Хабарҳо
Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим
CNN. Бештар аз 11 ҳазор олим ҳушдор дод, ки дар сурати ба мушкили тағйири иқлим дигар нашудани муносибати инсон он метавонад «азиятҳои мудҳиш» орад.
Онҳо изҳор доштанд, ки сиёсатмадорон ба қабули тадбирҳо қодир нестанд.
Олимон шаш мушкили асосиро номбар карданд, ки ба хотири пешгирӣ аз фоҷиаҳои ҳалокатбор ба сари инсоният ҳал намудан зарур аст: ивази сӯзишвории истихроҷӣ, коҳишдиҳии партов ба атмосфера, кам истеъмол кардани гӯшт, барқарорсозӣ ва ҳифзи экосистема, роҳандозии иқтисод бидуни карбон ва ба эътидол овардани афзоиши аҳолӣ тавассути танзим.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1027