 200 кат бомаром идома дошта, аз ҳисоби маблағҳои худӣ сохтори госпиталӣ ва маркази саломатӣ қисман аз таъмир бароварда шуда, якчанд таҷҳизоти тиббии замонавӣ ворид шудаанд.
Мутаассифона, иҷрои лоиҳаҳо оид ба таъмири асосии бинои қасри фарҳанг, барқарор намудани боғи фарҳанг ва истироҳат ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намудани он, инчунин, сохтмони китобхонаи замонавӣ дар маркази ноҳия аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби норасоии маблағ таъмин нашуд.
Аз ҷониби соҳибкорони ноҳия сохтмони биноҳои маркази савдо, клиникаи хусусӣ, чойхона, толори варзиш, ҳаммом, маркази хизматрасонӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва гази моеъ ҷараён доранд, ки барои амалӣ намудани лоиҳаҳои барномаи болозикр мусоидат менамоянд.
Бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, рақами 1059, нақшаи чорабиниҳо иборат аз 128 банд тасдиқ гардида, тибқи он эъмори 101 иншоот пешбинӣ гардид. Шумораи иншооти бунёдшаванда айни замон ба 161 адад расонда шудааст. Дар 54 адади он кор ба итмом расид. Ба ҳолати 1 октябри соли 2019 дар ноҳия 1831 ҷойи кории нав таъсис дода шуд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2019    №: 207    Мутолиа карданд: 563

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед