logo

иҷтимоиёт

ФАЪОЛИЯТИ 10 - СОЛАИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ПУРЗӮР НАМУДАНИ НИЗОМИ МИЛЛИИ МҚД/МТ/МПСҚО

Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба 10 - солагии таъсиси Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пурзӯр намудани низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО”  конфронси илмӣ - амалӣ баргузор гардид.

Конфронсро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оғоз бахшида, зикр кард, ки дар ҷаҳони муосир муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза алайҳи ин амали номатлуб тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. Дар ин радиф, бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалӣ дар самти мазкур аз тарафи кишварҳои бонуфузи ҷаҳон соли 1989 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо - машҳур бо номи ФАТФ таъсис дода шуд ва дар робита бо он тавсияҳои дахлдори ФАТФ таҳия ва қабул гардида, иҷрои онҳо тавассути мутобиқ намудани низоми миллии худ ба тавсияҳои зикршуда аз ҷониби аъзои давлатҳои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мутобиқ намудани низоми миллии  муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом ба тавсияҳои ФАТФ, тақвияти фаъолияти ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва боло бурдани нуфузу эътибори кишвар чораҳои заруриро амалӣ намуда, аз соли 2004 ҳамчун давлати аъзо ба яке аз гурӯҳҳои минтақавии ФАТФ - Гурӯҳи АвруОсиё шомил мебошад. Бинобар ин, соли 2008 аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқат ба тавсияҳои ФАТФ гузаронда шуда, тибқи натиҷаҳои он таъсис додани мақомоти кашшофии молиявӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.
- Дар ин радиф, ҷиҳати иҷрои талаботи тавсияҳои ФАТФ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 20 октябри соли 2009, № 724 дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Департаменти мониторинги молиявӣ таъсис ёфт ва тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 12 декабри соли 2017, № 966 Бонки миллии Тоҷикистон (Департаменти мониторинги молиявӣ) мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян гардид, - изҳор намуд раиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ ва МПСҚО, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода. Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоврада, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом кӯшиши зиёд ба харҷ додааст, ки аз иродаи қавии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар татбиқи тавсияҳои ФАТФ шаҳодат медиҳад.
Дар тӯли фаъолияти хеш дар доираи салоҳият ва вазифаҳои худ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо, ки ба таъмини амнияти иқтисодӣ, рушди низоми миллии кишвар дар ин самт равона гардидаанд, нақши муҳим бозидааст, - гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Директори Департаменти мони- торинги молиявӣ Фарҳод Билолов оид ба фаъолияти ҷории департамент дар самти МҚД/МТ/МПСҚО зикр кард, ки маҳз бо саъю кӯшиши мақомоти дахлдори кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар конфронс муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода, раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодӣ Ҳафиззода ва дигар намояндагони вазорату идораҳо саҳми Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистонро  дар самти МҚД/МТ МПСҚО назаррас арзёбӣ намуданд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.11.2019    №: 209    Мутолиа карданд: 185

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед