Хабарҳо
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал
Пас аз бозиҳои ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон – 2019 оид ба футбол дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» ба финал баромаданд.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии «Истиқлол» ва «Ҳулбук» - и Восеъ мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Вале туфайли ғалаба дар бозии аввал, «Истиқлол» ба финал роҳхат гирифт.
Дар вохӯрии дигар «Регар – ТадАЗ» дар майдони худ «Хуҷанд» - ро қабул намуд. Вақти асосӣ мисли бозии аввал мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Дар вақти иловагӣ низ мухлисон шоҳиди гол нашуданд. Дар задани зарбаҳои 11 - метра бошад, бахти футболбозони Турсунзода омад кард – 4:3.
Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон – 2019 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар – ТадАЗ» 24 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мешавад.
БОКС. Муҳаммадхӯҷа то ҳол шикастнопазир аст
Муштзани маъруфи тоҷик Муҳаммадхӯҷа Яқубов (59 килограмм) пас аз шикаст додани боксёри мексикоӣ Абраҳам Мантойя маротибаи сеюм унвони чемпионии худро тибқи фарзияи WBC International дифоъ кард.
Аз дақиқаҳои аввал то охири қувваозмоӣ бартарият пурра дар дасти боксёри тоҷик буд. Ҳатто, дар раунди чорум пас аз зарбаҳои пай дар пай Муҳаммадхӯҷа наздик буд, ки ҳарифашро ба нокаут фиристад, аммо садои гонг Абраҳамро аз ин шикасти мутлақ наҷот дод.
Ҳамин тавр, пас аз 12 раунд бо қарори доварон Муҳаммадхӯҷа ғолиб дониста шуд.
ҶОМИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН – 2019. «Кӯшон» пирӯзӣ ба даст овард
Дар варзишгоҳи «Пахтакор» - и шаҳри Бохтар бозии ниҳоии Ҷоми вилояти Хатлон – 2019 миёни дастаҳои «Моҳир» (Ёвон) ва «Кӯшон» (Кӯшониён) баргузор гардид.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи вилояти Хатлон, дар қувваозмоии финалӣ тими «Кӯшон» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Тӯби ягонаро Бахтиёр Иброҳимов дар дақиқаи 41 - ум ба ҳадаф расонд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1208