logo

Хабарҳо

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар XVIII мусобиқаи умумироссиягӣ оид ба бокс ба хотираи Устоди варзиши ИҶШС Дмитрий Панов  боксёри тоҷик Сиёвуш Зуҳуров дар вазни +91 килограмм сазовори медали тилло гашт.
Дар мусобиқа беш аз 80 варзишгари вилоятҳои Новосибирск, Омск, Кемерово, Сахалин, Челябинск, Иркутск ва минтақаи Алтайи Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат намуданд.

ЛИГАИ ОЛӢ. Барандаҳои медалҳои нуқра ва биринҷӣ муайян шуданд
28 - ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ анҷом ёфт. Бозиҳои даври ниҳоӣ бо чунин натиҷа ба анҷом расиданд:
«Регар - ТадАЗ» - «Хатлон» -  0:0
КМВА «Помир» - «Истиқлол» - 3:2
«Истаравшан» - «Хуҷанд» - 1:0
«Кӯктош»  - «Панҷшер» - 5:3
Чуноне қаблан хабар дода будем, дастаи «Истиқлол» пеш аз муҳлат унвони чемпиониро ба даст овард. Акнун, барандаҳои медалҳои нуқра ва биринҷӣ низ муайян шуданд, ки мутаносибан дастаҳои «Хуҷанд» ва «Регар - ТадАЗ» мебошанд.
Дар асоси низомномаи чемпионат, дастаи «Панҷшер», ки ҷои охирро ишғол кард, лигаи олиро тарк мекунад. Дастаи “Хатлон”, ки ҷои ҳафтумро гирифт, барои мондан дар лигаи олӣ бо барандаи медали нуқраи лигаи аввал бозии гузаришӣ анҷом медиҳад.
Ин мавсим низ ҳамлагари дастаи «Истиқлол» Шериддин Бобоев (16 тӯб) беҳтарин нишонзан шуд.

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1078

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед