logo

иҷтимоиёт

ЯК СОАТ БО ФАРЗАНДИ МАКТАБХОН БОЯД БУД

Вақте савол мешавад, ки барори фаъолияти мактабу омӯзгор аз чӣ вобаста аст, аксарият, пеш аз ҳама, таҳсили хуби хонандаро шарти асосӣ медонад. Ва дуруст ҳам мегӯяд. Аммо ғайр аз талабаю муаллим ҷониби сеюм – волидонро ҳам набояд фаромӯш сохт. Зеро бе пайванди қавии ана ҳамин «секунҷа» ба натиҷаи матлуб расидан маҳол аст.
Чиро дар назар дорам? Дараҷаи донишандӯзии хонандаҳо воқеан ҳам аз маҳорату малакаи омӯзгор вобаста аст, ки то чӣ андоза шавқу рағбати онҳоро бедор кардаву ангехта метавонад. Вале ин, ба қавле, нисфи кор аст, ки дар мактаб сурат мегирад. Нисфи дигараш аз падару модарон вобастааст, ки дар хона бо фарзандонашон то чӣ андоза машғул мешаванд. Мутассифона, бояд гуфт, ки солҳои охир бисёре аз онҳо ба фарзандонашон ҳарчи камтар вақт пайдо мекунанд. Инро ман низ чун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ҷараёни таълими хонандаҳо пайваста мушоҳида мекунам. Аз тарзи ҷавоб додани мавзӯи супурда, навиштани дарси хонагӣ, ҳалли масъалаю азёд кардани шеър, тарзи либоспӯшӣ ва ғайра. Талабаҳое, ки таҳсилашон таҳти назорати волидонашон мебошаду дар хона якҷоя дарс тайёр мекунанд, дониши хуб доранд. Аммо, кам нестанд писаракону духтараконе, ки бо душворӣ ба дарс сарфаҳм мераванд, ҳангоми қироати матн нутқи бурро надоранд, порчаи хондаашонро дуруст нақл карда наметавонанд, ба дарс бе тайёрӣ ҳам меоянд, волидонашон ҳафтаҳо рӯзномаи онҳоро хабар намегиранд. Ва, вақте ба онҳо сустхон будани фарзандашонро гӯшрас кунӣ, ошуфта мешаванд: «охир барои хуб хонданаш тамоми шароитро дар хона муҳайё кардаем». Дар ҳақиқат имрӯз дар аксар хонавода волидон барои худ ва фарзандон компютер, ноутбук, планшет харидаанд. Телефони мобилӣ ҳоҷати зикр ҳам надорад, зеро ҳоло хурду калон бе он як қадам ҳам намемонанд. Хуб аст доштани чунин техникаи ҳозиразамон, ки истифодааш ҷаҳонбинии талабаҳоро васеъ мекунад. Аммо компютербозӣ бояд танҳо баъди иҷрои вазифаҳои хонагияшон бошад. Ана ҳаминро волидон сарфи назар мекунанд. Гузашта аз ин, падарон аз кор, ки омаданд, сари компютер ё ноутбук мешинанд, модарон ҳам баъди фарҷоми ташвишҳои рӯзгор бо суҳбатҳои телефонӣ банд мешаванд, ба «Вайбер» ва «Имо» ворид шуда, гузашти вақтро фаромӯш мекунанд. Аз ҷумла, машғул шудан бо фарзандони мактабхонашонро. Ҳол он ки падар ё модар бегоҳ ё шаб ҳамагӣ як соат вақт ҷудо карда, аз мактабу хониши фарзанд пурсад, якҷоя дарс тайёр кунад, он донише, ки талаба дар мактаб гирифт, мустаҳкам мешавад, аз чунин таваҷҷуҳу дастгирии волидон рӯҳ гирифта, хубтар мехонад.
Вале, чуноне гуфтам, ба фарзандон кам аҳамият додани волидон, ки дар хона вақташон беш аз пеш сарфи интернет мешавад, воқеияти рӯзгори имрӯзаи мост. Ба ҳеҷ ваҷҳ ман масъулияти таълиму тарбияи хонандаҳоро пурра бар дӯши падару модарон бор карданӣ нестам. Танҳо ба он хотир ин суханҳоро гуфта истодаам, ки мо як мақсади умумӣ дорем – парваридани дониши хубу ахлоқи ҳамида дар ниҳоди насли наврас. Ва дар ин кор бидуни «туву ман» мададгори ҳамдигар бояд бошем.  
Шубҳае надорам, ки кулли падару модарон фарзанди худро аълохон дидан мехоҳанд. Агар ғайр аз он «ҳама шароити барояш фароҳамоварда» онҳо соате бо ӯ муоширати бевоситаро низ илова кунанд, солҳои мактабхонии худро ёд оварда, ёрию маслиҳаташ диҳанд, ҳамон тарафҳои секунҷаи дар ибтидо гуфтаам пурра пайваст мешаванд.  

Л. АБДУРАШИТОВА,  омӯзгори литсейи инноватсионии «Душанбе»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2019    №: 207    Мутолиа карданд: 601

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед