Хабарҳо
МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, чор хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои таълимӣ, ки аз 27 октябр то 5 ноябри соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, сазовори се медали тилло ва як ҷои ифтихорӣ шуданд.
Чуноне гуфта мешавад, хонандагони муассисаи таълимии ғайридавлатии "Гулчини маърифат" - и шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Ҷӯраев, Манучеҳр Турсунов, талабаи Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Фараҳноз Назирова сазовори медалҳои тилло ва хонандаи МТМУ № 2 Шаҳзода Ваҳҳобова соҳиби ҷои сеюм шуд.
Бино ба гуфтаи масъулон, барои ин дастовард хонандагон ва омӯзгорони онҳо аз тарафи шаҳрдорӣ низ қадр карда мешаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2293