Хабарҳо
СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"
Anadolu Ajansi. Аз ин хусус маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар иртибот ба Рӯзи умумиҷаҳонии паҳнсозии ахбор оид ба сунами, ки ҳамасола 5 ноябр баргузор мегардад, интишор ёфтааст.
Бино ба маълумоти коршиносон, дар асри гузашта дар сайёра даҳҳо сунами ба қайд гирифта шуд, ки боиси марги садҳо ҳазор нафар гардид.
Калонтарин фалокати фоҷиабор заминҷунбии соли 2014 буд, ки 14 кишварро фаро гирифт. Маркази ҷунбишҳо ҳудуди соҳилии Индонезия буд. Тибқи маълумоти расмӣ, 230 ҳазор одам ба ҳалокат расид, хисорот $10 миллиардро ташкил дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 573