logo

сиёсат

САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ФРАНСИЯ

7 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Франсия оғоз гардид.
Дар фурудгоҳи “Орли” - и Франсия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Франсия самимона истиқбол гирифтанд.
Барои пазироии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон горди фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар барафрохта шуданд.

Мулоқот бо Шоҳзода Карим Оғохони lV
7 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо Шоҳзода Карим Оғохони IV мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Ташкилоти Оғохон оид ба рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу муҳтавои ҳамкории воқеии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои шабакавии Хазинаи Оғохон оид ба рушд изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ омодагии худро барои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо иброз намуда, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, кишоварзӣ, сохтмон, рушди деҳот, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва андешидани тадбирҳоро дар самти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ муҳокима карданд.
Дар самти рушди иқтисодӣ ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, алалхусус тавассути Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (АКФЭД) ва ширкатҳои ҷамъиятию хусусии он дар Тоҷикистон, махсус таъкид гардид.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои робитаҳои дуҷониба дар самти татбиқи барномаҳои давлатию стратегӣ, ба монанди расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони пулҳо ва таъсиси бозорҳои байнимарзӣ дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон, саҳми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ барои рушди соҳаи маориф, баррасӣ гаштанд.

Вохӯрӣ бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия
7 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Франсия мулоқот карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидор бо ҳамватанон изҳори хушнудӣ карда, бо онҳо дар бораи пешравиҳои Ватан ва оид ба рӯйдодҳои муҳим дар кишвари маҳбубамон суҳбат намуданд.
Таъкид гардид, ки имсол мардуми кишвар 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, барои истиқболи сазовори 30 - солагии ин санаи муҳим талош меварзанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ мардуми шарафманди ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардиданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, ҳамкории зичу пурсамари Ҳукумати мамлакат бо аксари кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ андеша ронданд.     
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни Пешвои миллат ва намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия суҳбати самимӣ доир шуд.
Иштирокчиёни мулоқот ба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳи беандозаашон нисбат ба ҳамватанон изҳори сипос карданд.

Суҳбат бо соҳибкорон ва сармоягузорони Франсия
7 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия мулоқот карданд.
Дар рафти он дурнамои ҳамкорӣ ва имконоту иқтидори Тоҷикистону Франсия барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия Кристофф Фантен ифтитоҳ кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва муаррифии имконоти сармоягузории Тоҷикистон мулоқоти имрӯзаро омили муҳими рушду тавсеаи ҳамкорӣ байни намояндагони соҳаҳои гуногуни ду кишвари дӯст арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои шарикӣ бо Франсия баҳои баланд медиҳад ва рушди равобити судманд бо онро дар сиёсати хориҷии худ аз самтҳои муҳим мешуморад.
Пешниҳод гардид, ки барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои  судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар тавсеаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар бахшҳои ояндадор, аз қабили рушди минбаъдаи гидроэнергетика, инфрасохтори транзитӣ, саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ ва химиявӣ, мошинсозӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ то ба содирот баровардани он, амалӣ карда шаванд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ширкатҳои ду кишвар баррасӣ гардида, таъсиси Агентии рушди Франсия дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Таъкид гашт, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 ширкату коргоҳҳои фаронсавӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Дар ҷараёни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Франсия захираҳои бойи табиии Тоҷикистон, аз қабили об, сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга ва сиёҳ, инчунин, дигар канданиҳои фоиданок, имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, парвариши меваҳои баландсифат, сабзавот ва пахта, муаррифӣ карда шуданд.
Дар чорабинӣ аз тарафи Франсия намояндаи махсуси Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия оид ба Осиёи Марказӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои бонуфузи «Аэробус» (AIRBUS) Клустер Монтейҷн (CLUSTER MONTAGNE), «Фивз» (FIVES), «Групп Иннитера» (GROUP INNITHERA), «Сафран» (SAFRAN), «Шевер» (SCHIEVER), «Талес» (THALES), «Тотал» (TOTAL), «Трактебел Инҷиниринг» (TRACTEBEL ENGINEERING) ва «Медеф Интернасионал» (MEDEF INTERNATIONAL) баромад карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ баҳои баланд доданд ва ҳавасмандии худро баҳри иштирок дар рушду густариши иқтисодиёти Тоҷикистон иброз доштанд. 
Аз доираҳои соҳибкорию сармоягузории Франсия даъват ба амал оварда шуд, ки ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо имкониятҳои тиҷоратию сармоягузории кишвари мо аз наздик шинос шаванд.
Дар мулоқот байни ҷонибҳо мубоҳисаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ сурат гирифт.
Дар ҳамин ҷо барои рушду густариши муносибатҳои тиҷоратӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонда шуданд:
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷинвест" ва Ассотсиатсияи "MEDEF International" - и Ҷумҳурии Франсия.
Созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати “Талко” - и Тоҷикистон ва ширкати фаронсавии «Фивз» (Fives) бо маблағи 200 миллион евро, дар марҳилаи аввал 52 миллион евро барои таҷдиди коргоҳи анодпазии “Талко”. Мавриди зикр аст, ки 45 сол қабл коргоҳи анодпазӣ аз тарафи ширкати “Фивз” сохта шуда буд.
Созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ байни ширкати «Талко», ширкати фаронсавии «Фивз» (Fives) ва ширкати олмонии «Риедҳаммер» (Riedhammer) оид ба воридоти технологияи муосир барои коргоҳи анодпазии ширкати «Талко».
Созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати “Аэробус”- и аврупоӣ ва ширкати ҳавопаймоии “Сомонэйр”- и Тоҷикистон оид ба ворид кардани чархболҳо.
Мавриди зикр аст, ки ширкати “Сомонэйр” аллакай як адад чархболро ба Тоҷикистон овардааст ва боз 5 чархболи дигар ворид мегардад.
Созишномаи байни ширкати фаронсавии “Лаборатория ИННОТЕК интернасионал” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сифат ФАРМА”- и Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фармасевтӣ.
Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амид”- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Шивер Групп”- и Ҷумҳурии Франсия оид ба ташкил намудани маркази савдо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ва Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии “ITC School Ecole42”.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2019    №: 210    Мутолиа карданд: 581

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист

Дар Ӯзбекистон таҳияи сенарияи ягонаи тӯйҳоро пешниҳод доранд

Ҷаҳон дар як сатр

04.11.2019


Вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо

Ҷаласаи Шӯрои миллии рушди маориф баргузор шуд

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон

Чин ва ИМА масоили асосии созишномаи тиҷоратиро мувофиқа намуданд

Соли гузашта дар дунё 8 ҳазор амали террористӣ руй дод

Қазоқистон таъсиси Шӯро оид ба рушди иқтисоди рақамӣ дар СҲШ - ро пешниҳод кард

Барномаи ҳамкории иқтисодии кишварҳои СҲШ то соли 2035 қабул шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед